Ширкати Tcell шарики кулл (генералӣ)-и Намоишгоҳи байналмилалии “Суғд-2018” шуд

Дар шаҳри Хуҷанд рӯзҳои 6 ва 7-уми июл Форуми панҷуми байналмилалии тиҷории “Суғд-2018” баргузор гардид. “Суғд-2018” - рӯйдоди бузург дар ҳаёти соҳибкории Тоҷикистон маҳсуб ёфта, майдони муаррифии дастовардҳои корхонаву муассисаҳост. Зимни ин намоишгоҳ шабакаи ҳамкорону шарикон тавсеа ёфта, шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасанд.

Ширкати Tcell ҳамчун шарики кулли “Суғд-2018” дар ҳама чорабиниҳои намоишгоҳ иштирок намуда, имконот ва зарфиятҳои ширкатро барои ироаи алоқаи боэътимоду пешниҳоди хизматрасониҳо муаррифӣ кард.

Сарвари кулли ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев дар маросими ифтитоҳи “Суғд-2018” иштирок дошт.

“Тоҷикистон сарзамини аҷиб ва борвар аст. Бо талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва ибтикори бевоситаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол зерсохторҳои кишвар дар бахши энерҷӣ, иртиботот, роҳу логистика, телекомуникатсия ва қонунгузорӣ барои ҷалби сармоя тақвият ёфта, беҳтар мегарданд. Барои ба роҳ мондани муносиботи неки ҳамсоядорӣ бо кишварҳои ҳамҷавор кӯшиши зиёд ба харҷ дода шуда, аллакай таъсири бузург ба тиҷорати минтақавӣ расонидааст. Як далели аслии ин талошҳо рӯйдоди имрӯза- баргузории Намоишгоҳи “ЭКСПО Суғд-2018” мебошад. Барои ман боиси ифтихор аст, ки дар ин ҷо аз сармоягузори боэътимод дар Тоҷикистон- Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ- – AKFED намояндагӣ мекунам. Фаъолияти AKFED бевосита ба бунёди ширкатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ устувору пойдор ва дастгирии соҳибкирон равона шудааст. AKFED дар Тоҷикистон ба бахши телекомуникатсия, энергетика, сайру саёҳат (ҷаҳонгардӣ) ва бонкдорӣ сармоягузорӣ карда, нақша дорад, ки ба соҳаи кишоварзӣ низ кӯмак расонад. Мо дар AKFED бовар дорем, ки Тоҷикистон- кишвари имкониятҳост ва баргузории намоишгоҳи “Суғд-2018” исботи гуфтаҳои болост”,- иброз дошт Озодхон Давлатшоев, сарвари кулли ширкати Tcell аснои суханронӣ дар назди меҳмонону ширкатдорони намоишгоҳ.

Дар намоишгоҳи имсола доираҳои тиҷорӣ ва соҳибкорон аз Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ширкат доштанд. Барои нахустин бор дар чорабинӣ намояндаҳои кишварҳои АМА, Олмон ва Кореяи ҷанубӣ низ иштирок карданд. Дар чорчӯб (ҳошия)-и намоишгоҳ чанд форуму ҳамоиши вижа сурат пазируфт.    В рамках ярмарки состоялось несколько деловых форумов и конференций.

Намоишгоҳи байналмилалии “Суғд-2018” ҳамасола ба тақвияти ҳамкориҳои тиҷорӣ ва рушди муносиботи тиҷорати байналмилалӣ мусоидат карда, доираҳои тиҷории кишварҳои ҳамсоя ва хориҷиро муаррифӣ менамояд.

DSC_3996.jpg

____________________________________________________________________

Tcell - бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.


1968

Бозгашт ба рӯйхат