Интизорӣ/Доштани занг

Бо функсияи «Интизории занг» (CallWaiting) Шумо метавонед аз гумкунии занги муҳим хавотир нашавед, чунки телефон худаш шуморо оиди занги дуюм мавриди муошират бо занги якум тариқи якчанд гудокҳои кӯтоҳ хабардор месозад.

Функсияи «Доштани занг» (CallHold) имкон медиҳад, шумо занги якумро дошта, занги дуюмро қабул намоед ё ин ки занги аввалро наканда, занги дуюм ирсол намоед.

Барои фаъолкунии (қатъгардонӣ) ин хизматрасониҳо аз менюи телефони мобилӣ ё USSD-фармони истифода бурдан лозим аст.
*43#
Фаъолкуни

Пайдарҳамии алоқа бо ду Муштарӣ:
Ҳангоми муошират бо Муштарии аввал, сигнали овозӣ ба гӯш мерасад, ки Шуморо оиди занги Муштарии дуюм огоҳӣ мекунад.
Барои гузариш ба мулоқот бо Муштарии дуюм, тугмачаи муайянро вобаста аз модели телефонатон пахш намудан лозим аст (Дастурамали телефони мобилиатонро нигаред).

Эзоҳ: Якбора як зангро доштан ва як зангро фаъол намудан мумкин аст. Барои ҷавоб додан ба занги сеюм, якеи аз ин ду зангро қатъ намудан лозим аст.