Ширкати Тсell – cарпарасти кулли Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар соли 2022!

Ҳафтаи гузашта, аз 23 то 28 ноябр, ҳайати роҳбарони баландпояи Конфедератсияи Осиёи  оид ба велосипедронӣ ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Меҳмононро дар Фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе Президенти Федератсияи велосипедронии ҶТ Озодхон Давлатшоев ва Котиби генералии Федератсия Исфандиёр Аюбов истиқбол гирифтанд. Ба ҳайати мазкур Котиби генералии Конфедератсияи Осиё ҷаноби Анкар Сингх, намояндаи Созмони велосипедронии Байналмиллалӣ Фархад Алиев, Котиби генералии Федератсияи велосипедронии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Козимхуҷа Ӯрунбойхуҷаев, намояндагони техникии Конфедератсияи Осиёӣ ҷанобон Муҳаммед  Абдулрауф, Ҷамалуддин бин Маҳмуд шомил буданд.  

Ҳайати техникӣ дар навбати худ аз тамоми иншоот ва инфрасохторе, ки барои баргузории Чемпионати Осиё зарур аст, дидан намуда, ҷиҳати сифат ва мутобиқати онҳо баҳои баланд доданд. Аз он ҷумла, муоинаи техникии роҳҳои баргузории мусобиқа нишон дод, ки ҷодаҳо мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бунёд шудаанд. Пас аз анҷоми муоинаи техникӣ ва мутобиқати инфрасохторҳои лозима ба шаҳри Душанбе Президенти Конфедератсияи Осиёӣ оид ба велосипедронӣ ҷаноби Осама ал Шафар ташриф оварданд. Ҳадаф аз сафару боздиди меҳмони олиқадр ба имзо расонидани шартномаи баргузории Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар Тоҷикистон буд.

Баъд аз тасвиби санади баргузории Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори боварӣ гардид, ки аз 25то 29 марти соли 2022 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи мазкур сурат мепазирад.  

Маврид ба тазаккур аст, ки ҷиҳати интихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мизбони Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар соли оянда саҳми  Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ арзанда мебошад. Ин иттифоқ ва созиш дар вақти ташрифи бевоситаи Президенти Конфедератсияи Осиёи ҷаноби Осама ал Шафар ва мулоқоти онҳо бо Раиси шаҳри Душанбе ба вуқуъ пайваста буд.

Дар поёни хатми барномаи сафар, меҳмонҳои олиқадр ҳамроҳ Президенти Федератсияи велосипедронии ҶТ Озодхон Давлатшоев аз Муассисаи давлатии телвезиони “Варзиш” дидан намуда, дар нишасти вижа ҷиҳати баргузории мусобиқа ва аҳамияти он ба ҶТ ҳамчун мизбони мусобиқа ба иқтисодиёти кишвар, таъсири мусбати он ба рушди сайёҳии кишвар ва муаррифии беҳтару хубтари ҷумҳурӣ миёни дигар давлатҳои қораи Осиё ва ҷаҳон андешаронӣ карданд.

Ширкати пешсаф ва навовари кишвар Тcell- сарпарасти асосии Федератсияи велосипедронии ҶТ ба шумор рафта, ҳамчун Сарпарасти кулли Чепионати Осиё оид ба велосипедронӣ Душанбе - 2022 мебошад.

1.jpg

2.jpg

3.jpg

4.jpg

1708

Бозгашт ба рӯйхат