«Engster – Омузиши забони англисӣ»

«Engster – омузиши забонхо» - хизматрасонии интерактивӣ барои омузиши забони анлисӣ.  Баъд аз обунашавӣ ба муштарӣ ҳамаруза саволҳо бо забони англисӣ ва вариантҳои ҷавоб ба ин саволҳо ирсол мегардад. Имконияти баланд бардоштан ё паст гардонидани дараҷаи мураккабнокии омузиш, инчунин, имкони пайгирии натиҷаҳои худ дода мешавад. Илова бар ин ба воситаи хизматрасонии мазкур калимаҳоро тавасстути луғат тарҷума кардан мумкин аст. Идоракунии хизматрасонӣ:

Паӣвастшавӣ
*6100#
Паӣвастшавӣ
Хомушкунӣ
*6100*0#
Хомушкунӣ

Пардохти абонентии ҳаррӯза - 0,60 сомони
  • Барои баланд бардоштани сатҳи мураккабнокии омузиш, “+” -ро ба рақами 6100 ирсол намоед.
  • Барои паст гардонидани сатҳи мураккабнокии омузиш, “-” –ро ба рақами 6100 ирсол намоед.
  • Калимаҳо ва ҷумлаҳои англисиро (бо ҳарфҳои лотинӣ) ва русиро (бо ҳарфҳои кирилӣ) барои тарҷумаи фаврӣ ба рақами кутоҳи 6100 ирсол намоед!
Арзиш: Арзиши ирсол намудани SMS ба рақами 6100 - роӣгон. Хизматрасони барои ҳамаи тарофаҳои шабакаи Tcell дастрас мебошад.

Омузиш чӣ тариқ сурат мегирад: Ҳар руз ба Шумо тариқи SMS-хабар калима бо забони русӣ ё англисӣ дар матн бо вариантҳои тарҷумааш ирсол карда мешавад. Ирсоли SMS-хабар баъд аз 11:30 бо вақти маҳаллӣ сурат мегират. Вақти дақиқи ирсоли SMS-и мазкур ба таври тасодуфӣ муайян карда шуда, тули шаш соат, пас аз вақти дар боло нишондодашуда ирсол мегардад.
Агар Шумо ба он ҷавоб диҳед, бароятон калимаи навбатӣ барои тарҷума ирсол мегардад. Агар ҷавоб нагардонед, давоми як рузи тақвимӣ бо Шумо дигар тамос гирифта намешавад. Ҷавоб тариқи ирсоли SMS бо рақами тартибии мувофиқ имконпазир аст.


Нақшаи таълимӣ: Калимаҳое, ки Шумо барои санҷиши дараҷаи дониши худ мегиред, аз руи нақшаи омузиш интихоб карда мешавад. Дар нақшаи омузиш калимаҳо тавассути сарчашмаҳои зерин, тибқи тартиби пастшудани афзалиятнокӣ ворид мегарданд:
  • Калимаҳое, ки тарҷумаи онҳоро дархост карда будед;
  • Руйхати кулли калимаҳои русӣ ва англисӣ, ки бо дарназордошти зудияти итифодабарӣ ва мутобиқи дараҷаи мураккабнокии омузиш ҷудо ва интихоб карда шудаанд. Агар Шумо як чанд маротиба тарҷумаи калимаро дуруст чун аз англисӣ ба русӣ ва баръакс, аз русӣ ба англисӣ нишон дода бошед, ҳисобида мешавад, ки Шумо онро аз худ кардаед. Калимаи мазкур аз нақшаи омузиш бароварда шуда ба захираи луғатии Шумо илова карда мешавад.
Захираи луғатӣ ва дараҷаи мураккабнокӣ: Хизмарасонии мазкур дараҷа ва зердараҷаи мураккабнокиро пешибинӣ кардааст. Фарқияти онҳо дар – мураккабии калимаҳои дар рафти таълим истифодашаванда мебошад. Масалан: Навёдгир (1) – ин 100 калимаҳои аз ҳамма соддатарини забони англисӣ мебошад.
Сараввал барои истифодабарандаи нави хизматрасонии мазкур дараҷаи «Навомуз» зердараҷаи 2 гузошта мешавад. Яъне, ки барои омузиш калимаҳои аз руи мураккабноки 800 интихоб карда мешавад. Барои сараввал пурра кардани маҳзани калимаҳои мазкур ва сатҳи мураккабнокии онҳо, маҳзани маълумоти калимаҳои дар хабони англисӣ зуд-зуд истифодашаванда ба назар гирифта мешавад.

Ҷадвали дараҷаи мураккабнокӣ:
Дараҷа
Зердараҷа
Миқдори калимаҳо дар нақшаи таълимӣ
Навёдгир
аз 1 то 6 то 600 слов
Навомӯз
аз 1 то 4 то 1000
pre-intermediate аз 1 то 8 то 1800
intermediate аз 1 то 7 то 2500
upper-intermediate аз 1 то 15 то 4000
advanced аз 1 то 10 то 5000
oxford аз 1 зиёда аз ⁠ 5000

Агар бароятон калимаҳои барои дараҷаи сатҳи дониши Шумо мураккабтар пешниҳод гардад, метавонед сатҳи дараҷаи/зердараҷаи мураккабнокии омузишро тариқи ирсоли “-” ба рақами кутоҳи 6100 пасттар гардонед. Баланд бардоштани сатҳи дараҷаи/зердараҷаи омузиш, тавассути ирсоли “+” ба рақами кутоҳи 6100 имконпазир аст. Баланд бардоштани сатҳи дараҷаи/зердараҷаи омузиш ба таври автоматӣ дар мавриди аз худ кардани калимаҳо, яъне ҳангоми ба захираи луғатӣ ворид шудани 100 калимаи нав сурат мегирад. Дар ин бора Шумо тариқи SMS огаҳонида мешавед.