Нархгузории нав дар мавриди пайвастшавии SIM-кортҳо

Муштариёни муҳтарам!

Ширкати Tcell ба иттилоъи шумо мерасонад, ки нархгузории нав дар мавриди пайвастшавии SIM-кортҳо, ки мутобиқи Фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2018“ таҳти №89 «Дар бораи хизматрасонии пайвастшавӣ (яккарата) ба шабакаҳои операторони алоқаи барқӣ» тасдиқ шуда буд, то 01 январи соли 2019 татбиқ намегардад.

Нархи барқарор сохтани SIM-корт дар ҳолати гум кардан ва ё корношоям шудани он тағир намеёбад.

Дар мавриди пайвастшавии нав:

Дар ҳоли ҳозир, оиди аз нав нархгузории симкортҳо маълумоти иловагӣ надорем, оид ба ҳама гуна навоварӣ мо ба шумо иловатан маълумот медиҳем.

Пайвастшавӣ ба шабакаи Tcell ва ё бақайдгирии SIM-кортҳо танҳо тавассути шиносномаи шахсе, ки истифодабарандаи аслии рақам мебошад, имконпазир аст. Ба номи фарзандони ноболиғ иҷозати бақайдгирии танҳо 1 симкорт дода мешавад. Барои ин шиносномаи волидайн ва шаҳодатномаи таваллуди фарзандро пешниҳод кардан зарур аст.

SIM-кортҳоро мисли пештара дар марказҳои хизматрасонии Tcell ва нуқтаҳои фурӯши ширкат дарёфт карда метавонед.

Ташаккур!


1989

Бозгашт ба рӯйхат