Бо Tcell ройгон ба Русия сафар намо!

Аз 8 январи то 8 апрели соли ҷорӣ ширкати Tcell иқдоми навро бо унвони “Чипта ба Русия”- ро оғоз мекунад.

Шумо орзуи ба Русия рафтанро доред, то наздиконатонро зиёрат намоед?  Ё сафари кори доред? Пас иқдоми “Чипта ба Русия” ба шумо имкон медиҳад, то чиптаи ройгон ба даст оред!

Шумо метавонед дар ин иқдом иштирок намуда, соҳиби чиптаи ройгон ба Москва, Санкт-Петербург, Қазон, Красноярск, Краснодар, Иркутск, Сочи, Новосибирск, Оренбург ва дигар шаҳрҳое,ки “Сомой Эйр” ба он самт хатсайр дорад, гардед!

Барои иштирок дар ин иқдом ба шумо лозим аст то бастаи “Бастаи 5 дақиқа ба Русия”- ро ҳамаги ба 6 сомонӣ харидорӣ намоед. Баъд аз фаъол намудани баста, ба шумо дарҳол СМС бо шумораи (ID) муайян, ки 8 рамзро дорост, фиристода мешавад. Шумораҳои мазкур дар озмуне, ки дар офиси марказии Тселл баргузор мегардад, истифода хоҳад шуд. Аз санаи 8 январ то 8 апрел, соати 8.40 то 9.10 – и cубҳ, озмун оғози худро ёфта, ҳарруза аз тарафи радиои “Ватан” пахш мегардад. Соҳибони шумораҳои бурднок эълон гашта, бо онҳо аз тарафи ширкат ё радио тамос мегиранд.

Хотиррасон менамоем, ки як ID шумора, дар озмуни мазкур як маротиба иштирок менамояд. Барои иштироки минбаъда, шумо метавонед бастаи мазкурро ҳар руз харидорӣ намуда, дар озмун ба шакли ҳарруза иштирок намоед. Бояд қайд намуд, ки шумораҳои рузи шанбе ва якшанбе харидорӣ намуда, рузи душанбе иштирок менамоянд.

Дар рузҳои озмун, иштирокчиён метавонанд офиси маркази ширкатро зиёрат намуда, худ шоҳиди ба таври шаффоф гузантани он боварӣ ҳосил намоянд. Меҳмонон метавонанд ҳатто худ дар чарх задани “лототрон” иштирок карда, шумораҳои бурднокро дар пахши мустақими радиои “Ватан” эълон намоянд.

Иттилооти мухтасарро оиди иқдоми “Чипта ба Русия” шумо метавонед дар сомонаи расмии ширкат ва дар шабаҳои иҷтимоӣ дастрас намоед.

Дар озмун иштирок намоед ва соҳиби чиптаи ройгон гардед!

Маълумоти иловагӣ:

  • Барои фаъол намудани «Бастаи 5 дақиқа ба Русия», коди мазкурро пахш намоед - *880*1#.
  • Барои тафтиш намудани маблағи боқимонда - *880#.
  • Барои бекоркунии баста - *880*2#.
 
2175

Бозгашт ба рӯйхат