Аз он давра муваффақиятҳои зиёде ба чашм мерасанд: шабакаи 4G ҳазорҳо муштариёни худро дар тамоми Тоҷикистон ёфт намуд, номгӯи дастгоҳҳое, ки дар стандарти 4G кор мекунанд, афзуд, минтақаи фарогирӣ мустаҳкам ва васетар шуд.
Аз моҳи июни соли 2015 – ғунҷоиши иловагӣ ба миқдори 28% тариқи созиш додани пойгоҳҳои нави 4G LTE Band 20 изофа шуд, ки суръати Интернети 4G-и Шуморо устувор ва бҳтар намуд! Акнун алоқаи 4G дар ин минтақаҳо боз ҳам мӯътабартар ва босуръаттар гардид!
Дар моҳи декабри соли 2017, интернети баландсуръати 4G ба сокинони Норак дастрас шуд!
Tcell дар ин роҳи гирифтааш ба самти қуллаҳои нав равона аст. Дар нақша – бо шабакаи 4G фарогирии тамоми ҷумҳурӣ. Дар рӯзҳои наздик 4G дар дигар шаҳрҳои калони Тоҷикистон пайдо мшавад.
Тарофаҳо ва дастггоҳҳо
Ҳангоми оғози кори шабака Tcell ҳамагӣ ду намуди дастгоҳро, ки дар стандарти 4G кор мекарданд, пешниҳод кардан метавонист: USB-модем ва WiFi-роутер.
Имрӯз бошад ширкат ба муштариён ду намуди дастгоҳҳоро, ки дар шабакаи 4G кор мекунанд, пешкаш менамояд: 4G USB модем Huawei E3272 ва 4G WiFi роутери ZTE MF253.
Дар шабакаи мағозаҳои Tоjset муштариён метавонанд смартфонҳо ва планшетҳое, ки шабакаи 4G-ро дастгирӣ менамоянд, харидорӣ карда, соҳиби бонусҳои иловагӣ ба мисли бастаҳои дақиқаҳо ва МБ аз ширкати Tcell шуда метавонанд.
Махсус барои истифодабарандагони шабакаи 4G ду тарофа пешниҳод карда мешавад: «Интернет 4G 2016» ва «Белимит 4G 2016». Ҳозир бошад истифодабарӣ аз алоқаи насли чорум боз ҳам осонтар шуд: соҳибони смартфонҳо, ки дар шабакаи 4G кор мекунанд, метавонанд яке аз Интернет-опсияҳои G-ро пайваст намуда, аз тамоми бартариятиҳои интернети босуръат истифода баранд.
Имкониятҳо
Дунё ҳар сония дигаргун мешавад. Намуди истифодабарии интернети мобилӣ низ иваз мешавад. Акнун тамоми суратҳо, фаъолият дар шабакаҳои иҷтимоӣ, хондани матнҳо барои мо кам аст. Мо мехоҳем якбора ва барқвор видеоконтентро сабт намоем: роликҳо, филмҳо, бо тасвири баландсифат. Технологияи LTE дар байни истифодабарандагони интернети мобилӣ дар тамоми ҷаҳон ҳамарӯза маъмултар мегардад. Истифодабарандагон аз шабакаҳои наслҳои дуюм ва сеюм ба 4G мегузаранд. 4G-шабакаҳо (ё LTE) – интернети мобилиест, ки суръаташ аз суръати шабакаи 3G 5 баробар зиёдтар аст. Он аз интернети ноқилии оддӣ ё Wi-Fi фарқ надорад: кушодашавии сомонаҳо, файлҳо, мусиқӣ, видео, бозиҳо ва гузоришҳо дар муддати хеле кӯтоҳ гузаронида мешаванд.
Муқоиса | 2G | ADSL | 3G | 4G |
---|---|---|---|---|
Саҳифаи сомона | 50 сония | 10 сония | 3-5 сония | 1-2 сония |
Мусиқӣ (то 5 MB) | 10 дақ. | 4 дақ. | 10-20 сония | 3-4 сония |
Видео ролик (то 25 MB) | 50 дақ. | 15-20 дақ. | 1-2 дақ. | 13 сония |
Филмҳо (то 750 MB) | 21 с. | 10 с. | 30-40 дақ. | 7 дақ. |
HD видео (1500 MB) | 42 с. | 20 с. | 1 с. | 14 дақ. |
Суръати максималии саӣт метавонад то 50 Мбит/с расад. Суръати миёна барои муштариён метавонад пасттар бошад ва аз баъзан омилҳо вобаста аст:
Чопи саҳифа
Доимо хабардор бошед
Ахбороти Tcell ва пресс-релизҳо
дар ин ҷо
Барои тамос бо мутахассисони ширкат тариқи воситаҳои бароятон қулай муроҷиат намоед
Восита барои интихоби интернети муфид
Ҳангоми пайдо шудани саволҳо ба онлайн-хадамоти дастгири мурочиат намоед