Хабарҳо

Ғолибони марҳилаи аввали иқдоми “Пардохти муваффақ” аз Tcell муайян шуданд!


Даври аввали иқдоми бузургмиқёси бебохти “Пардохти муваффақ” аз Tcell ва Hyundai ба охир расид! Дар ин марҳила 10 барандаи тӯҳфаҳо муайян шуданд, ки “пардохти муваффақ” –ро анҷом додаанд. Онҳо 5 телефони ҳушманди Samsung A30, 3 Smart TV Samsung, MacBook ва сабукрави тамғаи Hyundai Accent-ро бурд карданд!

Марҳилаи аввали аксия аз 1 май то 14 июн идома ёфт. Ҳамаи муштариёни ширкати Tcell аз саросари Тоҷикистон, ки ба тавозуни телефони мобилиашон аз 10 сомонӣ бештар маблағ гузарониданд, ба таври худкор (автоматӣ) иштирокчии иқдом гардиданд.   Қуръакашӣ барои муайян кардани барандагони иқдом дар дафтари марказии Tcell дар шаҳри Душанбе ва бо ҳузури муштариёну тамошобинон, намояндагони ширкату хабарнигорон сурат гирифта, тавассути барномаи мустақими радиои “Ватан” пахш гардид. 

10 ғолиби даври аввали иқдом тариқи қуръакашӣ дар таҷҳизоти автоматӣ, ки бо системаи омехта, тубчаи рақамгузоштаро (ва он дар маҷмӯъ ID-рақами муштариро ташкил дод) пешниҳод мекунад, муайян карда шуд. Ҷуғрофиёи барандагони тӯҳфаҳо хеле бузург аст: онҳо муштариёни Душанбе, Спитамен, Хуҷанд, Шаҳритус, Панҷакент ва Ҷайҳун мебошанд. Ҷоизаи асосӣ- автомобили Hyundai Accent насиби муштарӣ аз ноҳияи Восеъ гардид!
Рӯйхати пурраи ғолибон, ки ID-рақамашон бурд кардааст, дар сомонаи расмии ширкат: https://www.tcell.tj/content/news/successful-payment/ мавҷуд аст.

Дар зудтарин фурсат намояндагони Tcell ба ғолибон тамос гирифта, онҳоро ба маросими эҳдои тӯҳфаҳои иқдоми “Пардохти муваффақ” даъват менамоянд ва мо имкони дидани чеҳраи барандагонро пайдо хоҳем кард! 

Пас аз ба анҷом расидани марҳилаи аввали иқдоми “Пардохти муваффақ” даври дуюми аксия оғоз гардида, он то 29 июл идома меёбад. Бурди ҷоизаҳо рӯзи 30 июл сурат мегирад. Дар ин марҳила низ иштирокчиёни аксия имкони бурди 5 смартфони Samsung A30, 3 Smart TV Samsung, MacBook ва аз ҳама асосӣ мошини Hyundai Accent-ро доранд. Даври ниҳоӣ бошад аз 30 июл то 10 сентябр ҷараён гирифта, теъдоди ҷоизаҳо афзоиш меёбад: дар марҳилаи охир 10 телефони ҳушманди Samsung A30, 4 Smart TV Samsung, 3 MacBook ва автомобилӣ Hyundai Accent ба бозӣ гузошта мешавад.

Барои иштирокчии аксия шудан фақат зарур аст, ки ба тавозуни телефонатон 10 сомонӣ ва ё бештар аз он маблағ гузаронед. Барои ҳар як 10 сомонӣ ба муштарӣ SMS-паёмак бо ID-рақами инфиродӣ ирсол мегардад ва баъдан ин рақамҳо дар бурди ҷоизаҳо иштирок менамоянд. Таври мисол, агар Шумо ба тавозунатон 50 сомонӣ гузаронед, соҳиби 5 ID-рақам хоҳед шуд.

Иқдоми «Пардохти муваффақ» - бебохт аст, зеро муштарие, ки дар он иштирок мекунад, ҳеч гуна маблағи иловагӣ сарф наменамояд. Маблағи муштарӣ дар тавозуни ӯ боқӣ мемонад, аз он комиссия ҳисобида намешавад ва муштарӣ онро барои интернет ва ё пайвастшавӣ ба дигар хизматрасониҳо сарф карда метавонад.

Тавозуни худро ба 10 сомонӣ пурра карда, соҳиби ID-рақами инфиродӣ ва иштирокчии аксия шавед! Шояд ҳамин пардохти Шумо муваффақ мешавад!

Муфассал дар бораи шартҳои баргузории иқдоми “Пардохти муваффақ” дар сомонаи расмии ширкат:
 https://www.tcell.tj/content/news/conditions-of-the-promotion-successful-payment/

Tcell - бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

1.JPG

2.JPG

3.JPG

4.JPG
1656

Муштарии мухтарам! Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки аз 25.06.2019 ба тарофаи Интернет тағйирот ворид мегардад.

Ҳамаи зангҳои воридоти ва СМС-ҳои содиротӣ баста мешаванд.
Агар Шумо истифода барандаи баронами «ЧиГап» бошед, тарофаи Шумо ба тарофаи «Аввалин 2016» иваз карда мешавад.
Маълумоти бештар оиди тарофаи  «Аввалин 2016» дар сомонаи  https://www.tcell.tj/tj/rates/tarofahoi-arhivi/tarofai-avvalin-2016.php.
1667

Tcell шарики баргузории Намоишгоҳи байналмилалии тиҷоратии «Суғд-2019» мешавад!


Рӯзҳои 21 ва 22 июни соли 2019 шашумин Намоишгоҳи байналмилалии тиҷоратии “Суғд-2019” баргузор мегардад! Чун шарики анъанавӣ, Tcell барои ҳамаи иштирокчиён ва меҳмонони маросими мазкур таъмини алоқаи боэътимодро ба зимма гирифта, ҳамзамон маҳсулоти худӣ ва хизматрасониашро барои муштариёни корпоративӣ ва ҳамшарикон пешниҳод месозад.

Маврид ба ёдоварист, Тcell ҳамасола аз баргузории Намоишгоҳи байналмилалии “Суғд” пуштибонӣ карда, ин дастгирӣ ба анъана табдил ёфтааст. Дар соли гузашта (2018), ширкати Tcell барои беш аз 5000 меҳмон ва 300 иштирокчии ярмарка аз гӯшаву канори Тоҷикистон ва меҳмонон аз кишварҳои дуру наздик алоқаи мобилиро дар ҷараёни намоишгоҳ таъмин намуд. Он замон, баъди ҷамъбасти намоишгоҳи “Суғд” дар шаҳри Хуҷанд беш аз 100 шартномаи дохилӣ, ёддошт ва ҳусни тафоҳум миёни ҳамкорон (шарикон) ба тасвиб расида буд. 

Имсол, дар намоишгоҳи «Суғд-2019» иштироки меҳмонон ва ширкатдорон бештар дар назар гирифта шудааст. Дар ин чорабинӣ истеҳсолкунандагон ва тавлидгарони маҳсулоти кишоварзӣ, намояндагони корхонаҳои бузурги саноатӣ, бонку муассисаҳои молиявӣ, ширкатҳои нақлиётӣ, логистикӣ ва иртиботот, расонаҳо ва ғайра иштирок хоҳанд кард. Тсеll ҳамчун пешоҳанги бозори коммуникатсияи Тоҷикистон, махсусан дар бахши хидматрасонии корпоративӣ барои бештари  корхонаву муассисаҳое, ки дар намоишгоҳи “Суғд” ширкат меварзанд, алоқаи боэътимодро пешниҳод месозад. Ин раванд дар вилояти Суғд дар қиёс ба дигар манотиқ чашмрастар ва воқеъбинона аст.

Дар намоишгоҳи байналмилалии «Суғд-2019» инчунин иштироки доираҳои тиҷҷорӣ ва коршиносон аз Федератсияи Русия, Узбекистон, Қирғизистон Қазоқистон, Белорус, Чин, Корея, Покистон, Ҳиндустон, Лаҳистон ва Сербистону дигар кишварҳо дар назар дошта шудааст.

Ҳамаи иштирокчиёни форуми тиҷории “Суғд-2019” бо алоқаи баландсифати Тcell таъмин гардида, меҳмонони намоишгоҳ ва намояндагони доираҳои ҳирфаӣ аз WiFi-и баландсуръат истифода бурда метавонанд. Барои таъмини ин кор дар макони баргузории ярмарка шабакаи махсуси ширкат фаъол хоҳад шуд.

Ҳамчунин, ширкати Tcell дар ин намоишгоҳ чанд мизи мудавар ва муаррифии маҳсулоти худиро дар ҳошияи он роҳандозӣ менамояд. Меҳмонону иштирокчиён бо сабк (тамға)-и ҷадиди Тсеll ошно гардида, бо стратегияи фаъолияти он шинос хоҳанд шуд. Зимнан, ҳамёни ТезСум, ки маҳсулоти нави муштараки ширкати Tcell ва Аввалин Бонки молиявии Хурд барои замимаҳои телефонҳои ҳушманд аст, муаррифӣ мешавад.   

Намоишгоҳи байналмилалии «Суғд» аллакай дар кишвар шинохта шуда, дар доираҳои иқтисодӣ сазовори баҳои баланд гардидааст. Воқеъан, ярмаркаи мазкур барои корхонаву муассисаҳои иқтисодӣ, тоҷирон ва коршиносони молиявӣ майдони радду бадал, ба роҳ мондани ҳамкорӣ, имзои созишномаву муоҳадаҳои ҳамкорӣ маҳсуб меёбад.

Ҳамасола дар ин намоишгоҳ даҳҳо санади ҳамкорӣ тасвиб мешаванд, ки он барои пешрафти иқтисоди кишвар ва беҳсозии вазъи иҷтимоии Тоҷикистон мусоидат карда, дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва сеҷонибаи ҳамшариконро муайян месозад.

Намоишгоҳи байналмилалии «Суғд-2019» бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Палатаи тиҷорат ва саноати Тоҷикистон, инчунин пуштибонии шарикони рушд ташкил мешавад. 

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

SM_EXPO.png

1335

Tcell беш аз 1000 кӯдакро дар рӯзи ҷашнашон табрик кард!

Июн – моҳи дӯстдоштаи бачаҳост: соли таҳсил маҳз дар ин моҳ ба анҷом мерасад, сайру саёҳат ва бозӣ дар ҳавои тоза ва аз ҳама асосиаш дар ин моҳ мо Рӯзи ҳимояи атфолро таҷлил менамоем! Tcell Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро қайд кард: аксияҳо баргузор шуданд, консерт ва ҷамъомадҳои дигар сурат гирифтанд, дар ҳама гӯшаву канори мамлакат ба тифлакон ҳар гуна ҳадяҳо тақдим гардиданд! Беш аз 1000 нафар тарбиягирандагони хонаи бачагон, мактау боғчаҳо имкон пайдо карданд, ки ин рӯзро хотирмон таҷлил намоянд.

Дар доираи масъулияти иҷтимоии худ, ширкати Tcell ба қишри камбизоати Тоҷикистон дасти кӯмак ва хайрхоҳӣ дароз мекунад. Кормандони Tcell ба парваришгоҳу интернатҳои кӯдакони имконияташон маҳдуд ва мактабҳо рафта, тарбиягирандагони ин ҷойҳоро бо тӯҳфаҳои идона хурсанд карданд. 

Дар ноҳияи Вахш Tcell ба хонаводаи Назировҳо, ки 12 сол боз кӯдакони шунавоиашон суст ва гунҳоро дарс медиҳанд, рафт. Дар ин ҷо зану шавҳар ба шогирдони худ бо забони имову ишора ҳарф задан, табиати атрофро шинохтан ва дарки маъниҳоро меомӯзонанд. Дар ҳоли ҳозир дар ин оила 25 кӯдак зиндагӣ карда, тарбияву таълим мегиранд. Tcell ба ҳар кадоме аз хонандагони ин ҷо тӯҳфаҳои вижа ва хотирмон тақдим кард.  

Дар шаҳри Бохтар намоиши саҳначаи ҳаҷвии театри Лӯхтак “Афсона” баргузор гардида, Тcell беш аз 100 кӯдаки имконияташон маҳдудро ба тамошои он овард. Онҳо аз таҳти дил шодиву хурсандӣ карда, пас аз анҷоми намоишнома аз шириниҳои тӯҳфашуда нӯши ҷон карданд. 

Ҳамчунин, дар Бохтар тарбиягирандагони мактаб-интернати махсуси рақами 5 аз Тсell ҷиҳози мактабӣ, аз қабили ҷузвдон, молҳои канселярӣ ва либоси мактабӣ гирифтанд. 

Дар Хуҷанд бошад дари боғи фароғатӣ-фарҳангии маҳалали 18-ум барои кӯдакони имконияташон маҳдуд боз гардида, бо пуштибонии молии Тсеll беш аз 150 тифл дар арғунчаку атраксион ва майдонҳои ин боғ бозӣ карданд.   

Ҷашнвораи бузурги бачагона, ки бо мусоидати Tcell дар Хоруғ, дар боғи марказии вилоят доир шуд, то дер гоҳ аз хотири бачаҳо зудуда нахоҳад шуд. Ид як рӯзи дароз давом кард ва ворид гардидан ба боғ на фақат барои атфол, балки барои ҳамаи хоҳишмандон комилан ройгон буд.  Дар ҳавои фораму тозаи боғ кӯдакон хушнудӣ карда, ба бозиҳои гуногун машғул шудан. Ба ғайр аз ин, дар боғ озмуни рассомони хурдсол баргузор гардида, ҳамаи кӯдакон асарҳои худро пешниҳод намуданд. Аснои ҷоизагирӣ қариб касе бе насиб намонд!    

Дар Рӯзи кӯдакон Tcell чорабиниҳои омӯзишии бачагонаро низ дастгирӣ кард: пуштибонии барномаҳои омӯзишии насли наврас дар стратегияи иҷтимоии ширкат аҳамияти вижаи худро дорад.

Дар Хоруғ Олимпиадаи риёзии зеҳнӣ дар назди ДОМ (Донишгоҳи Осиёи Марказӣ) бо дастгирии Tcell ҷараён гирифта, иштирокчиёни хурдсол қабл аз сафар ба Бишкек барои ширкат дар Олимпиадаи панҷуми Байналмилалии риёзӣ бори дигар дониши худро ба таври амалӣ санҷиданд.   

Дар Душанбе ширкати Tcell ғолибони озмуни рассомони хурдсолро, ки ба «Рӯзи ҳимояи кӯдакон» бахшида шуда, он дар якҷоягӣ бо Федератсияи Клубҳои миллии ЮНЕСКО дар Тоҷикистон ва Академияи “Империяи Дониш” баргузор гардида буд, қадрдонӣ кард.   

Ҳамчунин, дар Душанбе ширкати Tcell аз баргузории як мусобиқаи кӯдаконаи варзишӣ оид ба шоҳмот пуштибонӣ кард. Барои иштирок дар ин сабқат беш аз 200 дӯстдори ин навъи варзиш, ки синнашон аз 5 то 12-сола буданд, ҷамъ омаданд. Дар охир ғолибон бо медолу ифтихорнома ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ шуданд!

Tcell ҳамчун ширкати масъулияти иҷтимоидошта ҳамеша чоарбиниҳои хайрия ва тарҳҳои омӯзишӣ доир месозад. Бо ироаи кӯмак ба қишри ниёзманд ва дастнигар, ширкати Тcell саҳми худро дар пешрафти ҷомеъа, ки дар он фаъолият менамояд, мегузорад. Ҳамқадами замон будан, бо марому василаи вақт ҳампо будан ва пештози татбиқи фанноварии ҷадид дар кишвар будан барои ширкати Tcell аз роҳбурҳои усулии фаъолият маҳсуб мегардад. 

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Конкурс рисунков.JPG

Семья глухонемых.jpg

Фестиваль Хорог (2).JPG

Фестиваль Хорог.JPG

Худжанд (2).JPG

Худжанд.JPG

Шахматы.JPG

школа №5 Бохтар.jpg

ЮНЕСКО.JPG
1410

Тоҷикистон дар остонаи оянда: Tcell дар Осиёи Марказӣ аввалин шабакаи 5G –ро дар Тоҷикистон роҳандозӣ менамояд!


Ширкати телекоммуникатсионии Tcell дар қаламрави Тоҷикистон аввалин шуда, литсензияи 5G-ро соҳиб гардид ва омода аст, то ин технологияи навинро ба ҳамватанон ошно созад!

Tcell, ҳамчун ширкати пешқадам ва инноватсионӣ, ҳамеша ба мутобиқгардонии навовариҳои пешрафтаи технологии ҷаҳонӣ ва татбиқи онҳо барои манфиати сокинон ва бахши тиҷорати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.  Қаблан низ ширкати Tcell аз аввалинҳо шуда дар бозори мухобироти Тоҷикистон технологияҳои 3G ва 4G –ро ҷорӣ кард ва ин тамоюлро бо ҷорӣ намудани стандарти насли нави иттилоотии 5G идома медиҳад!

5G (технологияи насли панҷуми мобилӣ) чист?
5G, яъне насли ояндаи технологияи мобилӣ барои таҳкими интернети босуръат, ки суръаташ якчанд гигабит дар як сонияро дар бар мегирад. Тавассути сматфонҳо, планшетҳо ва дигар таҷҳизотҳои 5G ин навгонӣ метавонад сифати хизматрасонии интернетиро ба сатҳи тамоман нав боло барорад. Боиси зикр аст, ки 5G намуди алоқаест, ки аз технологияи мавҷудаи LTE босуръаттар буда, имкон медиҳад, ки филмҳои Full High Definintion (Full HD) -ро ба дастгоҳи мобилии худ дар якчанд сония боргирӣ намоед.

Аммо муҳимтар аз ҳама, 5G дар рушди технологияҳои Интернет (IoT, Internet Things) имкониятҳои бузург дорад. Технологияи “IoT” пайвастшавии дастгоҳҳои мухталиф ба шабака мебошад, ки онҳо бо якдигар бидуни дахолати инсон муошират хоҳад намуд. 5G имкон фароҳам меоварад, то ҷомеа бо технологияи ҷадид муҷаҳҳаз гардида, «smart сity» (шаҳри ҳушманд), «smart  house» (хонаи хонаи ҳушманд), системаҳои таълими фосилавӣ ва системаҳои тиббӣ ва дигар навовариҳое, ки зиндагии моро осон ва шавқовартар мегардонанд, бунёд намояд. 5G метавонад «ҳалли фаврӣ»-ро, хусусан дар ҳолатҳои фавқулодда, масалан, ҳангоми ҷарроҳии фосилавӣ (аз дур бо имкониятҳои муосир), ё идораи автомобилҳо бидуни ронандаро таъмин созад. Баъзе технологияҳое, ки зикр шудаанд, аллакай таҳия шуда, дар амалия мутобиқ карда мешаванд. Tcell, ҳамчун навовари ин соҳа, дар ташаккул ва рушди ин технология саҳми назарраси худро хоҳад гузошт.

Имрӯз, бисёре аз кишварҳо дар марҳилаи банақшагирӣ ё татбиқи шабакаи 5G қарор доранд, дар замоне, ки баъзе аз кишварҳои пешрафта аллакай онро ҷорӣ карда, аз ин шабака истифода мебаранд.   

Чаро ширкати Tcell?
Ширкати Тсеll дар ҳоли ҳозир ва таърихи то имрӯзинааш дар Тоҷикистон ҳамчун навовари технологияҳои мухталиф ва муосир барои рушди ҷомеаи кишвар маҳсуб ёфта, дар анҷом додани ин лоиҳаҳо муваффақ гаштааст. Tcell яке аз аввалин операторони 3G дар Осиёи Марказӣ эътироф гардида, ин намуди алоқа (3G)-ро дар қаламрави ОМ ва Тоҷикистон роҳандозӣ кард ва ин омил дар ибтидои солҳои 2000-ум бозори алоқаи Осиёро ба куллӣ тағйир дод. Дар соли 2014 Tcell яке аз аввалин операторони Тоҷикистон буд, ки пахши тиҷоратии шабакаи 4G LTE – ро амалӣ намуд. Бо мурури замон Tcell рушди шабакаи худии 4G LTE-ро бо васеъ намудани фарогирии шабакаи мазкур, баланд бардоштани иқтидор ва суръати он, барои фароҳам овардани алоқаи баландсуръат ва боэътимод дар саросари ҷумҳурӣ идома дода, корҳои зиёдеро дар ин самт ба анҷом расонд.

Ҷорӣ намудани технологияи 5G ба Tcell имкон медиҳад, ки заминаҳои нави технологиро барои ҷомеаи тоҷик фароҳам созад. Ин фанноварии ҷадид имкон медиҳад, ки ширкат дар заминаи он хизматрасонии наву пешрафтаи муосирро ба муштариён пешниҳод намояд. Инчунин ин омил ба рушди дигар провайдерҳои хидматрасонӣ дар кишвар мусоидат хоҳад намуд; аз қабили хидматрасониҳои ҳукумати электронӣ, шаҳрҳои “ҳушманд ва зебо” ва ғайра, ки метавонанд аз имкониятҳои ҷадиде, ки ин технологияи пешбинӣ кардааст, истифода баранд. Метавон бо итминон гуфт, ки 5G барои кушодани уфуқҳои нав дар бахши тиҷорати диҷитол (рақамӣ) дар Тоҷикистон саҳифаҳои нави таърихиро мекушояд ва бо ин васила ба рушди иқтисоди диҷитоли кишвар такони нав хоҳад дод.

5G чӣ гуна ҳаёти моро тағйир хоҳад дод?
Сифати аълои видео ва аудио омили асосии рушди шабакаи 5G ба ҳисоб меравад. Маҳз шабакаи  5G зарур аст, то корбарон (умуман истифодабарандаҳо) аз видеои баландсифат, конфронсҳои видеоӣ, бозиҳои онлайн ва виртуалӣ баҳра баранд. Аммо имкониятҳои зикргардидаи 5G бо ин ҳама маҳдуд намешавад. Бахшҳои кишоварзӣ, гидроэнергетика, сохтмон, тандурустӣ ва маориф - ҳамаи ин соҳаҳо ниёз доранд, ки дорои системаи интиқолдиҳандаи фаврии маълумоти зиёд бошанд, зеро ин дастовард ба онҳо имконият медиҳад, корро бо низоми фаъолияташон роҳату осон ба анҷом расонанд. Истифодаи технологияи 5G ва IoT метавонад ҳамаи инро дар зудтарин фурсат имконпазир гардонад.

“Ҳангоми татбиқи ҳама гуна фанноварии нав мушкилот ва таваккал монеъаи он мешаванд, аммо маҳз ҳамин омилҳо боиси навоварӣ ва пешрафт мегарданд. Бо ворид кардани 5G дар ҳаёти мо, мо имкониятҳои навтарин ва фантастикии технологияҳои муосир ва моделҳои нави бизнесро дар Тоҷикистон шоҳид хоҳем шуд. Мо бошем, ҳамчун ширкати технологӣ боз як бори дигар қавлеро, ки ба муштариён ва ҷомеъа дар мавриди ироаи алоқаи боэътимод ва босуръат  ва дар ин замина ояндаи устувори технологияро месозем, додаем, ба иҷро мегузорем”, - мегӯяд раиси кулли ширкат Озодхон Давлатшоев. “Мо дар Тсеll ба ин бовар ҳастем, ки роҳи аз ҳама асосӣ ва дурусти пешгӯии оянда – оғози бунёди он дар имрӯз аст, чӣ гуна ки фантастикӣ ва ғайириимкон ҳам бошад”.  

Кай бояд 5G-ро дар Тоҷикистон интизор шуд?
Барои татбиқи пурра ва рушди стандартҳои алоқаву хидматҳои 5G дар назди ширкати Tcell корҳои зиёде мавҷуданд, инчунин маблағҳои ҳангуфте даркор аст, ки барои омода сохтани зерсохтор (платформа) гузошт. Тсеll дар ҳоли ҳозир маблағгузориро оғоз кардааст. Муайян кардани басомадҳои нав зарур аст, ки суръати баланд ва фарогирии боэътимодро таъмин намуда, навсозии инфрасохторӣ лозим аст: 5G дар баробари 4G ва 3G фаъолият карда, пайвастшавии смартфонҳо ба ин шабакаҳо (вобаста ба шабакаи дастрас) тағйир хоҳад ёфт. Ҳамчунин, барои истифода дар шабакаи 5G, смартфонҳои махсусе, ки ин шабакаро дастгирӣ менамоянд, лозиманд, ин навъи таҷҳизоти мобилӣ нисбат ба смартфонҳои имрӯза пурқувваттар мебошанд. Бо дарназардошти корҳои зикршуда ва имкониятҳои фаннӣ, Tcell ният дорад, марҳилаи ибтидоии оғози шабакаи 5G-ро ҳамин сол амалӣ намояд. Ҳамчунин, гуфтушунидҳо бо таъминкунандагони татбиқи тарҳҳои “шаҳри ҳушманд”, “хонаи ҳушманд” идома доранд. Ин ҳаҷми хеле бузурги кору фаъолият ва иқдоми ҷиддӣ аст, аммо 5G низ дар пушти кӯҳҳо нест ва Тсеll дар ояндаи наздик ҳадаф дорад, ки муштариён, ҳамаи тоҷикистониён ва меҳмонони кишварро бо имкониятҳои ҳайратовари технологияи нав хушҳол намояд.

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

5G
1476

Муштарии мухтарам!

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки барои баъзе тарофахои Tcell аз 17 июни соли 2019 оиди шартҳои истифодаи хизматрасонии Чи Гап тагйиротхо ворид карда мешаванд.  
1422

Tcell бозиҳои лигаи олии футболи Тоҷикистонро дар соли 2019 дастгирӣ мекунад!

Аллакай то имрӯз ҳашт даври қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ таҳти сарпарастии бузургтарин ширкати мухобиротии кишвар- Тcell баргузор гардидааст. 8 дастаи иштирокчӣ дар сабқати мазкур 32 бозӣ гузаронида, 133 400 мухлис бевосита ин бозиҳоро дар майдон ва бар пояи омори пешниҳодсохтаи шабакаҳои “Варзиш” ва “Футбол”  32 миллион онҳоро тавассути телевизион тамошо карданд.

Барои ширкати Tcell дастгирии чорабиниҳои варзишӣ дар стратегияи масъулияти иҷтимоӣ ҷойгоҳи вижаеро ишғол менамояд. Ширкати Тсеll бо тарғибу ташвиқи тарзи ҳёти солим, дастгирии мусобиқаҳои варзишӣ саҳми худро дар тақвияти саломатӣ ва устувории миллат мегузорад.     

«Сарпарасти аслии футболи лигаи олии мамлакат гардида, мо дида истодаем, ки футбол дар Тоҷикистон чӣ тавр рушд меёбад, чӣ гуна мардум ин бозиро дӯст медоранд, он ҳаводори зиёд дорад ва дар ин навъи варзиш чӣ қадар маблағгузорӣ ва хзахираҳои моддӣ сарф мешавад. Мо ҳамчун бренди устувор ва мӯътадили бозори иқтисоди Тоҷикистон сабқатҳои варзишӣ, аз ҷумла чунин мусобиқаҳои сатҳи олиро дастгирӣ карда, ба одамон, махсусан ба ҷавонон аҳамият ва муҳимияти тарзи ҳаёти солимро расонида, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ташвиқ менамоем”,- мегӯяд Раиси кулли ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев – «Миёни ҳамкорони мо низ мухлисони зиёде ҳастанд, мо қариб аз ҳамаи дастаҳо пуштибонӣ мекунем ва ба ҳамаи онҳо барору пирӯзӣ мехоҳем!”

Чемпионати Тоҷикистон миёни тимҳои лигаи олӣ, ки бо дастгирии ширкати Тсеll ҷараён дорад, аз бузургтарин чорабиниҳои варзишии кишвар дар соли 2019 маҳсуб меёбад.Дар мусобиқоти лигаи олӣ, ки имсол барои бори 28-ум доир мегардад, ҳашт даста ширкат меварзад. Инҳо дастаҳои «Истиқлол» (Душанбе), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Хатлон» (Бохтар), ССКА «Помир» (Душанбе), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), инчунин «Истаравшан» (Истаравшан) мебошад. Мусобиқоти мамлакат дар се давр бургузор гардида, ҳар як даста 21 вохӯрӣ мегузаронад.

Пас аз ҳашт даври бозиҳо дастаи “Истиқлол” дар садри ҷадвали мусобиқот қарор дошта, бо 22 имтиёз пешсаф аст. Дар бозии марказии даври ҳаштуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи кишвар тими “Истиқлол” дастаи “Хуҷанд”-ро бо ҳисоби 2:1 мағлуб карда, мавқеъашро дар ҷадвал устувор кард. Бошгоҳи “Кӯктош” бо 14 хол ва дастаи “Регар-ТадАЗ” бо касби 12 имтиёз мутаносибан ҷойҳои дуюму сеюмро ишғол менамоянд.    

Тибқи натиҷаи бозиҳои моҳи апрел беҳтарин мураббии футболи Тоҷикистон муайян гардид. Бар пояи он,  Ҳаким Фузайлов, сармураббии тими “Истиқлол” – беҳтарин мураббӣ ва Нозим Бобоҷонов, нимҳимоягари дастаи “Регар-ТадАЗ” – беҳтарин бозигар эътироф гардиданд. 

Даври нӯҳуми Қаҳрамонии футболи Тоҷикистон рӯзҳои 15 ва 16-уми июн сурат пазируфта, дастаҳои «Истиқлол» – ССКА «Помир», «Хуҷанд» – «Панҷшер», «Истаравшан» – «Регар-ТадАЗ» ва «Хатлон» – «Кӯктош» байни ҳам рақобат хоҳанд кард.

Tcell мухлисону ҳаводорони футболро ба тамошои бозиҳо даъват карда, ба ҳамаи дастаҳо пирӯзӣ ва дастовард таманно менамояд. 

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

1.jpg

2.jpg

3.jpg

4.jpg
1396

АЗНАВБАҚАЙДГИРӢ


FAQ



Саволҳо
Ҷавобҳо
Ба номи як одам чанд SIM-корт пайваст кардан мумкин аст?

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09.02.2019 с., №64 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.04.2016с. таҳти 207-7», Шурўъ аз 15 феврали соли 2019 ба номи як шахс пайваст намудани на зиеда аз 2 SIM корт дар ҳамаи операторони хизматрасонии алоқаи барқии ҶТ муқаррар карда шудааст.

Тағйироти мазкур дар кадом робита, дар асоси кадом қонун  ва  аз тарафи кӣ ворид шудааст?
Тағйироти мазкур ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст.  Қарори мазкур ба ҳамаи операторони мобилӣ  ҶТ паҳн мегардад.
Ба кадом шиноснома SIM кортро аз нав ба расмият даровардан ва пайваст кардан мумкин аст?
Азнавбақайдгирӣ ва пайвастшавӣ ба шабакаи мобилии барқӣ қатъиян бо пешниҳоди шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014, яъне ID корт (ID корт – корти плостикии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон) амалӣ карда мешавад. Шиносномаҳои намунаи коғазие, ки дар соли 2014 гирифта шудаанд, ҳамчунин бояд ба намунаи пластикӣ иваз карда шаванд.
То кадом лаҳза аз нав ба қайлгирии sim-корт бо шиносномаи намунаи соли 2014 (шиносномаи пластикӣ) зарур аст?

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати азнавбарасмиятдарории SIM кортҳо аз 15 феврали соли 2019 то 15 августи соли 2019 муайян карда шудааст, аз рӯзи нашри расмии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Пайвастшавӣ бо пешниҳоди шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 анҷом дода мешавад.

Пайвастшавӣ қатbъян бо пешниҳоди шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи аз соли 2014 боло, яъне ID корт (ID корт – корти пластики шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон) амалӣ карда мешавад. Шиносномаҳои намунаи коғазие, ки дар соли 2014 гирифта шудаанд, ҳамчунин бояд ба намунаи пластикӣ иваз карда шаванд.

Оё ҳангоми харидории сим-кортҳо барои истифодабарии интернет маҳдудият мешавад?

Маҳдудият аз рӯи миқдор барои пайвастшавии (тарофаҳои интернет бе алоқаи овозӣ) sim кортҳо барои истифодаи:

  • Модемҳо
  • Роутерҳо
  • Smart соатҳо;
  • ресиверҳо ва ғ.паҳн намегардад.

Ман 3 Sim-корт дорам, дутоаш аз ширкати шумо ва якто аз дигар ширкат. Оё ман метавонам ҳар сеи ин сим-кортоҳоро дар худ монам.

Муштарии муҳтарам, мутассифона, тибқи қарор, ба номи як нафар пайваст намудани танҳо 2 сим-корт дар ҳамаи операторони мобилӣ иҷозат дода шудааст.

Маҳдудият ба пайвастшавии сим-кортҳо барои истифодабарии Модемҳо, роутерҳо, Смарт соатҳо, ресиверҳо паҳн намегардад.

Агар як сим-кортро хомуш кардан зарур бошад, ман бояд чӣ кор кунам, чӣ тавсия медиҳед?
Агар Шумо зиёда аз ду сим-корт дошта бошед, дутои онро метавонед барои овоз истифода баред, сеюмашро барои интернет.
Муштариён чӣ тавр метавонанд муайян кунанд, ки дар номи онҳо чанд SIM-корт ба қайд гирифта шуда аст?
Мутаассифона, мо дар ин бора маълумот надрем, чун ба базаи умумии ҳамаи ширкатҳо дастрасӣ надорем. Аммо агар Шумо миқдори сим-кортҳои ба номи Шумо дар ҶСП «Индиго Тоҷикистон» ба қайд гирифта шударо аниқ кардан хоҳед, лутфан ба марказҳои хизматрасонии ширкат муроҷиат намоед.
Чаро шиносномаҳои қоғазӣ ҳангоми гирифтани қарз дар бонкҳо, фуруши хизматрасониҳо ва дигар намудҳо амал мекунанду ҳангоми азнавбарасмиятдарории SIM-корт ҳамин шиноснома амал намекунад?

Муштарии муҳтарам, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 09.02.2019с. №64 талабот танҳо барои ширкатҳои мобилӣ ва хизматрасонии алоқаи мобилӣ паҳн мегардад.

Шиносномаи ман бемуҳлат аст, ман бояд онро ҳатман иваз карда рақамамро аз нав ба қайд гирам?

Муштарии муҳтарам, мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 09.02.2019с. №64 азнавбақайдгирӣ ва пайвастшавӣ қатъиян бо пешниҳоди шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014, яъне ID корт (ID корт – корти пластики шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон) анҷом дода мешавад.

Агар  ман сим-корти худро аз руи шиносномаи намуди нав (корти идентификатсионӣ) аз нав ба расмият даровада бошам, зарурат ҳаст, ки ман расмиёти  азнавбақайдгирии сим-кортро гузарам?

Дар сурате, ки агар Шумо сим-кортро аз руи шиносномаи намунаи нав ID корт (ID корт – корти пластики шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба расмият дароварда бошеду ба номи Шумо танҳо ду сим-корт дар ҳамаи операторони  мобилии ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шуда бошад, аз нав ба расмият дарории рақамҳо зарур нест.

Арзиши аз нав ба расмият даровардани сим-корт чанд сомонӣ мебошад?
Азнавбарасмиятдарорӣ, азнавбақайдгирӣ ройгон (аз 22.02.2019с.)
Нархи пайвастшавии сим-кортҳои нав чӣ қадар мешавад?
Арзиши пайвастшавиҳои нав мутобиқи нақшаи тарофавии интихобшуда мебошад.
Агар сим-кортро аз руи шиносномаҳои намунаи нав то муҳлати муқаррашуда аз нав ба расмият надарорем чӣ мешавад?

Дар сурате, ки агар муштарӣ то охири муҳлати муайяншуда (15 августи соли 2019) рақамҳои худро азнав ба расмият надарорад, рақамҳои вай баста мешаванд.

Пас аз қатъи  рақам дар давоми 6 моҳи баъдӣ имконияти муроҷиат ба марказҳои хизматрасонӣ ва фаъол кардани рақам мавҷуд аст. 

Ба номи манн 2 SIM-корт, ки ман барои тюнер, модем ва ғайра истифода мебарам, ба қайд гирифта шудаанд, ман бояд чӣ кор кунам?
Муштарии муҳтарам, мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пайват намудани танҳо ду сим-корт ба номи як шахс дар ҳамаи операторони мобилии Ҷумҳури Тоҷикистон иҷозат дода шуда аст, ба истиснои рақамҳои барои истифодабарии таҷҳизотҳо (модемҳо, роутерҳо, смарт-соатҳо ва ғайра).
Фарзандони ноболиғи ман аз SIM-кортҳои ширкати шумо, ки ба номи манн ба расмият дароварда шудаанд истифода мебаранд. Оё имкони ба расмият даровардани онҳо ба номи фарзандони ман ҳаст?
Ба расмиятдарорӣ танҳо ба номи кӯдакони ба синни 16-17 сола расида бо розигии хаттии яке аз волидон ва доштани шиносномаи намунаи соли 2014 (ID-корт) мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад. Қарори мазкур ба ҳамаи операторони мобилӣ  ҶТ паҳн мегардад. Шуморо зарур аст, ки ба марказҳои хизматрасонӣ мурочиат намуда, аризаи намунаи муқаррагардидаи ширкатро пур кунед.
Фарзандони ман 16-17 сола мебошанд, оё ман метавонам барои онҳо ба номи худи онҳо Sim-корт харидорӣ кунам /аз нав ба расмият дарорам?
Муштарии муҳтарам, бале ин имконпазир аст, дар ҳолате, ки агар ба номи кудакони Шумо қаблан на зиёда аз 2 рақам, мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда бошад, қарори мазкур ба ҳамаи операторони мобилии ҶТ дахл дорад.
Бо SIM-кортҳое, ки аллакай ба номи кӯдакони то 16 сола ба расмият дароварда шуда буданд чӣ бояд кард?
Ҳамаи SIM кортҳои, ки пештар ба номи кӯдакони то сини 16-сола ба расмият дароварда шуда буданд, бояд тибқи тартиби муқарраргардида аз нав ва бо доштани шиносномаи намунаи соли 2014 (ID-корт) ба расмият дароварда мешаванд.
Ман маъюб ҳастам ва шиносномаи ман намунаи куҳна аст аст, пластикӣ нест чӣ бояд кард? Падару модари манн пир астанд.
Муштарии муҳтарам, ба Шумо тавсия медиҳем, ки ба Ҷамоати маҳаллии худ барои мусоидат дар ивази шиносномаи намунаи қуҳна ба шиносномаи плостикӣ (ID-корт) муроҷиат кунед.
Ман истифодабарандаи  «Чӣ Гап» ҳастам ва аз қаламрави Тоҷикистон берун қарор дорам, ба Тоҷикистон баъд аз 1-2 сол бар мегардам, чӣ бояд кард?
Дар ҳолате, ки агар муштарӣ то ба охир расидани муҳлати ҷудогардида (15 августи 2019) рақамҳои худро аз нав ба расмият дароварда натавонад, пас аз гузашти ин мӯҳлат, рақам баста мешавад. Баъд аз баста шудани рақамҳо, дар муддати 6 моҳ имконияти муроҷиат ба марказҳои хизматрасонии Ширкат ҳаст.
SIM-кортҳо ба номи падару модароне, ки берун аз қаламрави ҶТ қарор доранд, ба расмият дароварда шудаанд,  истифодабарандагони SIM кортҳо кудакон мебошанд.
Дар ҳолате, ки агар муштарӣ то ба охир расидани муҳлати ҷудогардида (15 августи 2019) рақамҳои худро аз нав ба расмият дароварда натавонад, пас аз гузашти ин мӯҳлат, рақам баста мешавад. Баъд аз баста шудани рақамҳо, дар муддати 6 моҳ имконияти муроҷиат ба марказҳои хизматрасонии Ширкат ҳаст.
Дар ҳолате, ки муштарӣ дар хориҷи кишвар қарор дораду имкони аз нав ба расмият даовардани SIM кортро надорад, чӣ бояд кард?
Дар ҳолате, ки агар муштарӣ то ба охир расидани муҳлати ҷудогардида (15 августи 2019) рақамҳои худро аз нав ба расмият дароварда натавонад, пас аз гузашти ин мӯҳлат, рақам баста мешавад. Баъд аз баста шудани рақамҳо, муштарӣ имкон дорад, ки дар муддати 6 моҳ ба марказҳои хизматрасонии Ширкат муроҷиат кунад.
Агар SIM-корти манро то бозгашти ман қатъ намоянд, ман метавонам ҳамон рақами пешинаамро барқарор кунам?
Дар ҳолате, ки агар муштарӣ то ба охир расидани муҳлати ҷудогардида (15 августи 2019) рақамҳои худро аз нав ба расмият дароварда натавонад, пас аз гузашти ин мӯҳлат, рақам баста мешавад. Баъд аз баста шудани рақамҳо, дар муддати 6 моҳ имконияти муроҷиат ба марказҳои хизматрасонии Ширкат ҳаст.
Муштарии норизо: Шумо ҳама аз ақл берун шудаед, безор кардаед бо ҳамин аз нав ба расмият дарориҳоятон ва ғйра.
Норозигии Шуморо хуб мефаҳмам, аммо Ширкат субъекти хоҷагидориест, ки дар асоси иҷозатномаи фаъолият ва қонунгузории Тоҷикистон амал менамояд,  мо вазифадор ҳастем, ки Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ворид намудани тағйирот иҷро намоем. Талаботи мазкур ба ҳамаи операторони мобилӣ дахл дорад. Мо намехоҳем, ки муштарии худро дар шахси Шумо аз даст диҳем ва умедворем, ки моро мефаҳмед.
Ман шиносномаамро иваз намекунам, агар хоҳед Sim-кортҳои худро бигиред/хамуш кунед.
Норозигии Шуморо хуб мефаҳмам, аммо мо вазифадор ҳастем, ки Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ворид намудани тағйирот иҷро намоем. Талаботи мазкур ба ҳамаи операторони мобилӣ дахл дорад. Мо намехоҳем, ки муштарии худро дар шихсияти Шумо аз даст диҳем ва умедворем, ки моро мефаҳмед.
Арзиши ивази шиноснома чӣ қадар аст?

Мутобиқи тартиби ВКД ҶТ оид ба ивази шиносномаи намунаи соли 2014 ба шиносномаи нав (ID-корд) ҳуҷҷатҳои зерин зарур аст:

  • Расиди пардохти муқарраршуда аз  АМОНАТБАНК барои гирифтани шиноснома; 
  • Шаҳодатномаи таваллуд барои шаҳрвандоне, ки ба синни 16-солагӣ расидаанд; 
  • Шиносномаҳои волидайн ва нусхаи онҳо (барои касоне, ки бори аввал шиноснома мегиранд). 
  • Шаҳодатномаи ақди никоҳ, шаҳодатномаи бекор кардани никоҳ;
  • Санади муассисаи тиббӣ дар бораи гурӯҳи хун;
  • Маълумотнома аз ҷои зист;
  • РМА
  • Акси 3,5х4,5.
  • Расиди пардохти 10$ бо қурби Бонки миллӣ дар рӯзи пардохт 
Шиносномаи намудани навро ман аз куҷо дастрас карда метавонам?
Барои гирифтани шиносномаи намунаи нав (ID-корти плостикӣ) Шумо бояд ба ШВКД-и ҷои истиқомататон муроҷиат намоед.

1887

Tcell дар водии Зарафшон иртиботро беҳтар кард


Ширкати Тсеll дар ҳошияи барномаи таҷдид ва модернизатсияи шабакаҳои худ дар манотиқ, 6 пойгоҳи мавҷпарокании стандарти 3G-ро дар нуқтаҳои сераҳолии навоҳии Панҷакенут Айнӣ ба истифода дод! 

Сокинони деҳаҳои Хушекат, Рарз, Гузари бод ва Фатмеви ноҳияи Айнӣ, инчунин ҷамоатҳои Вору ва Лоиқ Шералии ноҳияи Панҷакент аз ин ба баъд имкони истифода аз иртибот (алоқа)-и навъи 3G-ро бо тамомии бартарияташ доранд. 

Ба василаи таҷдиду навсозии шабака, аҳолии ин манотиқ имконияти пайвастшавӣ ба шабакаи ҷаҳонии Интернетро пайдо карданд. Бо дастрас шудани интернети баландсуръат дар шароити кӯҳистон, сокинон метавонанд аз ҳама манобеъи иттилоотӣ истифода намуда, замима-барномаҳои паёмрасон, аз ҷумла “Чӣ гап” аз Тсеll-ро дар гӯшиҳои ҳушманди худ насб намоянд. Тавсеаи шабака дар ин ҷо бархе мушкилоти мавҷударо дар пойгоҳҳои қаблӣ бартараф карда, ирсоли сигнал ва алоқаро ба маротиб беҳтар месозад. Табиист, ки дар шароити кӯҳистон чунин дастовард хеле муҳим аст. 

Ҳамчунин, дар масири шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ, аниқтараш дар ҷои баромад аз нақби “Шаҳристон” то маркази ноҳияи Айнӣ насби таҷҳизоти иловагӣ, ки барои мусофирону ҷаҳонгардону сокинони маҳаллӣ имконияти беҳтар гузаронидани вақтро фароҳам меорад, ба анҷом расид.

Дар баробари насби пойгоҳҳои алоқа ва тавсеаи шабака, ширкати Tcell дар шаҳраки Саразми ноҳияи Панҷакент, ки ба феҳрасти иншооти Байналмилалии Мероси ҷаҳонӣ шомил шуда, мавзеъи дӯстдоштаи сайёҳон ба шумор меравад, таҷҳизоти иловагии навъи 3G-ро пайваст кард. Насби ин таҷҳизот ҳам дар хатти марз ва ҳам дар фосилаи бештар аз он сифати Интернетро беҳтар сохта, иртиботро таъмин менамояд. Ҳамроҳ ба ин, рӯзҳои наздик ифтитоҳи чанд маркази хизматрасонии ширкат дар манотиқи наздимарзӣ дар назар аст. Дар ин дафтарҳо сайёҳону меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон имконияти ба тарзи содда гирифтани SIM-картҳоро хоҳанд дошт.

Ширкати Tcell дар қаламрави вилояти Суғд тавсеаи бузургмиқёси шабакаи худро идома дода, ба одамони дар дурдасттарин деҳаҳои кӯҳистон низ имкони  истифода аз иртиботу интернетро фароҳам меорад. Ҳамин тавр, дар моҳҳои январ-феврали соли равон дар 17 нуқтаи аҳолинишин ва истгоҳи мавҷпарокании ширкат умури техникӣ ва таҷдид ба охир расида, навсозӣ дар пойгоҳҳои базавии Хуҷанд, Гулистон, Конибодом ва Истиқлол вазъи фаннӣ ва сифати алоқаро ба куллӣ ба гунаи мусбат тағйир дод. 

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

3G_Press__.jpg
1411

Иқдоми роумингии «Ҷомадони Бунафшӣ»


Сафар кардан – беҳтарин роҳи тағйири вазъ, табъи худ ва фазои атроф аст. Ва аммо кадом сафар бе ёрдамчии беминнати шумо- ҷомадон анҷом меёбад? Агар он боз бо мӯди нав бошаду фардияти шуморо таҷассум намояд, чӣ?!

Чунин ҷомадонро шумо ҳангоми гирифтани бағоҷ ҳеч гоҳ аз назар гум наменамоед, он ҳамеша аз дигар борхалтаву ҷомадонҳо тафовут дорад!

Ширкати Tcell имконияти бурди чунин ҷомадонҳои зебо, замонавӣ ва аз ҳама асосӣ – бунафшрангро фароҳам меорад! Аз хизматрасонии «Роуминги воқеӣ» ва ё “Роуминги осон” дар роуминг дар моҳҳои май то октябр истифода бурда, давоми як моҳи тақвими ҳамагӣ 100 сомонӣ дар роуминг сарф намо ва иштирокчии озмун шав!

Шурӯъ аз моҳи июн, на дертар аз таърихи 15-уми моҳ (ҳар моҳа) панҷ нафар ғолиби бурди ҷоиза тавассути генератори шумораҳои тасодуфӣ муайян карда мешавад.

Дар охири сол бошад, ғолибонро боз як армуғони ҷолиб интизор аст! Имконияти бурди роҳхати ҷаҳонгардӣ (сайёҳӣ)! Тафсилоти бештарро бо мутолиаи навгониҳои баъдӣ дарёфт менамоед!

Барои тафтиши пайвастшавӣ ба роуминг фармони *601# -ро анҷом додан зарур аст. Барои фаъолсозии хизматрасониҳои  «Роуминги воқеӣ ва ё Роуминги осон» мутаносибан тугмачаҳои *601*1#  ва ё *607*1# -ро пахш намоед. Пеш аз хориҷ шудан аз қаламрави Тоҷикистон тавассути замимаи My Tcell ин амалро низ ба анҷом расонидан мумкин аст. Фаъолгардонии хизматрасонӣ ройгон аст,   фақат бояд дар тавозуни телефони Шумо бештар аз 5 сомонӣ вуҷуд дошта бошад. Маълумоти бештар дар бораи пайвастшавӣ ва хизматрасониҳои роуминг дар пайванди зер: https://www.tcell.tj/tj/roaming/voqei-va-oson/paivastshavi-va-shartho.php

Vsuitcase_1280x720_tj_site.jpg
1750


Страницы: Пред. 1 ... 28 29 30 31 32 ... 63 След.