Портали Киберӣ

Варзиши сайберӣ (киберспорт) як бахши вижаи босуръат ва муназзам рушдёбанда мебошад, ки дар ояндаи наздик ҳатто ҷои футбол ва хоккейро низ танг мекунад. Бахш (сегмент)-и мазкур бо суръати бениҳоят баланд рӯ ба афзоиш дорад - садҳо ҳазор ҳаводорон ва мухлисон ба толору варзишгоҳҳо мераванд, миллионҳо нафар пахши мусобиқаҳо ва рақобатҳоро тамошо мекунанд, ширкатҳо дастаҳои инфиродии киберспортии худро мехаранд. Дар бисёр кишварҳо аллакай федератсияҳои варзиши компютерӣ пайдо шуданд ва дар бораи ворид кардани варзиши сайберӣ (киберспорт) ба барномаи таълимии мактабҳо ва бозиҳои олимпӣ тавофуқ ҳосил шуда, гуфтушунидҳо идома доранд.

Кибер Портал имконоти васеъро пешниҳод менамояд:
  • Фарогирӣ ва пӯшиши муфассали иттилоотӣ
  • Ахбор, мақолаҳо, мусоҳибаҳо, косплейҳо ва ғайра
  • Пӯшиши комили оморӣ
  • Инъикоси ҳама намудҳои маъруфи варзиши сайберӣ (тақвим, омор, ҷадвалҳои муфассал, трансферҳо, дастаҳо, бозигарон ва ғ.)
  • Мӯҳтавои навор
  • Сабтҳои стримерҳо, letsplay, шарҳу баррасиҳо ва бисёр чизҳои дигар.
  • Дар ҳошияи рушд ва тавсеаи портал дар оянда, чиптаҳо ба чорабиниҳо, таҷҳизоти варзишии электронӣ, тахфифҳо ва аксияҳои истисноӣ, ҷадвали баргузории мусобиқаҳо, пешгӯиҳо барои бозиҳо ва бисёр чизҳои дигар дастрас мешаванд.
Портал бо нишонаи cyber.tcell.tj дастрас аст.

Фаъолсозии хизматрасонӣ
*1191*7#
Фаъолсози
Қатъи хизматрасонӣ
*1191*7*0#
Қатъсози

Арзиши хизматрасонӣ: 1 сомонӣ дар як рӯз.
Барои истифодаи трафики интернет пардохти алоҳида мутобиқи нақшаи тарофавӣ/опсия/баста ситонида мешавад.

Нархҳо бо назардошти ААИ ва акциз нишон дода шудааст.