Хабарҳо

Tcell ва ФФТ: ҳамшарикӣ барои рушди футболи тоҷик


Рӯзи ҷумъаи 22 феврал ширкати Tcell ва Федератсияи футболи Тоҷикистон созишнома дар бораи ҳамшарикиро, ки мутобиқи он яке аз бузургтарин ширкатҳои мобилии кишвар    – Tcell сарпарасти аслии Лигаи футболи Тоҷикистон гардид, ба имзо расониданд.

Созишномаро Директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев ва ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Ӯрунов имзо карданд.

Бо имзои созишномаи ҳамшарикӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон, ширкати Tcell ҳамоно стратегияи дастгирии тарҳҳои ҷавонон ва варзиширо дар чорчӯби масъулияти иҷтимоиаш дар соли 2019 идома хоҳад дод. 

Ширкати Tcell сарпарасти асосии Лигаи футболи Тоҷикистон шуд. Имсол қаҳрамонии футбол миёни дастаҳои лигаи олии кишвар таҳти ҳимояти ЛФТ (Лигаи футболи Тоҷикистон) баргузор хоҳад шуд. Ҳашт тим аз шаҳру навоҳии Душанбе, Хуҷанд, Истаравшан, Турсунзода, Бохтар, Ҷалолиддини Румӣ ва Рӯдакӣ барои ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ рақобат мекунанд. Пас аз ҷамъбасти чемпионати кишвар, дастаи ғолиб ҳаққи ширкат ва намояндагиро аз номи Тоҷикистон дар Лигаи қаҳрамонии КФО-2020 (Конфедератсияи футболи Осиё)-ро дар қораи Осиё дарёфт менамояд.

Ҳамчунин, имсол бо дастгирии ширкати Tcell мусобиқаи футболи наврасони то 14-солаи Тоҷикистон баргузор мешавад. Қаҳрамонии футбол оид ба футболи кӯчагӣ «Футбол ба назди шумо меояд» дар соли 2019 чун анъана бо ҳимояти молии ширкати Tcell доир мегардад.

Дастгирии як чунин тарҳҳои варзишӣ ва ҷавонон барои ширкати Tcell аз аҳамияти муҳим бархӯрдор аст, маҳз ҳангоми наврасӣ ва ҷавонӣ миёни ҷавонон бояд тарзи ҳаёти солим ва рушди ояндаи онҳо ташвиқу тарғиб гардад.   

«Мо ҳамчун бренди рушдёбанда дар бозори Тоҷикистон саҳми худро дар масири рушд ва пешрафти ҷомеъа гузорем. Бо дастгирӣ ва кӯмак ба тарҳҳои варзишӣ дар чунин сатҳи баланд ба одамон паёмеро мерасонем, ки ояндаи солимии миллат ва ҷомеъа маҳз аз тарзи ҳаёти солим ва рушди бонизоми ҷомеъа вобаста аст. Мо аз ҳамкории стратегӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ифтихор менамоем ва итминони комил дорем, ки дар якҷоягӣ футболи тоҷикро рушд медиҳем ва ба дараҷаи даркорӣ мерасонем”,- мегӯяд директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.

Дар соли 2018 ширкати Tcell ҳамчунин лоиҳаи футболи кӯчагӣ миёни бачагонро «Tcell - Футбол ба назди шумо меояд»-ро дастгирӣ кард. Воқеан, ин сабқат хотирмон ва дар сатҳи олӣ баргузор шуд: дар ҳама гӯшаву канори Тоҷикистон чунин мусобиқа (дар ҳама шаҳру вилоятҳо) сурат гирифт. Tcell ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ба кӯдакони аз 6 то 12-солаи Тоҷикистон дар саросари кишвар имкон фароҳам оварданд, ки дар ин сабқатҳо ширкат намоянд. Беш аз 17 000 писару духтарон 14 072 мусобиқаи футбол дар Душанбе, НТМ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ баргузор карда, баъдан барои ширкат дар мусобиқаҳои дигар роҳхат гирифтанд. 

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

1.JPG

2.JPG

3.JPG

4.JPG

5.JPG

1493

Tcell беҳтарин велосипедронҳои Тоҷикистонро дар сабқати Ҷоми «Критериум»-и Суғд дастгирӣ кард


Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон бо дастгирии ширкати Tcell барои аввалин бор мусобиқаи варзишӣ барои ба даст овардани Ҷоми ФВҶТ «Критериум 2019»-ро дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд баргузор намуданд.

Мусобиқаи варзишии «Критериум» аз иштирокчиён омодагии ҳамаҷониба ва тайёрии комилро тақозо мекард. Ҷоми ФВҶТ «Критериум» ба гунаи як чорабинии диданӣ, тамошобоб буд, ки дар ҳалқароҳи масофааш 1,76 км дар маркази шаҳри Бӯстони вилояти Суғд тавассути кӯчаҳои Гагарин, Пушкин ва Мири ин шаҳр доир гардид.

Барои Ҷоми «Критериум» беш аз 35 велосипедсавори ҳирфаӣ (касбӣ) аз шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон дар чор даста (категория)-и синну солӣ миёни ҳам рақобат намуданд. Дар категорияи  «Ҷавонон» (17-18 сола)- Қодиров Фирдавсҷон, Бурҳонов Султонмурод, Қодиров Комрон баранда гардид, дар ҳамин намуд миёни духтарон - Фараҳнози Баҳром, Амонова Анасултон, Қурбонова Гулша ғолиб омаданд. Дар риштаи «Андераҳо» (19-22 сола) бошад, ҷойҳои  ифтихориро Юнусов Манучеҳр, Азизов Муҳаммадҷон, Абдуллоев Манучеҳр бо ҳам диданд. Дар категорияи «Элита» (аз 23-сола боло), Савостянов Далер, Раҳимов Ҷалол, Аминов Рахимҷон пирӯзӣ ба даст оварданд.

Ба барандагони сабқат ҳадяҳои арзишнок- смартфон ва зангҳои телефонӣ бо тавозун аз ширкати Tcell ҳадя намуданд. Ҳамчунин, ғолибон бо рақамҳои “зебо”-и “тиллоӣ”, “нуқрагӣ” ва “биринҷӣ” аз ширкат соҳиб гардида, ба тарофаи даркории «Даркор 59» пайваст шуданд.

Қарор аст, ғолибони ин сабқат дар мусобиқаи Қаҳрамонии Осиё-2019, ки дар кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон баргузор мешавад, ширкат намоянд.

Мусобиқаи варзишӣ барои дарёфти Ҷоми «Критериум» аз варзишкорон омодагии ҳамаҷонибаи варзишӣ, сабру тоқат ва саломатии комилро тақозо мекунад. Ҷоми ФВҶТ «Критериум-2019» аз беҳтарин чорабинии варзишӣ дар риштаи дучархаронӣ маҳсуб ёфта, барои аввалин бор дар маркази шаҳри Бӯстони вилояти Суғд баргузор гардид. 

«Мо, ба унвони як бренди пурқувват ва мӯътадил дар бозори иқтисодии Тоҷикистон, муваззаф ҳастем, ки саҳми худро дар рушди бахшҳои мухталифи кишвар гузорем. Бо дастгирии чорабиниҳои гуногуни варзишӣ ва варзишгарон, мо тарзи ҳаёти солимро ташвиқ карда, аҳамияти бузург доштани варзишро дар зиндагии одамон мефаҳмонем. Ба ҳамаи иштирокдорони чорабинии варзишӣ дастовардҳо ва комёбиҳои нав ба нави варзиширо таманно дорем”, - иброз дошт директори департаменти коммуникатсия ва маркетинги ширкати Тcell Кети Пирцхалава.

Мусобиқа барои дарёфти Ҷоми ФВҶТ  «Критериум 2019» бо ҳадафи тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва оммавӣ гардонидани варзиш миёни ҷавонон роҳандозӣ мегардад.   Чорабинии мазкури варзишӣ бо ибтикори Федератсияи велосипедронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мусоидати ширкатҳои Tcell ва Соса Соla баргузор мешавад.  

Tcell –    бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.


5.jpg

6.jpg

7.jpg

8.jpg

1459

Веломарафони оммавии зимистонаи Хуҷанд- Бӯстон бо алоқа аз Tcell


Ширкати Tcell баргузории веломарафони оммавии зимистонаро, ки ду шаҳри вилояти Суғд- Хуҷанд ва Бӯстонро ба ҳам пайваст кард, дастгирӣ намуд.

Расми ифтитоҳи веломарафон бо иштироки Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш, муовини раиси ҳукумати вилояти Суғд ва директори генералии ширкати Tcell баргузор гардид.

Дар веломарафони Хуҷанд- Бӯстон беш аз 200 дучархарон ва дӯстдорони ин навъи варзиш иштирок карданд. Дар ин сабқат, Шарипов Раббонишоҳ, Бобоҷонов Бобоҷон и Мухаммадҷонов Наимҷон, ки аз ҳама пештар ба марра расиданд, ғолибони мусобиқа эълон гардиданд. Ба барандагони сабқат ҳадяҳои арзишнок- смартфон ва зангҳои телефонӣ бо тавозун аз ширкати Tcell ҳадя намуданд. Ҳамчунин, ғолибон бо рақамҳои “зебо”-и “тиллоӣ”, “нуқрагӣ” ва “биринҷӣ” аз ширкат соҳиб гардида, ба тарофаи даркории «Даркор 59» пайваст шуданд.

Дар анҷомии сабқат ҳамаи иштирокчиёни веломарафон бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳои Федератсияи велосипедронии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи варзиш ва ҷавонони назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати РТ сарфароз гардонида шуданд. Tcell ҳамчунин барои ҳамаи иштирокдорони мусобиқа боз як иқдомро роҳандозӣ кард: ҳамаи варзишгарон имкон пайдо карданд, ки ҳангоми харидории рақамҳои “биринҷӣ” тахфифи 50%  дарёфт намоянд!

Аснои баргузорӣ ва идомаи веломарафон иштиркчиён аз алоқаи боэътимоди Tcell баҳравар гардида, аз ҷараёни мусобиқа аксу навор мегузоштанд, эҳсосоти худро баён мекарданд, онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн менамуданд.

Барои ширкати Tcell дастгирии чорабиниҳои варзишӣ аз умдатарин бахши кӯмак ба умури иҷтимоӣ маҳсуб меёбад ва ин барои ширкат масъулияти бузурге дорад. Тарзи ҳаёти солим ва арзишҳои онро ташвиқ карда, ба ин васила ширкати Tcell саҳми худро дар солимгардонии миллат ва афроди он мегузорад.  

«Мо чандин бор чунин мусобиқаҳои варзиширо баргузор ва ҳам дастгирӣ кардаем. Таври мисол, мусобиқоти футбол миёни кӯдакон, бозиҳои варзишии волейбол миёни донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои кишвар, инчунин мусобиқаи баскетбол миёни шахсони имконияташон маҳдудро ба ин намуна ворид кардан мумкин аст. Сабқатҳои варзишии мухталифро дастгирӣ карда, ба ин роҳ мо кӯшиш менамоем, ки ба одамон, махсусан ба қишри ҷавон тарзи ҳаёти солим ва аҳамияти варзишро дар ҳаёт бифаҳмонем. Итминон дорем, ки веломарафон дар Суғд барои рушди ин намуди варзиш мусоидат мекунад ва оғози чунин чорабиниҳои бузурги варзишӣ хоҳад шуд”, - мегӯяд Директори департаменти маркетинг ва коммуникатсияи ширкати Тсell Кети Пирцхалава.

 Веломарафони оммавии зимистона бо ҳадафи тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва оммавӣ гардонидани варзиш миёни ҷавонони Тоҷикистон доир мешавад. Чорабинии варзишии мазкур бо ибтикори Федератсияи велосипедронии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидати Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии ширкати Tcell, инчунин ширкати Coca-Cola-ву Somon Air баргузор мегардад.

Tcell –    бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.


1.jpg

2.jpg

3.jpg

4.jpg

1394

Марказҳои нави технологӣ барои хизматрасонии муштариёни Tcell – дар истгоҳҳои нақлиёт!


Дар шаҳри Хуҷанд чор истгоҳи нави технологии нақлиёти ҷамъиятӣ ифтитоҳ гардид, ки дар ҳар кадоме аз он марказҳои муосири хизматрасонии муштариёни Tcell фаъолият хоҳад кард! 


Ширкати Tcell бо кӯшиши боз ҳам наздиктар шудан бо муштариён, шабакаҳои худро тавсеа мебахшад, барои корбарон беҳтарин ва қулайтарин нуқтаҳои хидматрасониро боз менамояд. Ҳамакнун, сокинони Хуҷанд машварат ва ё кӯмакро дар ростои интихоби тарофа, хизматрасониҳо ва дигар сервисҳои ширкати мобилӣ аснои интизорӣ дар истгоҳи нақлиётӣ гирифта метавонанд.

Дар ин идораҳо (марокизи хизматрасонӣ) муштариён бо намудҳои мухталифи хизматрасонии ширкат ошно гардида, машварати кормандонро дар мавриди интихоби алоқа, интернет ва ғайра дарёфт менамоянд.  

Дар истгоҳ ва назди он ба сифати тахфиф (бонус) бошад, сокинони шаҳр метавонанд аз интернет Wi-Fi-и ройгон аз Tcell истифода баранд!

Маросими ифтитоҳи истгоҳҳои муосири технологӣ ва марокизи хизматрасонии муштариёни ширкати Tcell бо иштироки Раҷаббой Аҳмадзода, раиси ҳукумати вилояти Суғд, роҳбарони шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон ва Бобоҷон Ғафуров, инчунин Озодхон Давлатшоев, директори генералии ширкати Tcell сурат пазируфт.

  • Нишонӣ (суроға)-и истгоҳҳои муосири технологӣ:
  • Хиёбони И.Сомонӣ 10, истгоҳи майдони К.Хуҷандӣ (Универмаг);
  • Хиёбони И.Сомонӣ, 81 (Панҷшанбе);
  • Хиёбони С.Айнӣ (ДДХ);
  • Хиёбони И.Сомонӣ,158 (Панҷшанбе).

Ширкати Tcell дар саросари кишвар шабакаи бузурги марказҳои хизматрасонӣ дорад. Tcell дар ростои хидматрасонӣ ва сервиси ҳамаҷониба ба муштариён саъю талош дорад, то ба онҳо наздиктар шавад.
Интизори дидор бо шумо дар марказҳои хизматрасонии Тсеll ҳастем!

Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.


1.JPG

2.JPG

3.JPG

IMG_5497.JPG

1393

Tcell – боз ҳам муфидтар аз ҳар вақти дигар!

Мавсими идҳо наздик мешавад ва шумо майна об мекунед, ки чӣ туҳфа намоед!? Пешниҳоди идона аз Тсеll-ро бо маҷмӯи ду симкорт бо рақамҳои монанд пазируфта, дигар чизе ба муоширати шумо монеъа намешавад. Илова бар ин, давоми 3 моҳ ба ин пешниҳод тахфифи 14% ба пардохти муштарӣ ҳангоми пайваст шудан ба тарофаҳои «Даркор 35» ва аз он боло амал менамояд.    Тафсилоти бештар бо рақами 114. Дер намонед, пешниҳод маҳдуд аст!  

Tcell – боз ҳам муфидтар аз ҳар вақти дигар!

14.png

1429

«Пардохти муваққатӣ»


Муштарии муҳтарам, ба маълумоти Шумо мерасонем, ки аз 18.02.2019 дар хизматрасонии «Пардохти муваққатӣ» тағйироти нав ҷорӣ мегардад. «Пардохти муваққатӣ»-и 4 сомонӣ ба 5 сомонӣ ва 6 сомонӣ ба 10 сомонӣ иваз карда мешаванд. Нархи хизматрасонӣ мутаносибан  70 дирам ва 1 сомонӣ (бо ААИ ва аксиз). Муфассал дар 120.
1469

Рӯзи ошиқон дар Истамбул! Tcell барои беҳтарин изҳори муҳаббати “онлайнӣ” ҳадя медиҳад.


Ширкати Tcell ба ҷуфтҳое, ки мехоҳанд, “Рӯзи ошиқон”-ро ба гунаи романтикӣ қайд намоянд, туҳфаҳои арзишманд пешниҳод мекунад!  Барои беҳтарин изҳори ишқу муҳаббат ба ҳамсаратон дар шабакаҳои  иҷтимоӣ, шуморо “сюрприз”-и Тсеll, сафари хотирмон ба Истамбул интизор аст!


Ширкати Tcell дар иртибот ба Рӯзи ошиқон дар шабакаҳои иҷтимоӣ озмуни вижа “Tcell Love” баргузор кардааст. Муҳити диҷитол (рақамӣ) ҳар сония дар ҳоли пешрафт аст: Интернет ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти ҳар кадоме аз мо гардидааст. неотъемлемой частью жизни каждого из нас. Ширкати Тсеll дар ростои талош барои тавсеаи муҳити диҷитол  пешниҳод менамояд, ки ба ҷуфт (ҳамсар)-и худ мустақим изҳори муҳаббат кунед.    

Шарти асосии озмун- ироаи акс бо дӯстдоштаатон ва ибрози назар дар бораи ишқу муҳаббат, бахт ва саодати хонаводагӣ асту бас. Шумо метавонед дар мавриди шиносоӣ, зиндагӣ ва порае аз хотироти беҳтаринатон қисса карда, онро ирсол намоед. Tcell акс ва навиштаи шуморо дар бораи дӯстдоштаатон ба нашр мерасонад!

Ягона маҳдудият барои ширкат дар озмун ин аст, ки иштирокчиён набояд аз 16-сола хурдтар бошанд. Яъне, онҳое, ки аз ин бузургсолтаранд, ҳаққи ширкат дар озмунро доранд. 

Бар асоси натиҷаи ниҳоии озмун 3 ҷуфти ғолиб- барандаи озмун интихоб хоҳанд шуд. Иштирокчие, ки ҷойи аввалро мегирад, соҳиби чиптаи ҳавопаймои рафту баргашт барои ду нафар ба шаҳри зебову нотакрори Истамбул мегардад! Ҷуфте, ки мақоми дуввумро ишғол менамояд, бо мукофоти арзишманд- смартфони тамғаи Xiaomi Note 6 Pro ва ҷуфте, ки барандаи ҷои сеюм мешавад, соҳиби роҳхат ба SPA, инчунин ғизои романтикии шомгоҳ дар меҳмонхонаи панҷситорадори Hyatt Regency Dushanbe мешаванд!

Озмун рӯзи 1 феврал дар саҳифаи расмии Tcell дар Facebook шурӯъ гардид. Тайи чанд рӯз беш аз 150 ҷуфти зебо, ошиқи якдигар, меҳрубон ва хушбахт иштирокчии озмун гардида, ҳар лаҳза теъдоди онҳо рӯ ба афзоиш дорад!

Озмун то 14 феврали соли 2019 идома ёфта, маҳз дар ҳамин рӯз қабули аксҳо анҷом меёбад. Исми ғолибони озмун рӯзи 20-феврал дар саҳифаҳои Tcell дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон хоҳад шуд. Агар Шумо ошиқи ҳамсаратон ҳастед, ӯро дӯст медоред, муҳаббатонро ба каси дигар тақсим намекунед, ё қиссаи зебое доред, марҳамат ширкат намоед! Истамбул интизори Шумост!

Озмун “Tcell Love” дар чаҳорчӯби фаъолияти ширкат дар ростои тақвияти муҳити диҷитол ва ҷалби корбарон роҳандозӣ мешавад. Талоши ширкати Tcell ҷиҳати рушди муҳити рақамӣ (диҷитол), ҷалби муштариён ва ба ин васила рушди муҳити диҷитол дар Тоҷикистон идома хоҳад ёфт.

Барои ошноии бештар бо шартҳои озмун аз ин нишонӣ истифода намоед: https://www.facebook.com/tcell.tj/photos/a.187649434605043/2061391563897478/?type=3&theater

Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

TcellTrueLove.jpg

1509

Tcell рӯзи ҷаҳонии Интернети бехатарро ҷашн мегирад

5 феврал дар саросари ҷаҳон рӯзи байналмилалии Интернети бехатар (Safer Internet Day) таҷлил мешавад. Дар аксари кишварҳои дунё бахшида ба ин сана чорабиниҳои гуногуни омӯзишӣ сурат пазируфта, ширкатҳои гуногун муштаракан барои бехатарии Интернет, дастрасии корбарон ба Интернети бехатар, аз ҷумла барои истифодабарандагони наврас иқдом менамоянд. Tcell ҳамасола даҳҳо дарсҳои боз барои хонандагони макотиб баргузор карда, зимни он ба наврасон тарзи дурусти истифодаи Интернет ва амнияти интернетиро меомӯзонад.

Ширкати Tcell татбиқи лоиҳаи бузурги худ “Интернети бехатар” барои мактаббачаҳоро се сол боз идома медиҳад. Фақат дар тӯли соли 2018 ширкат ҳудуди 25 дарси бози “Интернети бехатар”-ро дар бораи имкониятҳои глобалии ин шабакаи ҷаҳонӣ ва таъмини амнияти техникӣ аснои истифода аз онро баргузор намуд. Дар машғулиятҳои «Интернети бехатар» хонандагон дар бораи тарзи дурусти истифода аз шабакаи интернет ва паҳлуҳои мусбати он иттилоъ гирифтанд. “Аз куҷо барои таҳсил маълумоти фоидаоварро бояд пайдо кард, чӣ тавр интернетро хуб ва барои омӯзиш истифода бурд, чӣ гуна иттилои дурустро аз “тақаллуб” фарқ кард, манбаҳои аслии маълумотёбӣ кадомҳоанд”,- саволҳое буданд, ки зимни дарсҳо хонандагон ба онҳо ҷавоб пайдо карданд.

Ин тарҳ дар посух ба тақвияти робитаи наврасон бо шабакаи ҷаҳонии интернет рӯйи кор омада, ҳадафи аслии он ба маҷрои дурусти истифода аз интернет роҳнамоӣ кардани мактаббачагон мебошад. Насли навро имрӯз наметавон аз фанноварӣ (технология) ҷудо тасаввур кард. Онҳо дар асри ҷадид ва замони дастовардҳои ҳайратовари илму фан ба дунё омада, умр ба сар мебаранд. Зиндагии ҷавонони муосир бе роёна, телефони ҳушманд, смартфону гаҷетҳо ҳатто ғайриимкон шудааст.

Таври маълум, насли нав ҳанӯз аз хурдсолӣ, аз синни 8-10 солагӣ ба истифодаи Интернет ва роҳу василаи он ошно мешаванд. Аз ин рӯ, муошират, иртибот, пайдо кардани дӯстони нав, корёбӣ, таҳсил ва ибрози эҳсоси онҳо тавассути зарфиятҳои бемаҳдуди интернет амалӣ мешавад. Наврасон бештар ба ин раванд ҳамоҳанг мешаванд ва худи онҳо дар шаклгирӣ (контентсозӣ)-и интернет саҳм мегиранд.

Ширкати Tcell ба ин сабаб кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки донишҳои интернетии наврасонро тақвият бахшад, тарзи дурусти истифода аз шабакаро барои рушди маънавӣ ва ташаккули шахсияти онҳо омӯзонад. Ҳамин тавр, ширкати Tcell бо ин роҳ дар ҷунбиш (ҳаракат)-и ҷаҳонии таъмини амнияти интернетӣ (ё интернети бехатар) саҳми худро мегузорад.

Моҳи феврали соли 2018 лоиҳаи «Интернети бехатар»-и “Тсеll” беҳтарин тарҳи иҷтимоӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ эътироф гардида, ҷоизаи вижаи Global Event Awards –ро соҳиб шуд.

Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.


1.jpg

2.jpg

3.jpg

4.jpg

5.jpg

6.jpg

7.jpg

1514

Tcell дар саросари вилояти Суғд шабакаашро тавсеа медиҳад


Ширкати Tcell лоиҳаи фарогири тақвияти шабакаашро дар вилояти идома медиҳад. Тайи чанд моҳи ахир корҳои техникӣ дар 17 минтақаи аҳолинишини навоҳии Исфара, Конибодом, Б.Ғафуров, Спитамен ва Деваштичу Мастчоҳ ба анҷом расиданд. Ба ғайр аз ҷамоатҳо, навсозӣ ва таҷдиди истгоҳҳои базавӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон ва Конибодому Истиқлол низ ба охир расиданд.


Натиҷаи тақвияту навсозии техникии шабакаро беш аз 300 000 сокини ҷамоат ва шаҳру навоҳии вилояти Суғд метавонанд эҳсос намоянд. Тавсеаи шабака ва тақвияти пойгоҳҳои иртиботӣ, ки дар ин минтақа сурат гирифтанд, барои боло бурдани зарфияту тавоноии истгоҳҳо ва беҳтар кардани фаъолияти шабака нигаронида шудаанд. Ҳамин тавр, пойгоҳҳое, ки таҷдид ва навсозӣ шудаанд, имкони бештарро доро мешаванд ва теъдоди муштариёне, ки аз алоқаи мобиливу интернет истифода хоҳанд кард, афзоиш меёбад.    

Дар бархе аз маҳаллаҳои аҳолинишин ҳамакнун имкон пайдо карданд, ки барои нахустин бор ба шабакаи мобилӣ бо стандарти 3G пайваст шаванд ва сифати Интернет низ беҳтар гардид. Бо ин роҳ, муштариён аз имконоти беҳудуди Интернет бархурдор гардида, барномаи «Чи Гап» аз Tcell-ро насб менамоянд. Ин васила имкон медиҳад, ки истифодабарандагон ҳамеша бо наздикону пайвандон дар иртибот бошанд. ,  

Дар ҳоли ҳозир теъдоди онҳое, ки аз хизматрасониҳои диҷитолӣ ва интернетии ширкати  Tcell истифода мебаранд, бештар гардида, ин раванд рӯз аз рӯз тақвият меёбад, аз ин рӯ тақвияти шабака ва таҷдиди истгоҳҳои мавҷпароканӣ дар ширкат муддавом идома хоҳад ёфт. Хизматрасониҳои нав, тарофа ва шароити беҳтар барои муштариён сифати фаъолиятро ба боло мебарад. Таври мисол, тарофаи нақшавии  «Даркор» барои корбарони фаъоли шабакаи ҷаҳонии Интернет бастаи калони трафики Интернетро пешниҳод менамояд. 

«Вилояти Суғд барои ширкати Tcell аз муҳимтарин минтақа маҳсуб меёбад,- чаро ки дар солҳои аввали 2000-ум, таърихи алоқаи мобилӣ маҳз аз ҳамин ҷо, аз шаҳри Хуҷанд оғоз гардид. Фаъолияти онвақтаи Tcel аз ин ҷо шурӯъ гардида, ҳамин тавр ширкати мо аввалин оператори мобилӣ дар кишвар аст, ки таърихаш аз Суғд сар мешавад! Мо лоиҳаи тақвият, таҷдид ва навсозии шабакаро дар Суғд идома дода, алоқаи боэътимодро дар дурдасттарин минтақаи ин мавзеъ таъмин хоҳем кард. Дар баробари ин албатта, аз сокинони шаҳрҳои бузург фаромӯш нахоҳем кард, ки ҳаёташонро бе Интернет тасаввур кардан ғайриимкон аст», - мегӯяд директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.

Ширкати Tcell лоиҳаи бузургмиқёси тавсеаи шабакаашро дар ҳамаи қаламрави Тоҷикистон идома медиҳад: дар пойтахт, НТМ, Суғд ва вилояти Хатлону ВМКБ аллакай бештари корҳои техникӣ анҷом ёфтаанд. Қисми зиёди минтақаҳо аз шабакаи стандарти 3G ва 4G истифода менамоянд. Дар чаҳорчӯби ин тарҳ дар ноҳияҳои тобеъи марказ 20 пойгоҳи нави стандарти 3G насб гардида, шабакаи насли чаҳорум- стандарти 4G дар Кӯлоб, Роғун ва Данғараву Хоруғ аллакай дастраси муштариён аст.

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

bs_tj khuj.png

1495

Cоли нави чинӣ бо Tcell – боз ҳам наздиктар!


Соли нави чинӣ – барои сокинони Чин ва бархе аз кишварҳои осиёӣ иди асосӣ, муҳим ва беҳтарин маҳсуб меёбад. Бо дарки муҳимияти ин ид, ширкати Tcell барои намояндагони ширкатҳои чинӣ, ки дар Тоҷикистон кор мекунанд ва муштарии ширкат мебошанд, ҷашни иди Соли нави чиниро баргузор кард.

Соли нави чинӣ бузургтарин иди мардуми он кишвар маҳсуб ёфта, ҳудуди 14 рӯз онро таҷлил менамоянд! Худи чиниҳо онро Соли нав- Иди Баҳор меноманд ва аммо таърихи ин ид ба 4000 соли қабл иртибот мегирад. Дар рӯзҳои таҷлил аз он ҳама хонавода гирди ҳам меояд ва хонаро бо чароғу лентаҳои сурх оро медиҳанд. Дар арафа ва рӯзҳои ид дар Чин оташбозӣ, таркондани маводҳои пиротехникӣ зиёд сурат мегирад. Ба қавли чиниҳо, ин барои тарсонидани қувваҳои бадӣ ва истиқболи нав омили аз ҳама асосист.  

Таҷлил аз Иди Соли нави чинӣ дар Тоҷикистон бо сабаби дар ин ҷо ба сар бурдани теъдоди зиёди сокинони Чин ва фаъолияти корхонаҳои он дар қаламрави ҷумҳурӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Зимнан, ширкати Tcell низ ин анъанаро нигоҳ дошта, барои муштариёни корпоративии ширкат чанд сол боз таҷлили соли нави чиниро баргузор менамояд. Соли нави чинӣ – беҳтарин баҳонаест барои ошно шудан ба фарҳанг, тамаддун ва таърихи ин халқ. Аснои ҷашнгирии соли нави чинӣ, ки ширкати Тсеll онро баргузор кард, рақси “Аждаҳо”-и чинӣ, тарона ва оҳангҳои тоҷикӣ, сурудҳои миллии чинӣ, расмкашӣ ва бисёр лаҳзаҳои тафреҳии муштаракро дидан мумкин буд.    

«Барои мо, махсус барои ширкати Tcell ташкил ва баргузории чунин мулоқотҳо бо доираҳои соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ аз манфиат холӣ нест. Дар баробари саҳмгузорӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон, чиниҳое, ба ҷумҳурии мо меоянд, дар ғанигардонии фарҳангу русму русуми мо саҳм мегиранд. Бо мусоидати онҳо, санъати таббохӣ (таҳияи ғизо), анъана ва фарҳанги мо боз ҳам рушд хоҳад ёфт”,- мегӯяд директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.

Ширкати Tcell барои муштариёни корпоративиаш иртиботи боэътимодро бо сифати олӣ таъмин намуда, ҳамарӯза ҷиҳати тақвияти алоқа саъю кӯшиш менамояд. Ҳар як муштарӣ дар ширкат ба таври алоҳида хидмат мегирад ва барояш беҳтарин хизматгузорӣ ва роҳи қулайи он пешниҳод мегардад. Аз оддитарин навъи хизматрасонӣ то интихоби забони муошират дар ширкат барои муштарин муҳайё аст. Ҳангоми таҷлили Соли нави чинӣ муаррифии хидматрасониҳо, маҳсулот ва навгониҳои ширкати Tcell пурра бо забони чинӣ барои меҳмонон ироа гардид.
Чунин муносибат ба ҳар як муштарии корпоративӣ фазои эътимоду ҳамкориро тақвият дода, барои боз ҳам рушди ҳамкориҳои дуҷониба заминаи мусоид фароҳам меорад. 

Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

1.jpg
319A8841.jpg
319A8898.jpg
319A8920.jpg
319A8953.jpg
319A8974.jpg
1448


Страницы: Пред. 1 ... 32 33 34 35 36 ... 63 След.