Нашр
Хабарҳо

Ғолибони DigitalCamp аз Tcell маълум шуданд!

08.09.2017

Лоиҳаи инноватсионӣ ва технологии Tcell зери унвони DigitalCamp, ки тули се моҳи тобистон идома дошт, ҷамъбаст гардид. Аз моҳи июн сар карда иштирокчиён ба хотири дарёфти роҳҳо, имконоти рақамии бештар ба хотири рушд ва амалӣ гардонидани идеяҳои тиҷории хеш гирд омада буданд.

Чаҳор ҳафта курсҳои омӯзишӣ дар масъалаҳои мубрам, суҳбат бо мутахассисони варзидаи соҳаи тиҷорат, корҳои амалӣ ва маслиҳатҳо заминаҳои муфидро барои ҳалли техникӣ ҷиҳати амалисозии идеяҳои иштирокчиён ба вуҷуд овард. Замони амалисозии лоиҳа 15 вебсайт сохта шуд, ки 7-тои он ба даври финалӣ роҳ ёфт. Дар маросими қадрдонӣ се нафари беҳтаринро эълон карданд.

Зинаи якум насиби http://hitpay.tj/ шуд. Лоиҳаи Hitpay – ин нахустин ҳамёни электронӣ дар Тоҷикистон мебошад. Ҳамёни электронӣ барои мустақиман аз телефон ва компютер харидорӣ кардани хизматрасониҳо зарур аст. Корбарон дар Тоҷикистон имрӯз метавонанд ба ҷойи терминалҳои пардохти пулӣ, ки дар кӯча насб шудаанжд, аз телефонҳои ҳамроҳашон истифода баранд. Дар дилхоҳ ҳолат тариқи Hitpay метавон давоми чанд сония маблағи тавозуни мобилӣ, интернет, хизматрасониҳои давлатӣ ва ё букмекериро пардохт кард.

Ҷойи дуввум - http://hunar.tj/ Лоиҳаи ҲунарМаркет барои бунёди фазои ягона ҷиҳати хариду фурӯши ашёи тарроҳӣ ва корҳои муаллифӣ нигаронида шудааст. Ин ҷоест, ки ҳунармандон, тарроҳон, созандагони чизҳои нодир бо усули миллӣ метавонанд гирд биёянд ва маҳсулоти хешро ба аудиоторияи васеъ пешниҳод намоянд. Харидорон имкон доранд, намунаи ягонаи корҳои нодирро дастрас кунанд.

Зинаи сеюмро дастаҳои http://tajsoap.tj/ ва http://vmentor.tj/ гирифтанд. Tajsoap – ин мағозаи онлайнии косметикаҳои табиӣ ва органикӣ, ҳамчунин туҳфаҳои дастисоз барои саломатӣ ва зебоӣ аст. Virtualmentor –портали виртуалӣ, дорои маълумоти пурра, муназзам ва муҳим дар бораи 157 намуди тиҷорат мебошад. Ин портал “иртиботи дуҷониба”-ро дар бар гирифта, ба ҳама суолҳои вобаста ба тиҷорат ҷавобҳои дақиқ медиҳад. Портал як навъ шабакаи иҷтимоии соҳибкоронро дар Тоҷикистон месозад.

Чанд лоиҳаи дигаре, ки ба даври финалӣ роҳ ёфтанд: http://megamag.tj/ - мағозаи интернетӣ, ки ҳаммаи мағозаҳои Тоҷикистонро дар як майдони онлайнӣ ҷамъ меоварад.

http://tajtour.business.site./ - сомона барои беҳтарин сафарҳо ва сайёҳат дар Тоҷикистон.

http://esports.tj – майдон барои рушди варзиш дар Тоҷикистон.

http://beautysecrets.tj/ - мағозаи косметика ва ғайра...

Ғолибони лоиҳаи Digital Camp зинаҳои мувофиқро сазовор гашта, барои рушди идеяҳои тиҷорияшон дар оянда маблағ ва туҳфаҳои арзишманд гирифтанд.

Озод Давлатшоев, директори генералии ширкат дар бораи ин лоиҳа мегӯяд: “Мо хостем барои ҷавононе, ки идеяҳои худро доранд, фазо созем, то тавонанд онро дар ҳаёт амалӣ намуда, тиҷорати муваффақро роҳандозӣ намоянд. Ҷаҳон ба самти технологияи рақамӣ ҳаракат мекунад, Интернет ба қисми ҷудонашавандаи ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар яки мо табдил ёфтаааст. Барои Tcell амалисозии ин лоиҳа бисёр муҳим ва лозимӣ буд. Мо бовар дорем, ки ин танҳо оғоз аст ва DigitalCamp барои ба муҳити рақамӣ ворид кардани соҳибкорони тоҷик мусоидат кард”.

Иштирокчиёни Digital Camp, ки ба лоиҳа дархост ирсол карда буданд, танҳо бо идеяҳои тиҷорияшон омада буданд. Амалигардонӣ ва истифодаи ҳамаи кори иштирокчиён - вебсайтҳо барои тиҷорат, бо иштироки соҳибкорони ибтидоӣ дар тренинги Digital CampTcell имконпазир гардид. Давоми чор ҳафтаи омӯзиш иштирокчиёни лоиҳа барномаи таълимии васеъ ва фарогир доштанд.

Дар ҳафтаи якуми омӯзишӣ, дастаҳо тамоюлҳои технологияи ҷаҳонӣ, сохтани нақшаҳои тиҷорӣ дар формати canvas, таҳқиқот ва баҳогузории бозор, кор бо муштариён ва дар гуруҳ, муайян намудани шунавандагони мақсаднок ва роҳҳои муошират бо онҳо, роҳи амалисозии идея, қисми молиявии тиҷорат, бозор ва усули рекламаро омӯхтанд. Бо дастаҳо роҳнамоён-кормандони ширкат, ки таҷрибаи чандинсолаи корӣ дар соҳаҳои гуногунро доранд, инчунин мутахассисони маҳаллӣ аз ташкилотҳои гуногун кор карданд.

Ҳафтаи дуюм ва сеюми DigitalCamp ба тарҳрезии веб сайтҳо равона шуда буд. Курси 10 рӯзаи омӯзишӣ ба иштирокчиён имкон дод, то дар соҳаи дизайни веб, забони HTML ва CSS маълумоти бештар гиранд.

Иштирокчиён инчунин бо барномаҳои эҷоди саҳифаҳои интернетӣ ва лоиҳакашони сомона шинос шуданд. Дар поёни чаҳорумин ҳафтаи омӯзишӣ ба иштиркчиён таҳлилгари байналмилалӣ Денис Каталин дар бораи тиҷорати рақамӣ гуфт. Онҳо асосҳои маркетинг ва пешбурди маҳсулотро дар Интернет ва малакаҳои амалӣ ва воситаҳои рақамиро омӯхтанд. Ин машғулиятҳои амалӣ ба иштирокчиён донишҳои заруриро барои сохтани сомонаи фаъол барои тиҷорат, доданд.

Ширкати Tcell ғолибон ва ҳамаи иштирокчиёни лоиҳаро табрик намуда, ба онҳо рушди минбаъда ва муваффақият дар роҳи сохтан ва амалисозии идеяҳояшонро таманно дорад.

Фурқат Расулов, яке аз иштирокчиёни чорабинӣ мегӯяд: “Digital Camp – ин роҳи муваффақ ба сӯи тиҷорати рақамӣ аст. Иштирокчиён хело босавод ва мутахассисони соҳаи худ мебошанд. Дар инҷо бисёр ҳамфикрон якҷой гирд омадаанд, ки мо робитаҳои муфид барпо кардем. Дар оянда ман бештар ба таври касбӣ ба тиҷорати рақамӣ кор хоҳам гирифт. Ҳар як лоиҳа дар ин ҷо ба таври алоҳида баррасӣ шуд, ки хело муҳим аст. Фикр мекунам ҳар даста роҳҳои муфидро махсусан барои лоиҳаи худ дарёфт”.

Ҳадафи роҳандозии озмуни Digital CampTcell рушди нерӯи инноватсионӣ ва ҳавасмандии ҷавонон барои эҷоди технологияиҳои соҳибкории муосир бо истифода аз имконоти технологияҳои муосир аст. Лоиҳаи DigitalCampTcell қисме аз масъулияти тиҷорӣ ва иҷтимоии ширкат буда, ба мақсадҳои рушди нерӯи инноватсионӣ ва ҳавасмандии ҷавонон барои эҷоди технологияиҳои соҳибкории муосир равона карда шудааст.

Шарики лоиҳа AccelerateProsperityTajikistan аст. Accelerate – ин бизнес-инкубатор аст, ки захираҳо ва донишҳоро сармоягузорӣ карда, соҳибкории хурду миёнаро дар Тоҷикистон дастгирӣ мекунад ва барои сохтану рушд додани нақшаҳои тиҷорӣ кумак мекунад.

Tcell- бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад.


Фото00011.jpg


Фото00029.jpg


Фото00043.jpg


Фото00087.jpg


Фото00090.jpg


Ба забони русӣ
___________

AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии халқҳои кишварҳои рӯ ба тараққӣ тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин кор мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.


Возврат к списку

Навидҳои Tcell

Доимо хабардор бошед
Ахбороти Tcell ва пресс-релизҳо
дар ин ҷо

Тамос бо мо

Барои тамос бо мутахассисони ширкат тариқи воситаҳои бароятон қулай муроҷиат намоед

Ҳисобкунаки Интернет

Восита барои интихоби интернети муфид

Онлайн-мушовир

Ҳангоми пайдо шудани саволҳо ба онлайн-хадамоти дастгири мурочиат намоед