Саволхое, ки бештар дода мешаванд

Муштариёни муҳтарам!

Барои осон кардани кори шумо дар мавриди мушаххас намудани миқдори SIM-кортҳое, ки ба номатон сабт шудааст, мо барномаи махсусро омода сохтем.

Метавонед рақами зеринро барои муайян кардани симкортҳо истифода намоед. 

Ҳангоми пахши фармони *700# ва занг, барнома муайян мекунад, ки чанд адад симкорт ба номи соҳиби шиносномаи муштарӣ сабт шудааст ва баъдан паёмак бо матни: Бо шиносномаи АХХХХХХ миқдори «Х» рақамҳо: 93***хххх, 92***хххх ва 77***хххх номнавис шудааст.

Барои муайян кардани миқдори рақамҳои эҳтимолӣ ба идораҳои ширкати Тсеll ташриф биёред.

 

 

- Арзиши хариду пайвасткунии SIM-кортҳо ва бақайдгирии онҳо аз 1 сентябри соли 2018 чӣ қадар мешавад?

Нархгузории нав дар мавриди пайвастшавии     SIM-кортҳо, ки мутобиқи Фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2018“ таҳти №89 «Дар бораи хизматрасонии пайвастшавӣ (яккарата) ба шабакаҳои операторони алоқаи барқӣ» тасдиқ шуда буд, то 01.01.2019 татбиқ намегардад. 

Арзиши бақайдгирии SIM-кортҳо низ тағир намеёбад. Айни ҳол раванди бақайдгирӣ ройгон анҷом дода мешавад.

 

- Нархгузории нав аз кай татбиқ мешавад?

 Дар ҳоли ҳозир, оиди аз нав нархгузории симкортҳо маълумоти иловагӣ надорем, оид ба ҳама гуна навоварӣ мо ба шумо иловатан маълумот медиҳем.  

 

- Бақайдгирии симкортҳо ба номи дигар шахс ҳоло чӣ қадар арзиш дорад?

Дар ҳоли ҳозир раванди бақайдгирии  SIM-кортҳо ройгон мебошад. 

 

- Чӣ тавр SIM-кортҳоро ба номи кӯдакони ноболиғ сабт (номнавис) бояд кард?  

Ба номи фарзандони ноболиғ иҷозати номнавис кардани танҳо 1 симкорт дода мешавад. Барои ин шиносномаи волидайн ва шаҳодатномаи таваллуди фарзандро пешниҳод кардан зарур аст.  

- Агар ман SIM-кортро гум карда бошам ва онро барқарор карданӣ шавам (SIM-кортро иваз кардан хоҳам), он чӣ қадар арзиш дорад? 

Нархи барқарор кардани SIM-кортҳо тағйир намеёбад ва 2 сомонию 83 дирамро ташкил медиҳад.    

 

- Мо паёмак гирифтем, ки агар муштарӣ ба номаш беш аз 2 SIM-корт дошта бошад, бояд рақами сеюм ва дигар симкортҳоро ба номи дигар кас, ки истифодабарандаи аслӣ мебошад сабти ном намоянд.   

 

Муштарии муҳтарам!

Бале, маълумот дуруст аст. Ба номи истифодабарандаи аслӣ сабт кардани SIM-корт дар ҳузури  соҳиби симкорт ва истифодабарандаи аслӣ бо шиносномаҳои онҳо дар марказҳои хизматрасонӣ ва нуқтаҳои фурӯши ширкати Тсеll сурат мегирад.  

 

 

-  Истифодабарандагони барномаи Чӣ Гап дар хориҷи кишвар чӣ кор бояд кунанд?

 

Мутобиқи қонунгузории ҷорӣ ва Қарори Ҳукумат аз 30 апрели соли 2016, таҳти № 207-7 ҳама SIM-кортҳо бояд бо номи истифодабарандагони аслӣ номнавис мешуданд. Бо ин мақсад операторон дар давоми солҳои 2016 ва 2017 бақайдгирии оммавии симкортҳои муштариёнро анҷом доданд.  

Агар ба номи Шумо беш аз 3 SIM-корт сабт шуда бошад, тавсия медиҳем, ки онро ба номи истифодабарандаи аслӣ ба қайд гиред.
Барои анҷоми амали мазкур истифодабарандаи аслӣ бояд бо шиносномаи худ ба наздиктарин маркази хизматрасонии ширкати Tcell биёяд ва баъд аз гузаронидани прцедураи махсус симкорт ба номи у бақайд гирифта мешавад.  

 

- Оё SIM-кортҳоро бо шиносномаҳои дохилие, ки мӯҳлаташон гузаштааст, ба қайд гирифтан мумкин аст?   

 

Ба номи дигар шахс сабт кардани SIM - корт бо шиносномаҳои дохилӣ ва ID кортҳое, ки эътибори қонунӣ доранд, амалӣ мешавад.   


2833

Бозгашт ба рӯйхат