Хабарҳо

Тақдими тӯҳфаҳо ба ғолибони даври аввали иқдоми «Пардохти муваффақ» аз Тсеll


Дар Душанбе ва Хуҷанд маросими эътои ҷавоиз ба барандагони аксияи бебохти “Пардохти муваффақ” аз ширкатҳои Tcell ва Hyundai баргузор шуд. Сарвари кулли ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев ғолибони иқдомро дар Душанбе бо ҷоизаҳо сарфароз гардонд. Дар Хуҷанд бошад, аснои баргузории намоишгоҳи байналмилалии “Суғд-2019”, ки Tcell шарики асосии ҳамоиш буд, эътои ҳадяҳо ҷараён гирифт.

Марҳилаи аввали аксия аз 1 май то 15 июн идома кард. Дар марҳилаи аввали аксияи “Пардохти муваффақ” аз Тсеll 10 барандаи ҷоизаҳо тавассути қуръапартоӣ муайян шуданд. Ҳамаи муштариёни ширкати Tcell аз саросари Тоҷикистон, ки ба тавозуни телефони мобилиашон аз 10 сомонӣ бештар маблағ гузарониданд, ба таври худкор (автоматӣ) иштирокчии иқдом гардиданд. Дар ин давр иштирокчиён 5 телефони ҳушманд (смартфон)-и  Samsung A30, 3 Smart TV Samsung, 1 MacBook ва 1 мошини сабукрави Hyundai Accent-ро бурд карданд!

Ҳамин тавр, Искандар Исоев- сокини ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон тариқи қуръапартоии рақамҳои тартибӣ нахустин барандаи шоҳҷоиза, яъне нақлиёти сабукрав гардид. Ӯ аз рӯи ихтисос байтор (духтури ҳайвонот) буда, хатмкардаи Донишгоҳи кишоварзӣ аст. Ба қавлаш дар зодгоҳ ба кишоварзӣ шуғл меварзад. Искандар ҳамагӣ 11 ID-рақам дошт, ки дар бозӣ иштирок карданд. Ӯ то охир бовар намекард, ки барандаи шоҳҷоиза мегардад. Бахт ба рӯяш хандиду ҳоло соҳиби мошини гаронарзиши “Hyundai” шуд. 

«Ман фикр намекардам, ки як чунин имконият ҳаст, охир ман ҳамагӣ 11 ID-рақам доштам. Вақте аз ширкат ба ман занг зада гуфтанд, ки шумо ғолиби иқдом шудеду мошин бурд кардед, ҳатто бовар накардам. Ҳоло калиди мошин дар дастам аст ва худро воқеан хушбахт эҳсос менамоям! Ташаккур ба Tcell барои як чунин иқдомҳо!», мегӯяд Искандар Исоев.

Рӯйхати пурраи ID-рақамҳое, ки ҷоизаҳоро буридаанд дар ин нишонӣ мавҷуд аст: https://www.tcell.tj/content/news/successful-payment/

Пас аз анҷоми даври аввали аксияи «Пардохти муваффақ» марҳилаи дуюми иқдом (аз 15 июн то 29 июл) оғоз гардид. Иқдоми «Пардохти муваффақ»  бебохт аст, зеро муштарие, ки дар он иштирок мекунад, ҳеч гуна маблағи иловагӣ сарф наменамояд, барои иштирокчӣ шудан танҳо кофӣ аст, ки муштарӣ ба тавозуни телефони мобилиаш аз 10 сомонӣ бештар маблағ гузаронад. Маблағи муштарӣ дар тавозуни ӯ боқӣ мемонад, аз он комиссия ҳисобида намешавад ва муштарӣ онро барои интернет ва ё пайвастшавӣ ба дигар хизматрасониҳо сарф карда метавонад.

Барои ҳар як 10 сомонӣ ба муштарӣ SMS-паёмак бо ID-рақами инфиродӣ ирсол мегардад ва баъдан ин рақамҳо дар бурди ҷоизаҳо иштирок менамоянд. Таври мисол, агар Шумо ба тавозунатон 50 сомонӣ гузаронед, соҳиби 5 ID-рақам хоҳед шуд.

Тавозуни худро ба 10 сомонӣ пур карда, иштирокчии иқдом шавед! Ҷоизаҳо ва шоҳҷоиза дар даври дуввум ва марҳилаи сеюм Шуморо интизоранд!

Тафсилоти бештар дар бораи шартҳои иштирок дар иқдоми “Пардохти муваффақ” аз Tcell дар пайванди зер:

https://www.tcell.tj/content/news/conditions-of-the-promotion-successful-payment/

Tcell -- бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.


1.JPG


3.JPG


5.JPG

2.JPG

4.JPG
1728

Tcell – шарики расмии Намоишгоҳи байналмилалии “Суғд-2019”!


Ширкати Tcell ҳамчун шарики асосии телекомуникатсионии Намоишгоҳи байналмилалии  “Суғд-2019”

Дар маркази маъмурии шимоли Тоҷикистон Намоишгоҳи шашуми байналмилалии тиҷории “Суғд-2019” баргузор гардид. Ба ғайр аз корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ дар ин ярмарка муассисаҳои тавлидотии кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Беларус, Қирғизистон, ИМА ва дигар мамолик молу колову дастовардҳои тиҷоратиашонро  ба намоиш гузоштанд. Тайи рӯзҳои баргузории форуми “Суғд-2019” ҳудуди 45 созишномаву тавофуқоти ҳамкорӣ, аз ҷумла миёни Тоҷикистону Чин, ҶТ ва Ӯзбекистон ва ҳамкорон аз Беларусу Русия ва Туркманистону Афғонистон ба тасвиб расид.

Бояд тазаккур дод, ки намоишгоҳи мазкур рӯйдоди бузург дар ҳаёти соҳибкории Тоҷикистон маҳсуб ёфта, майдони муаррифии дастовардҳои корхонаву муассисаҳост. Зимни ин намоишгоҳ ҳамасола даҳҳо шабакаи ҳамкорону шарикон тавсеа ёфта, шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасанд. 

Тибқи анъана, ширкати Tcell ҳамчун шарики аслии намоишгоҳ дар ҳама чорабиниҳои форумиштирок намуда, имконот ва зарфиятҳои ширкатро барои ироаи алоқаи боэътимоду пешниҳоди хизматрасониҳо муаррифӣ кард. Дар нуқтаи вижа (павилон) иштирокчиён ва меҳмонони намоишгоҳ имконият доштанд, ки ба сурати зуду фаврӣ SIM-корт бигиранд, тавозуни мобилиашонро пур кунанд ва аз WiFi-и баландсуръати ширкати мобилии Тсеll истифода намоянд. Ҳамаи меҳмонони намоишгоҳ барои анҷоми умури тиҷорат ва гуфтушунидҳои соҳибкорӣ бо алоқаи босифати Tcell таъмин гардида буданд.

Пас аз анҷоми қисмати расмии намоишгоҳ, ширкати  Tcell миёни иштирокчиён ва муштариёни корпоративӣ бозии бурднокро бо туҳфаҳои арзишманд доир кард.   Намояндагони Tcell бошанд, дар ин бахш ба ғолибони иқдомҳои “Пардохти муваффақ” ва “Ҷомадони бунафш” аз вилояти Суғд бурдҳояшонро тақдим намуданд. 

Ҳамчунин, барои иштиркчиён ва меҳмонони намоишгоҳ муаррифии сабки нави молӣ (бренд) ва фаъолияти ояндаи ширкати Тсеll муаррифӣ гардида, тарзи истифодаи ҳамёни мобилии ТезСум, ки тарҳи муштараки ширкат ва Аввалин бонки молиявии хурд мебошад, намоиш дода шуд. Зимнан, меҳмонону иштирокчиёни форуми тиҷорӣ имконияти бо таҷҳизотҳои муосири технологии шарики Tcell –  «Rabex» ошно гаштанро доштанд. 

Ширкати мухобиротии Tcell, ки яке аз бахшҳои Фонди Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ   (AKFED) мебошад, фаъолияташ ростхатта ба бунёди корхонаҳои устувори иқтисодӣ ва қадршиносии соҳибкорон нигаронида шудааст. Дар ҳошияи умури иҷтимоии худ, Tcell ба гунаи фаъол аз соҳибкорон ва соҳибкорӣ дар кишвар пуштибонӣ карда, саҳми худро дар рушди иқтисод мегузорад. 

Tcell - бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

1.jpg

2.jpg

3.jpg

4.jpg

5.jpg
1313

«Ҳафтаи бизнес барои бонувон» дар Кӯлоб бо дастгирии Tcell!


Аз 17 то 21 июни соли равон дар шаҳри Кӯлоб “Ҳафтаи бизнес барои бонувон”, ки бо ибтикори American Space Kulob ва пуштибонии ширкати мухобиротии Tcell сурат мегирад, доир хоҳад шуд. Тӯли як ҳафта беш аз 20 зани маҳаллӣ аз Кӯлоб асосҳои тиҷорат, ояндабинӣ (банақшагирӣ), рушд ва пешбурди бизнеси инфиродиро дар ин ҳамоиш меомӯзанд.

Ширкати телекомуникатсионии Tcell, яке аз бахшҳои Бунёди Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) буда, ҳамчун анъана чорабиниҳои марбути рушди соҳаи соҳибкорӣ, тиҷорат ва иқтисодиёти кишварро дастгирӣ менамояд. Барои Tcell дар ин росто ҳадафи асосӣ- муттаҳидсозии одамон ва аъзои ҷомеъа буда, бо ин васила саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодиёт маҳсуб мегардад

Дар «Ҳафтаи бизнес барои занон» дар Кӯлоб бештар аз 20 бонуи минтақа ширкат хоҳанд кард: миёни онҳо соҳибхоназанон, намояндагони тиҷорати хурду миёна ва донишҷӯён низ ҳастанд. Тайи як ҳафта иштирокдорони нишаст дарси асосҳои соҳибкориро аз Мактаби тиҷоратии “55 Group” гирифта, донишҳои худро дар ин ҷода тақвият медиҳанд.   Мавзӯоти аслии омӯзишӣ дар курс- тарҳрезӣ, роҳандозӣ ва банақшагирии тиҷорат буда, тарзи тарғиби молу коло дар шабакаҳои иҷтимоӣ тавассути диҷитол ва василаҳои ҷадиди онлайниро дар бар мегирад. 

Баъди ба анҷом расидани “Ҳафтаи бизнес барои бонувон” дар Кӯлоб иштирокчиён метавонанд нақшаи тиҷорату соҳибкории худро таҳия карда, тарзи татбиқи онро тавассути абзорҳои мушаххас нишон диҳанд.  

Мавқеъи занон дар ҷомеъа сол аз сол бештар гардида, аҳамияти зиёдро ба худ касб мекунад: бонувон бештар тарзи ҳаёти солимро пеша карда, дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар саҳми боризи худро мегузоранд. Онҳо бо ин роҳ ба пешрафти кишвар дар ҳама бахшҳо ёрии худро дареғ намедоранд.

Tcell – ширкати масъулияти иҷтимоидошта аст ва бар пояи роҳбурди корӣ (стратегия)-и худ имкониятҳои навро барои бонувон муҳайё сохта, барои тақвияти нақши онҳо дар ҷомеъа мусоидат менамояд. 

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

1.jpg

2.jpg

3.jpg

4.jpg
1368

Аввалин барандагони ҷоизаи вижаи «Ҷомадонҳои бунафшӣ» аз Tcell маълум шуданд!


5 ҷомадони зебои бунафшранг аллакай ба соҳибонашон супурда мешаванд, ки онҳо тавассути генератори ададҳои тасодуфӣ муайян гардиданд https://bit.ly/2L565u3! Бурди ҷоиза- ҷомадонҳои бунфшранг ҳар моҳ миёни онҳое, ки аз роуминги “Воқеӣ” ва “Осон” ба маблағи беш аз 100 сомонӣ истифода мекунанд, доир мегардад.

Дар охири сол бошад, ғолибонро боз як сюрприз- имконияти бурди роҳхати туристӣ ба яке аз самтҳои беҳтарин ҷаҳонгардӣ дар дунё интизор аст!  

Муфассал дар бораи роуминги «Воқеӣ ва Осон»: https://bit.ly/31MptSz
1334

Тарифи нави интернет дар роуминг.


Муштарии муҳтарам! Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки аз 1-ми июли соли 2019 тарифи нави интернет дар роуминг (интиқоли маълумот) дар Қазокистон, Қирғизистон, Чин ва Афғонистон 2 сомонӣ барои 1 мегабайт ҷорӣ карда мешавад.
1365

Ғолибони марҳилаи аввали иқдоми “Пардохти муваффақ” аз Tcell муайян шуданд!


Даври аввали иқдоми бузургмиқёси бебохти “Пардохти муваффақ” аз Tcell ва Hyundai ба охир расид! Дар ин марҳила 10 барандаи тӯҳфаҳо муайян шуданд, ки “пардохти муваффақ” –ро анҷом додаанд. Онҳо 5 телефони ҳушманди Samsung A30, 3 Smart TV Samsung, MacBook ва сабукрави тамғаи Hyundai Accent-ро бурд карданд!

Марҳилаи аввали аксия аз 1 май то 14 июн идома ёфт. Ҳамаи муштариёни ширкати Tcell аз саросари Тоҷикистон, ки ба тавозуни телефони мобилиашон аз 10 сомонӣ бештар маблағ гузарониданд, ба таври худкор (автоматӣ) иштирокчии иқдом гардиданд.   Қуръакашӣ барои муайян кардани барандагони иқдом дар дафтари марказии Tcell дар шаҳри Душанбе ва бо ҳузури муштариёну тамошобинон, намояндагони ширкату хабарнигорон сурат гирифта, тавассути барномаи мустақими радиои “Ватан” пахш гардид. 

10 ғолиби даври аввали иқдом тариқи қуръакашӣ дар таҷҳизоти автоматӣ, ки бо системаи омехта, тубчаи рақамгузоштаро (ва он дар маҷмӯъ ID-рақами муштариро ташкил дод) пешниҳод мекунад, муайян карда шуд. Ҷуғрофиёи барандагони тӯҳфаҳо хеле бузург аст: онҳо муштариёни Душанбе, Спитамен, Хуҷанд, Шаҳритус, Панҷакент ва Ҷайҳун мебошанд. Ҷоизаи асосӣ- автомобили Hyundai Accent насиби муштарӣ аз ноҳияи Восеъ гардид!
Рӯйхати пурраи ғолибон, ки ID-рақамашон бурд кардааст, дар сомонаи расмии ширкат: https://www.tcell.tj/content/news/successful-payment/ мавҷуд аст.

Дар зудтарин фурсат намояндагони Tcell ба ғолибон тамос гирифта, онҳоро ба маросими эҳдои тӯҳфаҳои иқдоми “Пардохти муваффақ” даъват менамоянд ва мо имкони дидани чеҳраи барандагонро пайдо хоҳем кард! 

Пас аз ба анҷом расидани марҳилаи аввали иқдоми “Пардохти муваффақ” даври дуюми аксия оғоз гардида, он то 29 июл идома меёбад. Бурди ҷоизаҳо рӯзи 30 июл сурат мегирад. Дар ин марҳила низ иштирокчиёни аксия имкони бурди 5 смартфони Samsung A30, 3 Smart TV Samsung, MacBook ва аз ҳама асосӣ мошини Hyundai Accent-ро доранд. Даври ниҳоӣ бошад аз 30 июл то 10 сентябр ҷараён гирифта, теъдоди ҷоизаҳо афзоиш меёбад: дар марҳилаи охир 10 телефони ҳушманди Samsung A30, 4 Smart TV Samsung, 3 MacBook ва автомобилӣ Hyundai Accent ба бозӣ гузошта мешавад.

Барои иштирокчии аксия шудан фақат зарур аст, ки ба тавозуни телефонатон 10 сомонӣ ва ё бештар аз он маблағ гузаронед. Барои ҳар як 10 сомонӣ ба муштарӣ SMS-паёмак бо ID-рақами инфиродӣ ирсол мегардад ва баъдан ин рақамҳо дар бурди ҷоизаҳо иштирок менамоянд. Таври мисол, агар Шумо ба тавозунатон 50 сомонӣ гузаронед, соҳиби 5 ID-рақам хоҳед шуд.

Иқдоми «Пардохти муваффақ» - бебохт аст, зеро муштарие, ки дар он иштирок мекунад, ҳеч гуна маблағи иловагӣ сарф наменамояд. Маблағи муштарӣ дар тавозуни ӯ боқӣ мемонад, аз он комиссия ҳисобида намешавад ва муштарӣ онро барои интернет ва ё пайвастшавӣ ба дигар хизматрасониҳо сарф карда метавонад.

Тавозуни худро ба 10 сомонӣ пурра карда, соҳиби ID-рақами инфиродӣ ва иштирокчии аксия шавед! Шояд ҳамин пардохти Шумо муваффақ мешавад!

Муфассал дар бораи шартҳои баргузории иқдоми “Пардохти муваффақ” дар сомонаи расмии ширкат:
 https://www.tcell.tj/content/news/conditions-of-the-promotion-successful-payment/

Tcell - бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

1.JPG

2.JPG

3.JPG

4.JPG
1635

Муштарии мухтарам! Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки аз 25.06.2019 ба тарофаи Интернет тағйирот ворид мегардад.

Ҳамаи зангҳои воридоти ва СМС-ҳои содиротӣ баста мешаванд.
Агар Шумо истифода барандаи баронами «ЧиГап» бошед, тарофаи Шумо ба тарофаи «Аввалин 2016» иваз карда мешавад.
Маълумоти бештар оиди тарофаи  «Аввалин 2016» дар сомонаи  https://www.tcell.tj/tj/rates/tarofahoi-arhivi/tarofai-avvalin-2016.php.
1646

Tcell шарики баргузории Намоишгоҳи байналмилалии тиҷоратии «Суғд-2019» мешавад!


Рӯзҳои 21 ва 22 июни соли 2019 шашумин Намоишгоҳи байналмилалии тиҷоратии “Суғд-2019” баргузор мегардад! Чун шарики анъанавӣ, Tcell барои ҳамаи иштирокчиён ва меҳмонони маросими мазкур таъмини алоқаи боэътимодро ба зимма гирифта, ҳамзамон маҳсулоти худӣ ва хизматрасониашро барои муштариёни корпоративӣ ва ҳамшарикон пешниҳод месозад.

Маврид ба ёдоварист, Тcell ҳамасола аз баргузории Намоишгоҳи байналмилалии “Суғд” пуштибонӣ карда, ин дастгирӣ ба анъана табдил ёфтааст. Дар соли гузашта (2018), ширкати Tcell барои беш аз 5000 меҳмон ва 300 иштирокчии ярмарка аз гӯшаву канори Тоҷикистон ва меҳмонон аз кишварҳои дуру наздик алоқаи мобилиро дар ҷараёни намоишгоҳ таъмин намуд. Он замон, баъди ҷамъбасти намоишгоҳи “Суғд” дар шаҳри Хуҷанд беш аз 100 шартномаи дохилӣ, ёддошт ва ҳусни тафоҳум миёни ҳамкорон (шарикон) ба тасвиб расида буд. 

Имсол, дар намоишгоҳи «Суғд-2019» иштироки меҳмонон ва ширкатдорон бештар дар назар гирифта шудааст. Дар ин чорабинӣ истеҳсолкунандагон ва тавлидгарони маҳсулоти кишоварзӣ, намояндагони корхонаҳои бузурги саноатӣ, бонку муассисаҳои молиявӣ, ширкатҳои нақлиётӣ, логистикӣ ва иртиботот, расонаҳо ва ғайра иштирок хоҳанд кард. Тсеll ҳамчун пешоҳанги бозори коммуникатсияи Тоҷикистон, махсусан дар бахши хидматрасонии корпоративӣ барои бештари  корхонаву муассисаҳое, ки дар намоишгоҳи “Суғд” ширкат меварзанд, алоқаи боэътимодро пешниҳод месозад. Ин раванд дар вилояти Суғд дар қиёс ба дигар манотиқ чашмрастар ва воқеъбинона аст.

Дар намоишгоҳи байналмилалии «Суғд-2019» инчунин иштироки доираҳои тиҷҷорӣ ва коршиносон аз Федератсияи Русия, Узбекистон, Қирғизистон Қазоқистон, Белорус, Чин, Корея, Покистон, Ҳиндустон, Лаҳистон ва Сербистону дигар кишварҳо дар назар дошта шудааст.

Ҳамаи иштирокчиёни форуми тиҷории “Суғд-2019” бо алоқаи баландсифати Тcell таъмин гардида, меҳмонони намоишгоҳ ва намояндагони доираҳои ҳирфаӣ аз WiFi-и баландсуръат истифода бурда метавонанд. Барои таъмини ин кор дар макони баргузории ярмарка шабакаи махсуси ширкат фаъол хоҳад шуд.

Ҳамчунин, ширкати Tcell дар ин намоишгоҳ чанд мизи мудавар ва муаррифии маҳсулоти худиро дар ҳошияи он роҳандозӣ менамояд. Меҳмонону иштирокчиён бо сабк (тамға)-и ҷадиди Тсеll ошно гардида, бо стратегияи фаъолияти он шинос хоҳанд шуд. Зимнан, ҳамёни ТезСум, ки маҳсулоти нави муштараки ширкати Tcell ва Аввалин Бонки молиявии Хурд барои замимаҳои телефонҳои ҳушманд аст, муаррифӣ мешавад.   

Намоишгоҳи байналмилалии «Суғд» аллакай дар кишвар шинохта шуда, дар доираҳои иқтисодӣ сазовори баҳои баланд гардидааст. Воқеъан, ярмаркаи мазкур барои корхонаву муассисаҳои иқтисодӣ, тоҷирон ва коршиносони молиявӣ майдони радду бадал, ба роҳ мондани ҳамкорӣ, имзои созишномаву муоҳадаҳои ҳамкорӣ маҳсуб меёбад.

Ҳамасола дар ин намоишгоҳ даҳҳо санади ҳамкорӣ тасвиб мешаванд, ки он барои пешрафти иқтисоди кишвар ва беҳсозии вазъи иҷтимоии Тоҷикистон мусоидат карда, дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва сеҷонибаи ҳамшариконро муайян месозад.

Намоишгоҳи байналмилалии «Суғд-2019» бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Палатаи тиҷорат ва саноати Тоҷикистон, инчунин пуштибонии шарикони рушд ташкил мешавад. 

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

SM_EXPO.png

1314

Tcell беш аз 1000 кӯдакро дар рӯзи ҷашнашон табрик кард!

Июн – моҳи дӯстдоштаи бачаҳост: соли таҳсил маҳз дар ин моҳ ба анҷом мерасад, сайру саёҳат ва бозӣ дар ҳавои тоза ва аз ҳама асосиаш дар ин моҳ мо Рӯзи ҳимояи атфолро таҷлил менамоем! Tcell Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро қайд кард: аксияҳо баргузор шуданд, консерт ва ҷамъомадҳои дигар сурат гирифтанд, дар ҳама гӯшаву канори мамлакат ба тифлакон ҳар гуна ҳадяҳо тақдим гардиданд! Беш аз 1000 нафар тарбиягирандагони хонаи бачагон, мактау боғчаҳо имкон пайдо карданд, ки ин рӯзро хотирмон таҷлил намоянд.

Дар доираи масъулияти иҷтимоии худ, ширкати Tcell ба қишри камбизоати Тоҷикистон дасти кӯмак ва хайрхоҳӣ дароз мекунад. Кормандони Tcell ба парваришгоҳу интернатҳои кӯдакони имконияташон маҳдуд ва мактабҳо рафта, тарбиягирандагони ин ҷойҳоро бо тӯҳфаҳои идона хурсанд карданд. 

Дар ноҳияи Вахш Tcell ба хонаводаи Назировҳо, ки 12 сол боз кӯдакони шунавоиашон суст ва гунҳоро дарс медиҳанд, рафт. Дар ин ҷо зану шавҳар ба шогирдони худ бо забони имову ишора ҳарф задан, табиати атрофро шинохтан ва дарки маъниҳоро меомӯзонанд. Дар ҳоли ҳозир дар ин оила 25 кӯдак зиндагӣ карда, тарбияву таълим мегиранд. Tcell ба ҳар кадоме аз хонандагони ин ҷо тӯҳфаҳои вижа ва хотирмон тақдим кард.  

Дар шаҳри Бохтар намоиши саҳначаи ҳаҷвии театри Лӯхтак “Афсона” баргузор гардида, Тcell беш аз 100 кӯдаки имконияташон маҳдудро ба тамошои он овард. Онҳо аз таҳти дил шодиву хурсандӣ карда, пас аз анҷоми намоишнома аз шириниҳои тӯҳфашуда нӯши ҷон карданд. 

Ҳамчунин, дар Бохтар тарбиягирандагони мактаб-интернати махсуси рақами 5 аз Тсell ҷиҳози мактабӣ, аз қабили ҷузвдон, молҳои канселярӣ ва либоси мактабӣ гирифтанд. 

Дар Хуҷанд бошад дари боғи фароғатӣ-фарҳангии маҳалали 18-ум барои кӯдакони имконияташон маҳдуд боз гардида, бо пуштибонии молии Тсеll беш аз 150 тифл дар арғунчаку атраксион ва майдонҳои ин боғ бозӣ карданд.   

Ҷашнвораи бузурги бачагона, ки бо мусоидати Tcell дар Хоруғ, дар боғи марказии вилоят доир шуд, то дер гоҳ аз хотири бачаҳо зудуда нахоҳад шуд. Ид як рӯзи дароз давом кард ва ворид гардидан ба боғ на фақат барои атфол, балки барои ҳамаи хоҳишмандон комилан ройгон буд.  Дар ҳавои фораму тозаи боғ кӯдакон хушнудӣ карда, ба бозиҳои гуногун машғул шудан. Ба ғайр аз ин, дар боғ озмуни рассомони хурдсол баргузор гардида, ҳамаи кӯдакон асарҳои худро пешниҳод намуданд. Аснои ҷоизагирӣ қариб касе бе насиб намонд!    

Дар Рӯзи кӯдакон Tcell чорабиниҳои омӯзишии бачагонаро низ дастгирӣ кард: пуштибонии барномаҳои омӯзишии насли наврас дар стратегияи иҷтимоии ширкат аҳамияти вижаи худро дорад.

Дар Хоруғ Олимпиадаи риёзии зеҳнӣ дар назди ДОМ (Донишгоҳи Осиёи Марказӣ) бо дастгирии Tcell ҷараён гирифта, иштирокчиёни хурдсол қабл аз сафар ба Бишкек барои ширкат дар Олимпиадаи панҷуми Байналмилалии риёзӣ бори дигар дониши худро ба таври амалӣ санҷиданд.   

Дар Душанбе ширкати Tcell ғолибони озмуни рассомони хурдсолро, ки ба «Рӯзи ҳимояи кӯдакон» бахшида шуда, он дар якҷоягӣ бо Федератсияи Клубҳои миллии ЮНЕСКО дар Тоҷикистон ва Академияи “Империяи Дониш” баргузор гардида буд, қадрдонӣ кард.   

Ҳамчунин, дар Душанбе ширкати Tcell аз баргузории як мусобиқаи кӯдаконаи варзишӣ оид ба шоҳмот пуштибонӣ кард. Барои иштирок дар ин сабқат беш аз 200 дӯстдори ин навъи варзиш, ки синнашон аз 5 то 12-сола буданд, ҷамъ омаданд. Дар охир ғолибон бо медолу ифтихорнома ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ шуданд!

Tcell ҳамчун ширкати масъулияти иҷтимоидошта ҳамеша чоарбиниҳои хайрия ва тарҳҳои омӯзишӣ доир месозад. Бо ироаи кӯмак ба қишри ниёзманд ва дастнигар, ширкати Тcell саҳми худро дар пешрафти ҷомеъа, ки дар он фаъолият менамояд, мегузорад. Ҳамқадами замон будан, бо марому василаи вақт ҳампо будан ва пештози татбиқи фанноварии ҷадид дар кишвар будан барои ширкати Tcell аз роҳбурҳои усулии фаъолият маҳсуб мегардад. 

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Конкурс рисунков.JPG

Семья глухонемых.jpg

Фестиваль Хорог (2).JPG

Фестиваль Хорог.JPG

Худжанд (2).JPG

Худжанд.JPG

Шахматы.JPG

школа №5 Бохтар.jpg

ЮНЕСКО.JPG
1386

Тоҷикистон дар остонаи оянда: Tcell дар Осиёи Марказӣ аввалин шабакаи 5G –ро дар Тоҷикистон роҳандозӣ менамояд!


Ширкати телекоммуникатсионии Tcell дар қаламрави Тоҷикистон аввалин шуда, литсензияи 5G-ро соҳиб гардид ва омода аст, то ин технологияи навинро ба ҳамватанон ошно созад!

Tcell, ҳамчун ширкати пешқадам ва инноватсионӣ, ҳамеша ба мутобиқгардонии навовариҳои пешрафтаи технологии ҷаҳонӣ ва татбиқи онҳо барои манфиати сокинон ва бахши тиҷорати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.  Қаблан низ ширкати Tcell аз аввалинҳо шуда дар бозори мухобироти Тоҷикистон технологияҳои 3G ва 4G –ро ҷорӣ кард ва ин тамоюлро бо ҷорӣ намудани стандарти насли нави иттилоотии 5G идома медиҳад!

5G (технологияи насли панҷуми мобилӣ) чист?
5G, яъне насли ояндаи технологияи мобилӣ барои таҳкими интернети босуръат, ки суръаташ якчанд гигабит дар як сонияро дар бар мегирад. Тавассути сматфонҳо, планшетҳо ва дигар таҷҳизотҳои 5G ин навгонӣ метавонад сифати хизматрасонии интернетиро ба сатҳи тамоман нав боло барорад. Боиси зикр аст, ки 5G намуди алоқаест, ки аз технологияи мавҷудаи LTE босуръаттар буда, имкон медиҳад, ки филмҳои Full High Definintion (Full HD) -ро ба дастгоҳи мобилии худ дар якчанд сония боргирӣ намоед.

Аммо муҳимтар аз ҳама, 5G дар рушди технологияҳои Интернет (IoT, Internet Things) имкониятҳои бузург дорад. Технологияи “IoT” пайвастшавии дастгоҳҳои мухталиф ба шабака мебошад, ки онҳо бо якдигар бидуни дахолати инсон муошират хоҳад намуд. 5G имкон фароҳам меоварад, то ҷомеа бо технологияи ҷадид муҷаҳҳаз гардида, «smart сity» (шаҳри ҳушманд), «smart  house» (хонаи хонаи ҳушманд), системаҳои таълими фосилавӣ ва системаҳои тиббӣ ва дигар навовариҳое, ки зиндагии моро осон ва шавқовартар мегардонанд, бунёд намояд. 5G метавонад «ҳалли фаврӣ»-ро, хусусан дар ҳолатҳои фавқулодда, масалан, ҳангоми ҷарроҳии фосилавӣ (аз дур бо имкониятҳои муосир), ё идораи автомобилҳо бидуни ронандаро таъмин созад. Баъзе технологияҳое, ки зикр шудаанд, аллакай таҳия шуда, дар амалия мутобиқ карда мешаванд. Tcell, ҳамчун навовари ин соҳа, дар ташаккул ва рушди ин технология саҳми назарраси худро хоҳад гузошт.

Имрӯз, бисёре аз кишварҳо дар марҳилаи банақшагирӣ ё татбиқи шабакаи 5G қарор доранд, дар замоне, ки баъзе аз кишварҳои пешрафта аллакай онро ҷорӣ карда, аз ин шабака истифода мебаранд.   

Чаро ширкати Tcell?
Ширкати Тсеll дар ҳоли ҳозир ва таърихи то имрӯзинааш дар Тоҷикистон ҳамчун навовари технологияҳои мухталиф ва муосир барои рушди ҷомеаи кишвар маҳсуб ёфта, дар анҷом додани ин лоиҳаҳо муваффақ гаштааст. Tcell яке аз аввалин операторони 3G дар Осиёи Марказӣ эътироф гардида, ин намуди алоқа (3G)-ро дар қаламрави ОМ ва Тоҷикистон роҳандозӣ кард ва ин омил дар ибтидои солҳои 2000-ум бозори алоқаи Осиёро ба куллӣ тағйир дод. Дар соли 2014 Tcell яке аз аввалин операторони Тоҷикистон буд, ки пахши тиҷоратии шабакаи 4G LTE – ро амалӣ намуд. Бо мурури замон Tcell рушди шабакаи худии 4G LTE-ро бо васеъ намудани фарогирии шабакаи мазкур, баланд бардоштани иқтидор ва суръати он, барои фароҳам овардани алоқаи баландсуръат ва боэътимод дар саросари ҷумҳурӣ идома дода, корҳои зиёдеро дар ин самт ба анҷом расонд.

Ҷорӣ намудани технологияи 5G ба Tcell имкон медиҳад, ки заминаҳои нави технологиро барои ҷомеаи тоҷик фароҳам созад. Ин фанноварии ҷадид имкон медиҳад, ки ширкат дар заминаи он хизматрасонии наву пешрафтаи муосирро ба муштариён пешниҳод намояд. Инчунин ин омил ба рушди дигар провайдерҳои хидматрасонӣ дар кишвар мусоидат хоҳад намуд; аз қабили хидматрасониҳои ҳукумати электронӣ, шаҳрҳои “ҳушманд ва зебо” ва ғайра, ки метавонанд аз имкониятҳои ҷадиде, ки ин технологияи пешбинӣ кардааст, истифода баранд. Метавон бо итминон гуфт, ки 5G барои кушодани уфуқҳои нав дар бахши тиҷорати диҷитол (рақамӣ) дар Тоҷикистон саҳифаҳои нави таърихиро мекушояд ва бо ин васила ба рушди иқтисоди диҷитоли кишвар такони нав хоҳад дод.

5G чӣ гуна ҳаёти моро тағйир хоҳад дод?
Сифати аълои видео ва аудио омили асосии рушди шабакаи 5G ба ҳисоб меравад. Маҳз шабакаи  5G зарур аст, то корбарон (умуман истифодабарандаҳо) аз видеои баландсифат, конфронсҳои видеоӣ, бозиҳои онлайн ва виртуалӣ баҳра баранд. Аммо имкониятҳои зикргардидаи 5G бо ин ҳама маҳдуд намешавад. Бахшҳои кишоварзӣ, гидроэнергетика, сохтмон, тандурустӣ ва маориф - ҳамаи ин соҳаҳо ниёз доранд, ки дорои системаи интиқолдиҳандаи фаврии маълумоти зиёд бошанд, зеро ин дастовард ба онҳо имконият медиҳад, корро бо низоми фаъолияташон роҳату осон ба анҷом расонанд. Истифодаи технологияи 5G ва IoT метавонад ҳамаи инро дар зудтарин фурсат имконпазир гардонад.

“Ҳангоми татбиқи ҳама гуна фанноварии нав мушкилот ва таваккал монеъаи он мешаванд, аммо маҳз ҳамин омилҳо боиси навоварӣ ва пешрафт мегарданд. Бо ворид кардани 5G дар ҳаёти мо, мо имкониятҳои навтарин ва фантастикии технологияҳои муосир ва моделҳои нави бизнесро дар Тоҷикистон шоҳид хоҳем шуд. Мо бошем, ҳамчун ширкати технологӣ боз як бори дигар қавлеро, ки ба муштариён ва ҷомеъа дар мавриди ироаи алоқаи боэътимод ва босуръат  ва дар ин замина ояндаи устувори технологияро месозем, додаем, ба иҷро мегузорем”, - мегӯяд раиси кулли ширкат Озодхон Давлатшоев. “Мо дар Тсеll ба ин бовар ҳастем, ки роҳи аз ҳама асосӣ ва дурусти пешгӯии оянда – оғози бунёди он дар имрӯз аст, чӣ гуна ки фантастикӣ ва ғайириимкон ҳам бошад”.  

Кай бояд 5G-ро дар Тоҷикистон интизор шуд?
Барои татбиқи пурра ва рушди стандартҳои алоқаву хидматҳои 5G дар назди ширкати Tcell корҳои зиёде мавҷуданд, инчунин маблағҳои ҳангуфте даркор аст, ки барои омода сохтани зерсохтор (платформа) гузошт. Тсеll дар ҳоли ҳозир маблағгузориро оғоз кардааст. Муайян кардани басомадҳои нав зарур аст, ки суръати баланд ва фарогирии боэътимодро таъмин намуда, навсозии инфрасохторӣ лозим аст: 5G дар баробари 4G ва 3G фаъолият карда, пайвастшавии смартфонҳо ба ин шабакаҳо (вобаста ба шабакаи дастрас) тағйир хоҳад ёфт. Ҳамчунин, барои истифода дар шабакаи 5G, смартфонҳои махсусе, ки ин шабакаро дастгирӣ менамоянд, лозиманд, ин навъи таҷҳизоти мобилӣ нисбат ба смартфонҳои имрӯза пурқувваттар мебошанд. Бо дарназардошти корҳои зикршуда ва имкониятҳои фаннӣ, Tcell ният дорад, марҳилаи ибтидоии оғози шабакаи 5G-ро ҳамин сол амалӣ намояд. Ҳамчунин, гуфтушунидҳо бо таъминкунандагони татбиқи тарҳҳои “шаҳри ҳушманд”, “хонаи ҳушманд” идома доранд. Ин ҳаҷми хеле бузурги кору фаъолият ва иқдоми ҷиддӣ аст, аммо 5G низ дар пушти кӯҳҳо нест ва Тсеll дар ояндаи наздик ҳадаф дорад, ки муштариён, ҳамаи тоҷикистониён ва меҳмонони кишварро бо имкониятҳои ҳайратовари технологияи нав хушҳол намояд.

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

5G
1456


Страницы: Пред. 1 ... 27 28 29 30 31 ... 62 След.