Дастгоҳҳо
Роутерҳо

4G WiFi роутери ZTE MF253

Арзиши баста – 699 сомонӣ

Ширкати Тcell ба Шумо бастаи 4G WiFi роутер-ро барои пайвастшавии яквақтаи якчанд таҷҳизот ба шабакаи Интернет пешниҳод менамояд. Масалан, агар Шумо смартфон, планшет ва ноутбук дошта бошеду онҳо дар як вақт барои дастрасӣ ба Интернети баландсуръат эҳтиёҷот дошта бошанд, метавонед бе ягон мамоният ба як WiFi роутере, ки дар як вақт пайваст кардани 32 таҷҳизот имконият дорад, пайваст намоед.

Ҳангоми харидории бастаи «4G WiFi роутер», Шумо соҳиби зерин мегардед:
  • 4G WiFi роутер тамғаи ZTE MF253 бо суръати то 150 Мбит/сония
  • SIM-корт бо тарофаи «Белимит 4G 2016»
  • 30000 МБ интернет туҳфа барои 2 моҳ интернети баландсуръати белимит, ки ҳармоҳа дар ҳаҷми 15000 МБ пешниҳод карда мешавад*

* Баъд аз масраф гардидани трафики бо суръати белимит, суръати белимити интернет то 256 Кбит/сония маҳдуд мегардад.

Бо хоҳиши Шумо Бастаи 4G ҳангоми пардохт кардани маблағи кофӣ ба ҳисобатон иваз кардан мумкин аст.
  • Шартҳои бастаҳои тарофавии 4G:
    • Муҳлати амали Баста – 30 руз.
    • Тафтиши бақияи ҳаҷми интернет трафик тариқи web-саҳифаи www.balance.tcell.tj, USSD-фармони star.gif4.gif5.gif4.gifhash.gifUntitled-2-111111`.gif, ва инчунин, ба воситаи ирсоли SMS-паёми холи ба рақами 454 дастрас мебошад.
    • Бастаи тарофавӣ ба таври автоматӣ ҳар 30 руз аз нав пайваст мегардад.
    • Бақияи масрафношудаи Бастаҳо бекоршуда, ҷамъ карда намешавад.
    • Дар ҳолати пурра масраф гардидани ҳаҷми баста, дастрасӣ ба хизматрасонӣ катъ мегардад. Барои идома додани истифода аз дастрасӣ ба Интернет бастаи иловагиро харидорӣ кардан лозим аст.
    • Баста барои воридшавӣ ба Интернет ва Бастаи барои Видео порталҳо новобаста аз ҳамдигар масраф мешаванд.
    • Иваз намудани бастаи тарофавӣ баъд аз пардохт намудани маблағи кофӣ ба ҳисобатон барои ҳисобӣ намудани пардохти абонентӣ аз руи бастаи дилхоста имконпазир мешавад.
    • Тавсия дода мешавад, ки дар танзимоти таҷҳизоти худ шабакаи «Танҳо 4G»-ро интихоб намоед.
    • Баъд аз ба охир расидани мӯҳлати амали давраи бонуснок (2 моҳ), опсияи ба таври автоматӣ аз нав пайваст мегардад, бо шарте, ки агар лаҳзаи ҳисобида шудани пардохти абонентӣ дар тавозуни Шумо маблағ кофӣ бошад, ва бақияи масрафношудаи баста бекор карда шавад. Дар ҳолати напардохтани пардохти абонентӣ барои моҳи нав, опсия то лаҳзаи пардохт намудан ба тавозун ба реҷаи интизорӣ (блокировка) мегузарад.
    • Маълумоти иловагиро оиди опсияҳои тарифавӣ ва оиди тарофаи «Белимит 4G 2016» Шумо метавонед аз сомонаи расмии ширкат www.tcell.tj ва ё www.balance.tcell.tj дастрас намоед.
routerbig.jpg

printer.png

Чопи саҳифа