Нашр
Хабарҳо

Tcell ба ҳама тоҷикистониён, ки имсол 20-сола мешаванд ба муносибати солгардаш ҳадя медиҳад!

12.10.2020

Дар соли 2020 оператори пешсаф ва навовари кишвар- ширкати Tcell солгарди худро ҷашн мегирад: 20 сол боз Tcell ба тоҷикистониён технологияҳои муосирро пешниҳод карда, рушди бахши телекоммуникатсионии кишварро суръат мебахшад!

Tcell аз ҳар як муштарӣ, ки Tcell -ро ҳамчун оператори телекоммуникатсионии худ интихоб менамояд, самимона қадрдонӣ мекунад. Ва ба сифати ҷашни солгарди худ, ширкат барои сокинони Тоҷикистон эътои тӯҳфаҳо ва ҷоизаҳои писандида, инчунин бонусҳоро ба нақша гирифтааст.

Ширкат яке аз аввалин иқдомҳои идонаи худро эълон менамояд: ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ки имсол 20-сола мешавад (ҳамсинни Tcell) рақами нуқрагӣ ҳадя хохад кард! Барои ин зарур аст, ки ба ягон маркази хизматрасонии ширкат бо шиноснома муроҷиат намоед.

Tcell бо ифтихор дар саргаҳи суръатбахшии рушди технологии Ватан қарор дошта, ба оянда боэътимоди қавӣ менигарад. Бо шарофати ҳар як муштарӣ мо дар ҷодаи рушди технологӣ ва тақвияти ин бахш ба фардои аз ин беҳтар мерасем!

ok-03.png

Возврат к списку