Ғолиб

Tcell ва Ҳабиб Нурмагомедов тарофаи «Ғолиб»-ро муаррифӣ мекунанд. Бо ин тарофа Шумо на танҳо ғолиби онлайн, балки дар ҳаёти ҳамарӯза низ ғолиб хоҳед буд – дар ин ҷо обунаи ройгон ба замимаи тамрини фитнес ва нақшаи инфиродии фитнеси қаҳрамони UFC - Ҳабиб Нурмагомедов вуҷуд дорад!

Fолиб

Пардохти муштарӣ дар як моҳ: 125 смн

  • Бастаи дақиқаҳо дар ҶТ: 200 дақиқа
  • Бастаи трафики Интернет: 2000 МБ
  • Суғуртаи BIMA: 500 смн
  • Опсияҳои ройгон: Замимаи фитнеси OctaZone, Instagram, Viber, WhatsApp, Facebook ва Messenger


Фармони пайвастшавӣ: *440*125#


Гузариш Гузариш

Fолиб+

Пардохти муштарӣ дар як моҳ: 250 смн

  • Бастаи дақиқаҳо дар ҶТ: 500 дақиқа
  • Бастаи трафики Интернет: 5000 МБ
  • Суғуртаи BIMA: 1000 смн
  • Опсияҳои ройгон: Замимаи фитнеси OctaZone, Youtube, Facebook, Instagram, Vk, Odnoklassniki, Twitter, Viber, WhatsApp, Facebook ва Messenger


Фармони пайвастшавӣ: *440*250#

Гузариш Гузариш

  • Донистан муҳим аст!

    1. Трафики интернетии истифоданашуда (Мб) ба моҳи дигар интиқол ёфта, дар давоми 90 рӯз ҷамъбаст карда мешавад.
    2. Пас аз анҷоми дақиқаҳо дар ҶТ зангҳо дар дохили шабака ройгон буда, ба дигар операторони мобилӣ 20 дирам/дақиқа –ро ташкил медиҳад.
    3. Фармон барои аз сари нав пайваст шудан: *440*10#.
    4. IVR 440.

  • Суғуртаи BIMA

    1. Мӯҳлати амали баста - 30 рӯз аз лаҳзаи пайвастшавӣ.
    2. Муҳлати эътибори пардохти бима 60 рӯз аст.
    3. Пешниҳоди кӯмаки бимавӣ (суғуртавӣ)
    a. Ба муштарӣ маркази тамос (хизматрасонӣ)-и ширкат BIMA 5511 дастрас аст.
    b. Давраи суғурта 1 моҳи тақвимӣ ба маблағи 500 ё 1000 сомонӣ мутобиқи опсия муқаррар карда мешавад;
    c. Агар муштарӣ ПМ-ро пардохт накунад, суғурта (бима) пешниҳод намешавад;
    d. Новобаста аз осеб ҳаҷми суғурта пурра пардохт мешавад;
    e. Ҳангоми рӯй додани нохушӣ дар давоми 60 рӯз ширкати BIMA-ро огоҳ кардан зарур аст;
    f. Қаламрави суғурта (бима) тамоми ҷаҳон ҳисобида мешавад, ба ғайр аз нуқтаҳое, ки муноқишаҳои ҷангӣ идома доранд;
    g. Агар муштарӣ суғурта шуда бошад, аснои фавт (марг) хешовандони ӯ метавонанд маблағи суғуртаро мутобиқи ТН бигиранд;
    4. Суғурта (бима) намешаванд!
    a. Қасдан расонидани зарар барои гирифтани маблағи суғурта;
    b. Дар натиҷаи худкушӣ ё кӯшиш (қасд)-и худкушӣ;
    c. Ҳангоми ҷанг ва муноқишаву низоъҳо;
    d. Бар асари заҳролудшавӣ аз майзадагӣ, инчунин ҳангоми заҳролудшавӣ дар натиҷаи истеъмоли моддаҳои нашъадор, доруворӣ ва / ё психотропӣ бе дорухати духтур;
    e. Ба далели амалҳои ҳангоми мастӣ анҷомшуда;
    f. Аснои идора кардани воситаи нақлиёт бе санад (бе ҳуқуқи рондан), ё дар ҳолати мастӣ;
    g. Бо сабабҳои бевосита ва бавосита, ки ба бемориҳо рӯҳӣ, фалаҷ ва саръ иртибот доранд;
    h. Дар натиҷаи ҳомиладорӣ, таваллуд ва ё мушкилии вобаста ба ин омилҳо.


Ба тарофаҳои “Ғолиб” ва “Ғолиб+” шабакаҳои иҷтимоии бемаҳдуд, паёмрасонҳо, бастаи дақиқаҳо дар кишвар, бастаи иловагии интернет ва суғуртаи тиббии BIMA Insurance дохил мешавад. Вақте метавонед яке аз беҳтаринҳо бошед, дар нимароҳи ғалаба бознаистед. Ба ғайр аз ин, як қисми даромад аз ҷадвали тарофаҳои «Ғолиб» ба корҳои хайрия равона мегардад!

Пайваст шавед ва ғолиб бароед!

ФИТНЕСИ ХУДРО БО ҚАҲРАМОНИ ҶАҲОН оғоз кунед! Дар замима аз Ҳабиб Нурмагомедов нақшаи фитнеси инфиродиро гиред: https://octazone.app/ru

Замимаи OctaZone: Тамринот аз Ҳабиб

Google-Play.png   App-Store.png