Интернюс ва Арго Мушкилоти иҷтимоиро ба воситаи технологияҳои нав ҳал менамояд

Душанбе, Тољикистон, 22 маи с. 2017 – Котиб - Њамоњангсози Шўрои Љамъиятии Љумњурии Тољикистон Нуралї Саидов ва Сафири Иёлоти Муттањидаи Амрико дар Тољикистон Элизабет Миллард ба Лабораторияи медиа ва навгонињои иљтимої, ки тўли се рўз дар шањри Душанбе баргузор хоњад гашт, њусни ифтитоњ бахшиданд. Ин чорабинї, ки бо кўшиши якљояи Академияи ВАО-и Тољикистон, ташкилоти љамъиятии байналмиллалии «Фидокор», намояндагии Интернюс дар Осиёи Марказї ва Ассотсиатсияи рушди љомеаи шањрвандї (АРГО) аз Ќазоќистон баргузор гаштааст, зиёда аз 90 коршиносон, намояндагони ВАО ва љомеаи шањрвандиву мутахассисони соњаи технологияњои коммуникатсиониро аз Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ба њам овардааст, то онњо тавонанд оиди истифодаи абзорњои онлайнї ва барномањои мобилї дар фаъолияти ВАО-и мањаллї ва дигар ибтикороти иљтимої, иќтисодї ва муњитзистї, ки ба бењтар сохтани дастрасии шањрвандон ба иттилоот равона шудаанд, њамкорї ба роњ монанд.

Иштирокчиёни Лабораторияи АРГО ба омӯхтану паҳн намудани усулҳои инноватсионӣ ва  роҳу воситаҳое машѓул хоњанд шуд, ки ба созмонҳои ҷамъиятӣ имкон медиҳад натиҷаҳои муҳими иҷтимоиро дар фаъолияти худ ба даст оранд. Иштирокчиёни лаборатория оид ба тарҳрезии лоиҳаҳои инноватсионӣ донишу малакаи нав пайдо карда, таҷрибаи беҳтарини истифодаи навгониҳои иҷтимоиро муҳокима мекунанд ва доир ба пиёдасозии идеяҳои лоиҳавии худ аз коршиносони соҳа маслиҳат мегиранд. Ин лоињањои инноватсионї дар оянда метавонанд дар озмун барои гирифтани бурсњо ширкат намоянд.

Дар чорчўбаи Лабораторияи Internews нўњ даста аз се кишвари њамљавор консепсияи лоињањои инноватсионии худро (барномањои мобилї, сомонањои нав, лонгрид, харитањои интерактивї ва ѓайра) пешнињод намуда, сипас бо кўмаки мураббиёни касбї ин идеяњоро такмил медињанд ва ба лоињањои воќеан амалишаванда мубаддал мегардонанд. Дар охир, њайати њакамони иборат аз мутахассисони ВАО ва технологияњои коммуникатсионї се дастаи ѓолибро интихоб менамоянд. Ин дастањо имкон пайдо мекунанд, ки барои амалисозии лоињањояшон ба маблаѓи то $2000 кўмаки молї гиранд ва дар оянда аз машваратњои мураббиён бархўрдор гарданд.

Лабораторияи медиа ва навгонињои иљтимої дар чорчўбаи лоињаи Internews “Мусоидат ба дастрасї ба иттилоот” ва барномаи АРГО “Њамкорї бањри навоварї” бо кўмаки Ољонсии ИМА оид ба рушди байналхалќї ( USAID) ваInnovation for Change амалї мегардад.

Барои дарёфти маълумоти иловагї лутфан ба менељери барномањои Internews дар  Тоҷикистон Анжелика Попова ба воситаи почтаи электронииapopova@internews.org ва ё телефони +992 (37) 2271361 (корї), + 992 (93) 514 2027 (моб.) ва ё Skype angelikainternews мурољиат намоед.

 


2493

Бозгашт ба рӯйхат