Роуминг дар ҳавопаймо
Қадамҳои осон барои бақайдгирӣ дар шабакаи шарики Aeromobile барои истифодаи роуминг дар дохили ҳавопаймоҳо:
- 1. Хомӯш кардани Ҳолати парвоз/Ҳолати ҳавопаймо;
- 2. Аз рӯйхати шабакаҳои дастрас шабакаи Aeromobile-ро интихоб кунед (агар шабака худкор интихоб нашуда бошад);
- 3. Барои истифодаи интернет, лозим аст «Маълумот дар роуминг»-ро фаъол созед.
Пеш аз парвоз боварӣ ҳосил кунед, ки хидмати «Роуминги воқеӣ ё осон» дар шумораи шумо фаъол шудааст. Бо тартиби пайвастшавӣ метавонед аз ин ҷо шинос шавед.
Шабака танҳо баъд аз баландшавии ҳавопаймо дастрас мешавад. Пас аз фуруд дар макони таъинот, шабакаи мобилиро ба шабакаи мувофиқи кишвари будубош иваз кунед.
Рӯйхати ширкатҳои ҳавопаймоӣ:
Turkish Airlines. Etihad Airways. Emirates. Uzbekistan Airways. Kuwait Airways. Asiana Airlines. Aer Lingus. Air Belgium. Biman Bangladesh Airlines. Cathay Pacific. Egyptair. Eva Air. Ita Airways. Lufthansa. Malaysia Airlines. SAS Scandinavian Airlines. Singapore Airlines. Swiss. Tap Air Portugal.
Шумо метавонед бо нархҳои ин хидмат дар инҷо шинос шавед.
Муҳим аст бидонед!
Маълумоти иловагӣ дар бораи ин хидмат (тартиби интихоби шабака, рӯйхати ҳавопаймоҳо, чӣ гуна ин хидмат кор мекунад ва ғайра)-ро метавонед дар сомонаи расмии шарики роуминги мо бо гузаштан ба пайванд пайдо кунед.