Хабарҳо

Муштариёни муҳтарам! Fолибони викторинаи “Билофосила”


Викторинаи “Билофосила”



Ҳоло мо тасмим дорем, ғолибони викторинаи “Билофосила”-ро, ки ҳафтаи гузашта (2018-11-04) пирӯз шуда буданд, эълон намоем (рақами муштарӣ- миқдори хол (имтиёз)-ҳо):

  • ХХХХХ3000 - 5519 имтиёз - 250 сомонӣ
  • ХХХХХ4020 - 3128 имтиёз - 200 сомонӣ
  • ХХХХХ4882 - 1251 имтиёз  - 150 сомонӣ
  • ХХХХХ3354 - 1021 имтиёз - 100 сомонӣ
  • ХХХХХ0900 - 939 имтиёз  - 50 сомонӣ
  • ХХХХХ6214 - 550 имтиёз - 30 сомонӣ

Ба муштариёни ғолиб маблағи зарурӣ (эълоншуда) дар тавозуни телефонашон гузаронида мешавад. Табрик мекунем!

Дар Викторина ширкат намоед ва барои ҷоизаи асосӣ талош варзед! Ғолиби моҳ  рӯзи 19-уми ноябри соли 2018 муайян мегардад. Муштарии ғолиб даъват ва бо маблағи 2000 сомонӣ мукофтонида мешавад.

Маълумот дар бораи даврҳои баъдӣ (Оғоз 00:00 ва анҷом 23:59:59);

Даври 2 - 18.10.2018 – 18.11.2018
Даври 3 - 19.11.2018 – 19.12.2018
Даври 4 - 20.12.2018 – 20.01.2019
Даври 5 - 21.01.2019 – 21.02.2019
Даври 6 - 22.02.2019 – 22.03.2019
Даври 7 - 23.03.2019 – 23.04.2019
Даври 8 - 24.04.2019 – 24.05.2019
Даври 9 - 25.05.2019 – 25.06.2019
Даври 10 -  26.06.2019 – 26.07.2019
Даври 11 - 27.07.2019 – 27.08.2019
Даври 12 - 28.08.2019 – 28.09.2019

1544

Қадрдонии ширкати Tcell аз дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон


Дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон



Ширкати Tcell тими футболи наврасони Тоҷикистон (U-16)-ро, ки чанде қабл барандаи роҳхати Қаҳрамонии футболи ҷаҳон дар Перу-2019 (U-17) ва дар Қаҳрамонии Осиё-2018 соҳиби медали нуқра гардиданд, қадрдонӣ кард! Ширкат ба бозигарони дастаи наврасон ва ҳайати мураббиён sim-кортҳои нуқрагин бо тарофаи “Даркор” тақдим намуда, тамоми сол онҳоро бо иртиботи ройгону интернети бемаҳдуд таъмин мекунад.
   

Директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев бо футболбозони наврас мулоқот карда, онҳоро ба ин дастоварди варзишӣ дар сатҳи байналмилалӣ табрик кард. Зимни суҳбат варзишгарон аз лаҳзаҳои бозиҳои финалӣ ёдовар гардида, эҳсосу хотираҳои худро нақл карданд. 

Озодхон Давлатшоев ба дастаи мунтахаби футболи наврасон дар сабқати ҷаҳонии футбол (Перу-2019) пирӯзиро таманно карда, аз номи ширкат ба онҳо симкорту туҳфаҳоро тақдим намуд. Варзишгарон имкон доранд, ки ба шабака пайваст шуда, тамоми сол аз иртиботу интернети ройгон аз тарофаи “Даркор” аз Tcell истифода баранд.

«Дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон барои ҳамаи тоҷикистониён мояи ифтихору сарбаландӣ гардидааст, дар ҳақиқат бо ин варзишгарон метавон ифтихор кард! Инҳо намунаи беҳтарини тарзи ҳаёти солим барои дигаронанд! Барои Tcell мулоқоту дастгирӣ аз ин бачаҳо амри воқеист, ин вазифаи пурмасъулияти ширкат дар назди ҷомеъа аст. Ширкати Tcell бо дастгирии варзишгарон ва саҳмгузорӣ дар рушди варзиши кишвар саъю кӯшиш менамояд, ки таваҷҷуҳи насли наврасро ба варзиш ҷалб намуда, онҳоро аз ҳар гуна падидаҳои номатлуб ва рафтан ба роҳи нодуруст ҳифз намояд”- мегӯяд директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.

ШиркатиTcell ҳамеша ҷонибдори тарзи ҳаёти солим буда, ба бахши варзиш, аз ҷумла футбол таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад. Яке аз лоиҳаҳое, ки чанде қабл ширкати Тселл муштаракан бо Федератсияи футболи Тоҷикистон анҷом дод, сарпарастии Лигаи футболи      кӯдакон таҳти унвони “Футбол ба назди шумо меояд» буд. Ин ҷашнвораи варзишӣ аз моҳи январ то апрели соли равон дар ҳама минтақаҳои Тоҷикистон идома ёфта, дар майдончаҳои варзишӣ беш аз 15.000 кӯдаки аз 6 то 12-сола ширкат карданд. 

Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

319A7432.JPG

319A7371.JPG

319A7438.JPG

1686

Абзорҳои худхизматрасонии Tcell: шарҳи навовариҳо, бартарият ва имконот


Абзорҳои худхизматрасонии Tcell



Таваҷҷуҳи хоса ба муштарӣ дар замони муосир барои ҳар як ширкат на фақат қонуни тиҷорат, балки асоси пешрафт ва фаъолияти босамар дар бозор аст. Бар пояи ин, ширкати Tcell, ки имрӯз қариб 3 миллион муштарӣ дорад, иртибот бо онҳоро аз авлавиятҳои фаъолияти худ қарор медиҳад: посух додан ба ҳама гуна суоли муштариён дар бораи сатҳу сифати иртибот, дарки мушкилот ва дархости муштариён, инчунин ҳалли проблемаҳои марбути алоқа ва хизматрасонӣ.

Tcell як қатор абзорҳоро пешниҳод менамояд, ки муштарӣ вақти худро беҳуда сарф накарда, мустақилона дар бораи хизматрасонӣ ва тарофаҳо маълумоти муфид мегирад. Таври мисол, ба ҷои тамос бо маркази хизматрасонӣ ё рафтан ба он ҷо, муштарӣ имкон дорад барномаи “Tcell-и ман” (Мой Tcell)-ро боргирӣ кунад, ё суолашро бевосита ба пайёмрасони “Чат-бот дар Telegram” ирсол намояд. Чунин абзорҳо ба ғайр аз пешниҳоди маълумот, дар мавриди идораи хидматрасониҳо низ кӯмак менамоянд: пайваст ва ё қатъ кардани тарофаву хизматрасониҳо, тафтиши тавозуни телефону бақияи ҳисоби ҷорӣ, мушоҳидаи фаъолиятҳои ахири муштарӣ.

Беҳтарин абзорҳои худхизматрасонӣ аз Tcell дар ҳоли ҳозир- барномаи Tcell-и ман” (Мой Tcell), портали ягонаи иттилоотии *105# ва Чат-бот дар мессенҷери Telegram мебошанд.

Tcell Bot дар Telegram

  • Функсияҳо: Истифодаи Чат-бот аз Tcell ҳамчунон содда аст- ба монанди пайёмнависӣ ба дӯстатон: бот дар муддати чанд сония иттилоъи комилро ба муштарӣ пешниҳод менамояд. Барои муштарӣ чунин хидматрасониҳои ёрирасон дар шохисҳои:  «Тарифаҳо», «Хидматрасониҳо», «Манобеъ», «Интернет», «Маълумоти инфиродӣ», «Пурра кардани тавозун», «Идора (дафтар)-ҳо дар харита», «Роуминг», «Аксияҳо», «Барномаҳои мобилӣ», «Мағоза» ва «Ҷойи кор» ҷо дода шудаанд.
    Ҳангоми интихоби намуди хидматрасонӣ, ки ба муштарӣ зарур аст, Чат-бот куллияи маълумоти даркориро дар ин бахш дар даричаи гуфтугӯ пешниҳод месозад ва ҳама фармонҳоро амалӣ менамояд: пайваст/хомӯш кардани тарофа, опсия ва ё хизматрасонӣ, фармони тафтиши тавозун ва ё боқимондаи мегабайтҳои интернет. Дар сурати зарурӣ, Чат-бот сомонаи расмии ширкатро бо маълумоти бештар боз менамояд ва ё нишониро барои боргирии барномаҳои «Мой Tcell» и «Чи Гап» дар App Store ва Google Play ба муштарӣ медиҳад. Аснои боз намудани «Идораҳо дар харита», бот макони будубоши шуморо муайян карда, суроғаи наздиктарин маркази хидматрасонии ширкати Tcell-ро ирсол менамояд. Tcell бот бо муштарӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ӯзбекӣ “гуфтугӯ” карда метавонад.
    Тарзи ҷустуҷӯ ва дарёфт: https://t.me/tcellchat_bot ва ё дар сатри ҷустуҷӯи Telegram вожаи   @tcellchat_bot –ро ворид карда, муколамаро оғоз намоед.

Tcell-и ман (Мой Тсеll)

  • Функcияҳо: Барномаи “Мой Tcell” ба муштариён имкон медиҳад, ки хидматрсонӣ ва тарофаҳои дилхоҳи худро дар реҷаи реалӣ идора намоянд. Барнома ҳамчунин ба маълумоти инфиродии муштарӣ (тарофаи ҷорӣ, хидматрасониҳои пайвастшуда, вазъи тавозун ва мушаххасоти дигар) шароит фароҳам меорад.Хидматрасонии ин барнома низ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англиси дастрас буда, ҳар моҳ беш аз 30 ҳазор муштарӣ аз он истифода мебаранд.
    Арзиш: ҳангоми истифода аз хидматрасонии мобилии Мой Tcell маблағ ситонида намешавад, яъне ин абзор барои шумо ройгон пешниҳод мешавад.
    Тарзи ҷустуҷӯ ва дарёфт: барномаро аз Google Play ва App Store боргирӣ кардан мумкин аст. Кор дар утоқи инфиродии муштарӣ тавассути веб-сайт бо нишонии зерин имконпазир аст: http://my.tcell.tj/

Портали ягона (воҳид)-и иттилоотии *105#

  • Функсияҳо: портали ягона (воҳид)-и иттилоотии *105# барномаи алтернативӣ маҳсуб ёфта, амалан ҳамон кору амали қаблиро анҷом медиҳад: фаҳмидани хароҷоти ҷорӣ, идораи хидматрасониҳо ва тарофаҳо. Фарқияти асосии портал ин аст, ки он пайвастшавиии фаъолро ба интернет тақозо намекунад. Ҳар рӯз аз ин портал беш аз 15 000 муштарӣ истифода менамоянд. Забони портал ба таври худкор (автоматӣ) аснои интихоби забони нотификатсия, ки муштарӣ интихоб мекунад, пешниҳод мегардад. Барои қабул кардани СМС-пайёмак ва дигар хидматрасониҳо бо забони тоҷикӣ фармони *257*1#; бо забони русӣ *257*2#; ва бо забони англисӣ фармони *257*3# -ро иҷро намоед.
    Арзиш: муштариёни Tcell аз ин портал ҳуқуқи истифодаи ройгонро доранд.
    Ҷустуҷӯ ва дарёфт: барои оғоз кардани кор дар ин портал фақат зарур аст, ки фармони оддии  *105# ва занг-ро амалӣ кунед, ки он шуморо ба менюи асосӣ роҳнамойӣ менамояд. Сипас, барои гузаштан ба бахшҳои даркорӣ фармони «0»  ва барои баргаштан ба ҳолати қаблӣ ва менюи асосӣ фармони «*» кӯмак мерасонанд.  

«Муштарӣ на ҳама вақт метавонад аз сомона ва ё Интернет истифода барад ва ё ба хадамоти ёрирасон (дастгирӣ) муроҷиат кунад, ин дар ҳолест, ки аксари корбарону муштариён ба паёмрасонҳои мухталиф дастрасӣ доранд. Дар ҳама ҳолат: дар хона, ҷойи кор, аснои сайругашт муштарӣ метавонад вақти зиёдашро дар ҷустуҷӯи шабакаи Интернет сарф накарда,  тавассути абзорҳои пешниҳодӣ маълумоти заруриро ба даст биёрад”,- мегӯянд дар ширкати Tcell.

Барои маълумоти бештар дар мавриди хидматрасониҳо, абзорҳо ва дигар навгониҳо ба нишонии интернетии ширкат муроҷиат намоед : https://www.tcell.tj/

Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Инструменты самообслуживания точ.jpg

1680

Ғолибони викторинаи “Билофосила” (“Моментальная”) дар ҳафтаи гузашта муайян шуданд


Викторинаи “Билофосила” («Моментальная»)



Ғолиби даври 1-ум (моҳи якум) Викторинаи «Билофосила» (рақами муштарӣ  - имтиёзҳо – арзиши мукофот):

  • XXXXX6333 - 29671 имтиёз- 2000 сомонӣ

Маълумот дар бораи даври ҷорӣ ва марҳилаҳои оянда (оғоз 00:00 ва итмом 23:59:59):

Даври 2 - 18.10.2018 – 18.11.2018
Даври 3 - 19.11.2018 – 19.12.2018
Даври 4 - 20.12.2018 – 20.01.2019
Даври 5 - 21.01.2019 – 21.02.2019
Даври 6 - 22.02.2019 – 22.03.2019
Даври 7 - 23.03.2019 – 23.04.2019
Даври 8 - 24.04.2019 – 24.05.2019
Даври 9 - 25.05.2019 – 25.06.2019
Даври 10 -  26.06.2019 – 26.07.2019
Даври 11 - 27.07.2019 – 27.08.2019
Даври 12 - 28.08.2019 – 28.09.2019

Дар викторина-бозӣ ширкат кунед ва ҳар ҳафта мутаносибан соҳиби 250, 200, 150, 100, 50, 30 сомонӣ шавед!
Ҳамчунин Шумо имкони бурди мукофот (ҷоиза)-и моҳонаро дар ҳаҷми 2000 сомонӣ доред!

Барои иштирок дар викторина фармони *600# -ро иҷро кунед.
Арзиши иштирок дар як рӯз ҳамагӣ 0,60 сомонӣ бо иловаи ҳамаи андозҳо аст.
1751


Бозиҳои Tcell – сабқати фикрии диҷитол ҳастанд, ки ғолибон соҳиби туҳфаҳои ҳақиқӣ мешаванд


Бозиҳои Tcell



Чанде қабл ширкати Tcell дар шабакаҳои иҷтимоӣ Tcell Games – бозиҳои фикрии маҷозиро роҳандозӣ кард, ки дар он ҳар корбари шабакаи иҷтимоӣ имкони ширкат ва пирӯз шуданро дорад. Тайи 3 ҳафта, ки бозиҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ идома доранд, беш аз 100 нафар соҳиби тӯҳфаҳо аз Tcell шудаанд.

Дар солҳои ахир ҳар амали инсонҳоро метавон бо аналоги диҷитолӣ пайдо кард. Ҳатто бозиҳои шоҳмот, шашка, тениси рӯйи миз ва ғайраро ба таври маҷозӣ баргузор кардан мумкин аст. Рақиб дар як гӯшаи дунё ва шумо дар кунҷи дигар тавассути интернет ташкил ва баргузории бозиҳо мумкин аст. Ширкати Tcell ҳамчун муассисаи иноватсионӣ ҳамеша дар кору фаъолияти худ дастовардҳои ҷадиди технологӣ ва иноватсиониро ворид сохта, барои боз ҳам тақвияти иртибот бо муштариёнаш аз ин шева кор мегирад.   

Яке аз чунин тасмимҳои ахири ширкат роҳандозии Tcell Games аст, ки тавассути он муштариён ҳам вақти худро хуш мегузаронанд, тафреҳ мекунанд ва ба ғайр аз туҳфаҳо дар бахшҳои гуногун дониши нав, фаҳмиши нав пайдо менамоянд.   

Корбарони шабакаҳои Facebook, VK ва Одноклассники ҳоло роҳат метавонанд аз ин бозиҳо истифода баранд. Мушаххасот (профайл)-и корбар ба таври автоматикӣ аз тарафи система сабт шуда, ба пойгоҳи маълумоти бозигарон ворид мегардад.

Бозӣ аз 2 қисм иборат аст: Trivia – матни фикрӣ ва Puzzles – омехта ва саргармкунанда.

Tcell Trivia – ин матни вижаест, ки дар он донишу фаҳмиши худро дар мавриди муҳити атроф (ҷаҳон) санҷидан мумкин аст. Зимни он бо система рақобат кардан, даъвати дӯстон ба бозӣ ва ё муқобили дӯстон сабқат карда метавонед. Суолҳо бар пояи бахшҳои мухталиф: Ҷуғрофия, Варзиш, Таърих, Тоҷикистон, Фарҳанг, Мусиқӣ, Синамо, Тамаддун ва ғайра тартиб дода шудаанд. 

«Агар Шумо мехоҳед вақтатонро шавқовар ва ба нафъи худатон пушти сар кунед, посухи викторинаҳои телевизиониро медонед, дар ҷои зарурӣ аз иқтибосу гуфтаҳои шахсиятҳои бузурги таърихӣ ёдоварӣ кардан мехоҳед, аз олами мусиқӣ бохабар ҳастед, бе мушкилӣ пойтахти Уругвай ва ё Камерунро медонед, аниқ ин ҷо барои шумост”,- мегӯянд дар ширкати Tcel дар бораи ин бозиҳоl.

Ба суолҳои бозии Tcell Trivia посухи дуруст дода ва қисмати “омехта”-и бозии Tcell Puzzles-ро ҳал карда, бозигар соҳиби имтиёз (хол)-ҳо мешавад. Имтиёзҳоро ба туҳфаҳо: Бастаҳои МБ интернет-трафик, Бастаи дақиқаҳо дар Тоҷикистон ва футболкаву кулоҳи рамздор иваз кардан мумкин аст. 

Дар 3 ҳафтаи ахир, ки бозиҳо роҳандозӣ шудаанд, беш аз 100 корбар соҳиби туҳфа гардидаанд: 25 бастаи Интернет, 30 бастаи дақиқаҳо, зиёда аз 300 футболка ва кулоҳ! Дар шабакаи Facebook 4300 бозӣ сурат гирифта, 2200 паззл ҷамъ шудааст, дар VK – 480 бозӣ ва 220 паззл, инчунин дар Одноклассниках – 950 бозӣ ва370 паззл ҷамъоварӣ гардидааст.

Дар бозиҳо ширкат намоед ва соҳиби туҳфа шавед!

Пайванд (нишонӣ)-и бозиҳо:
FB: https://promo.tcell.tj/?social=fb
OK: https://promo.tcell.tj/?social=ok
VK: https://promo.tcell.tj/?social=vk

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

1.jpg   2.png

3.jpg   4.JPG

1836

Муштариёни муҳтарам!


Fолибони викторинаи “Билофосила”



Ҳоло мо тасмим дорем, ғолибони викторинаи “Билофосила”-ро, ки ҳафтаи гузашта пирӯз шуда буданд, эълон намоем (рақами муштарӣ- миқдори хол (имтиёз)-ҳо):


  • ХХХХХ4882 – 7869 имтиёз – 250 сомонӣ
  • ХХХХХ4020 – 2115 имтиёз – 200 сомонӣ
  • ХХХХХ6333 – 1808 имтиёз – 150 сомонӣ
  • ХХХХХ0900 – 1191 имтиёз – 100 сомонӣ
  • ХХХХХ0812 – 1032 имтиёз – 50 сомонӣ
  • ХХХХХ0218 – 845 имтиёз – 30 сомонӣ

Ба муштариёни ғолиб маблағи зарурӣ (эълоншуда) дар тавозуни телефонашон гузаронида мешавад. Табрик мекунем!
Дар Викторина ширкат намоед ва барои ҷоизаи асосӣ талош варзед! Ғолиби моҳ  рӯзи 18-уми октябри соли 2018 муайян мегардад. Муштарии ғолиб даъват ва бо маблағи 2000 сомонӣ мукофтонида мешавад.

Маълумот дар бораи даврҳои баъдӣ (Оғоз 00:00 ва анҷом 23:59:59);

Даври 2- 18.10.2018 – 18.11.2018
Даври 3- 19.11.2018 – 19.12.2018
Даври 4- 20.12.2018 – 20.01.2019
Даври 5- 21.01.2019 – 21.02.2019
Даври 6- 22.02.2019 – 22.03.2019
Даври 7- 23.03.2019 – 23.04.2019
Даври 8- 24.04.2019 – 24.05.2019
Даври 9- 25.05.2019 – 25.06.2019
Даври 10-  26.06.2019 – 26.07.2019
Даври 11- 27.07.2019 – 27.08.2019
Даври 12- 28.08.2019 – 28.09.2019




1996

Моҳи октябр дар Tcell бо тағйиротҳои бузург оғоз гардид: тарофаи нави «Даркор» ва тавсеъаи шабакаи 4G!


Тарофаи нави «Даркор» ва тавсеъаи шабакаи 4G!




Ширкати Tcell дар бораи роҳандозии тарофаи нақшавии ҷадиди «Даркор», ки воқеъан ҳам барои муоиширати ҳаррӯза “даркору зарурист”,  хабар медиҳад. Ҳамчунин, навгонии хубе дар ростои рушди техникӣ дар минтақаҳо: Интернети балансуръати стандарти 4G аз Tcell ба сокинони Данғараву Роғун дастрас шуд!

Ширкати Tcell аз рӯзҳои аввали роҳандозӣ ва пайдоиши алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон, аз пешоҳангони таъмини муштариён бо алоқаи стандарти 2G ва 3G маҳсуб меёфт. Аммо рушди технология дар як ҷо намеистад ва дар ин робита хостаҳои корбарони шабакаҳо низ тағйир меёбад. Агар қаблан барои муштариён дидани лентаи хабарҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенҷер-паёмрасонҳо кофӣ буд, ҳоло бештари корбарон ба мӯҳтаво (контент)-и “вазнин” таваҷҷуҳ доранд. Истифодабарандагони шабакаҳо ба боргирии босуръат ва калонҳаҷми наворҳо, гӯш кардани мусиқӣ, тамошои филму телевизион дар шакли мустақим (он-лайн) афзалият медиҳанд.

Барои онҳое, ки ҳисобу китоби трафик ва мегабайтҳои интернетро одат накардаанд ва аз ҳама имкониятҳои шабакаи ҷаҳонии интернет истифода бурданӣ ҳастанд, ширкати Тсеll тарофаи нави нақшавӣ бо номи “Даркор”-ро таҳия ва роҳандозӣ кард. Ба ин ҷадвал, тарофаҳи нақшавии «Даркор 19», «Даркор 35», «Даркор 59», «Даркор 159» ва «Даркор 199» шомил мебошанд. Ададҳо дар тарофаи нав ҳаҷми маблағи моҳонаи муштариро нишон медиҳанд. Бо истифода аз ин тарофа, корбар ҳаҷми бештари интернет ва мегабайтҳоро дарёфт карда, маблағи начандон зиёд сарф мекунад. Ҳамчунин, ҳар як тарофа дақиқаҳо барои занги баромад (ирсол)-ро дар Тоҷикистон, бастаи SMS (паёмакҳо)-ро дошта, зангҳо дар дохили шабакаи Tcell комилан ройгон мебошанд! Ҳамин тавр, «Даркор» - дар ҳақиқат «Зарурӣ ва Даркор» дар тамоми тарофаҳо аст. 

Тафсилоти бештарро дар бораи тарофаи нав аз сомонаи расмии ширкат пайдо карда метавонед.

Ширкати Tcell дар доираи стратегияи рушди техникии манотиқ сокинони Роғун ва Данғараро бо Интернети баландсуръати стандарти 4G таъмин кард! Мутахассиони ширкат дар маркази ин шаҳрҳо пойгоҳи вижаро васл карданд, ки он аҳолиро бо интернети 4G таъмин менамояд.

Ҳоло шаҳрҳои Данғара ва Роғун аз ҷумлаи шаҳрҳои рӯ ба рушд ва тезрушдкунандаи кишвари мо мебошанд.  Дар Данғара Минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ), ки инфрасохтори он дар ҳоли ташаккул ва таҳаввули ҳамарӯза қарор дорад, мавҷуд аст. Зимнан, дар ин ҷо корхонаҳои зиёди саноатӣ, заводу фабрикаҳо, идораҳои мухталиф, 2 донишгоҳ, коллеҷу литсейҳо ва иншооти муҳим қомат афрохта, фаъолият доранд. Дар Роғун бошад, бунёди неругоҳи бузурги тавлиди барқ (НБО-и Роғун) босуръат идома дорад.

«Рушди бонизоми корхонаҳои иқтисодиро имрӯз бе таъмини алоқаи боэътимод, аз ҷумла технологияҳои муосир дар бахши телекомуникатсия тасаввур кардан номумкин, ҳатто ғайриимкон аст. Фанновариҳои ҷадид аз қабили M2M, Internet of things  (манзур- абзорҳои мухталифи Интернет барои иртиботу табодулу ҳамкорӣ) сифати истеҳсолотро боло бурда, дар амри татбиқи ислоҳоту тағйироти иқтисодӣ мавқеъи аввалиндараҷа доранд. Барои ҳамин ҳам, имрӯз дар Роғун ва Данғараи рӯ ба рушд зарурати роҳандозии 4G аз Tcell пеш омадааст», - мегӯяд директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.

Имконият ва дастоварди ҷадиди технологӣ имрӯз барои 25000 сокини ноҳияи Данғара ва 15000 сокини Роғун дастрас аст: онҳо метавонанд аз интернети баландсуръати 4G, ки суръаташ то 50Mbit/s истифода баранд!

Қаблан, дар моҳи сентябр Tcell шабакаи стандарти 4G-ро дар наздикии Боғи марказии шаҳри Хоруғ фаъол кард. Ин навгонии иноватсионӣ барои сокинони Хоруғ имкон фароҳам овард, ки ба барномаҳои таълимӣ, иттилоотӣ ва тафреҳии шабакаи ҷаҳонии интернет бо суръати 20 Мбит/с дастрасӣ пайдо намоянд! http://www.tcell.tj/tj/content/news/interneti-4g-tcell-gift-bomi-on/

Бар пояи рушди техникӣ ва дурнамо, ширкати Tcell тасмим дорад шабакаи 4G-ро дар тамоми қаламрави Тоҷикистон роҳандозӣ намояд.    

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Darkor_tj.jpg

2030

Tcell дар Startup Weekend Womеn Tajikistan 2018 соҳибкорони навроҳро дастгирӣ кард!


Startup Weekend Womеn Tajikistan 2018 



Startup Weekend – ин ҳаракати ҷаҳонии соҳибкорони фаъол ва шавқманд буда, ҳамасола дар бисёре аз кишварҳои дунё баргузор мешавад. Ҳадафи ин чорабинӣ муҳайё сохтани як майдони баҳс ва омӯзиши таҷриба буда, дар он ҷавонони ҳушманд дар бахшу соҳоти мухталиф тарҳҳои вижа, барномаҳои “старт-ап”-и худро муаррифӣ карда, аз соҳибкорони ҳирфаӣ кӯмакӣ техникӣ ва ё ғайритехникӣ мегиранд, баъдан бар пояи ин кӯмакҳо идеяву тарҳояшонро ба маҳсулоти ҳаётӣ ва воқеъӣ табдил медиҳанд.   

Ширкати Tcell тибқи анъана шарик (ҳамкор)-и Startup Weekend буда, шароити заруриро барои  иштирокчиён ва баррасии лоиҳаҳо фароҳам меорад. «Tcell, ҳамчун ширкати иҷтимоӣ ва ба унвони яке аз бахшҳои Бунёди Оғохон оид ба рушд (AKFED), ҳамеша аз чунини иқдомҳои навҷӯёна, хосатан дар қисмат  IT –стартап  дастгирӣ мекард ва дар оянда низ дастгирӣ хоҳад кард.   Зеро чунин оғозкориҳо мушкилоти иҷтимоиро бартараф карда, зиндагии одамонро беҳтару хубтар менамоянд. Ҳамчунин, барои мо дастгирӣ ва рӯҳбаланд кардани одамоне, ки барои беҳбудии муҳити иқтисодии Тоҷикистон  тавассути роҳандозии фанноварии ҷадид кӯшиш менамоянд, аз аҳамияти вижа бархӯрдор аст”,- мегӯяд директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.

Startup Weekend Womеn Tajikistan 2018, ки чанде қабл дар Душанбе баргузор шуд, махсус ба масоили марбути соҳибкории бонувон иртибот дошт: дар шароити феълӣ ин мавзӯъ афзалияти бештареро ба худ касб мекунад, зеро дар ин авохир духтарони зиёде мавқеъи фаъоли ҳаётиро интихоб менамоянд. Омор низ бозгӯкунандаи ин аст: барои ширкат дар Weekend беш аз 100 дархост аз ҷониби бонувон пешниҳод гардида буд. Ҳамин тавр, дар даври ниҳоӣ 70 нафар аз ҷумлаи онҳо, ки синну соли мухталиф дошта аз ҳар гӯшаву канори Тоҷикистон, инчунин аз кишварҳои хориҷӣ (Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон) буданд, ширкат карданд.

Бонувон ба старт-ап барнома ва ғояҳои зиёди шавқовари иноватсиониро оварданд, ки татбиқи онҳо дар иқтисоду истеҳсолот боиси муҳайё гардидани даҳҳо ҷои кор барои духтарону занон хоҳад шуд. Гуфтанист, аксари ин идея (барнома ва старт-ап)-ҳои пешниҳодшуда дар бахши технологияи иттилоотӣ (ИТ) буданд.

Тӯли се рӯз иштирокдорони Weekend ба баҳсу баррасии идеяҳо ва такмили стартапҳо машғул гардида, аз соҳибкорони муваффақу таҷрибадори кишвар дарси вижа гирифтанд. Зимни ҳамоиш соҳибкорони навроҳ ҳамандешони худро пайдо ва бо онҳо идеяаашонро такмил карданд, дар интиҳо беҳтаринҳои барнома аз ҷониби сарпарастон қадрдонӣ ва бо тӯҳфаҳо сарфароз гардиданд.

Дар ин стартап-барнома ашхоси муваффақ дар бахши тиҷорату соҳибкорӣ- Шералӣ Ҷӯрабоев, Заррина Бобоева, Мунира Исамова, Парвина Исҳоқӣ, Фирӯза Мирзоева, Лайло Тағоева ва Езил Агаоғлу барои иштирокчиён машғулиятҳои амалӣ ва назариявӣ баргузор карданд.

Startup Weekend Women Tajikistan 2018 аллакай 5-умин чорабинӣ дар ин сатҳ аст, ки барои бори севвум аз тарафи Асотсатияи иноватсионӣ ва соҳибкории технологӣ (АИСТ) ва бо ҳамшарикии ширкати Tcell, Палатаи тиҷорати Амрико дар Тоҷикистон (AmCham), СҒД «Илмхона», САҲА, Mercy Corps ва дастгирии ширкатҳои ҷаҳонии Google for Entrepreneurs-у TechStars ва Eventbrite доир гардид.

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

11.JPG

12.JPG

13.JPG

14.JPG

1820

Ширкати Tcell сокинони Хуҷандро ба “Рӯзи шаҳр” табрик кард!


Рӯзи шаҳр Хуҷанд!



23 сентябр дар назди театри мусиқӣ-драмавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд сокинон ва меҳмонони ин шаҳр “Рӯзи шаҳр”-ро бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд. Ин чорабинии муштараки идона бо ибтикори мақомоти ҳокимияти маҳаллии шаҳри Хуҷанд ва ширкати Tcell баргузор шуд. Ба хотири таҷлили шоиста аз “Рӯзи шаҳр” ширкати Тселл ба сокинон “тӯҳфа”-и олиҷаноб кард, ки он ҳунарнамоии овозхони маъруфу шинохтаи кишвар- Далер Назаров буд!

Дар ҷашни “Рӯзи шаҳр” намоишҳои мухталифи театрӣ баргузор гардида, ҳунарнамоии сарояндаҳои эстрадаи тоҷик ва устодони санъати вилояти Суғд аз ҷониби мухлисон хуш истиқбол шуданд.

Зимнан, дар ин чорабинӣ ба иштирокчиён ва сокинони шаҳр дастовардҳои бахшҳои гуногуни иқтисодии минтақа: маҳсулоти ҳунарҳои дастисохт, асбобу ускунаи корхонаҳои саноатӣ, бофандагӣ ва шириниҳо пешниҳоду муаррифӣ гардиданд. Ҳунармандон аз минтақаҳои мухталифи вилоят ва ҷумҳурӣ маҳсулоти муосир, ҳамчунин осори таърихӣ ва антиқаро ба намоиш гузоштанд. Дар ҷараёни баргузории барнома чанд тан аз бонувони соҳибкор ва ҳунарманди шаҳр аз ҷониби раиси шаҳри Хуҷанд бо бурсия (маблағи бебозгашт) сарфароз гардонида шуданд.

Анҷоми чорабинӣ ҳам хеле зебову хотирмон буд. Дар хотима Далер Назаров, меҳмони олиқадри шаҳр ва овозхони нотакрор барои меҳмонону сокинони шаҳр барномаи вижаи ҳунариашро пешниҳод карда, табъи онҳоро болида сохт. Миёни иштирокчиён кам касеро пайдо кардан мумкин буд, ки дар ҳавои мусиқии Далер нарақсад ва ё бо овози ӯ ҳамоҳанг нашавад.

«Мо дар рӯзи таҷлили “Рӯзи шаҳри Хуҷанд” ба ҳеч ваҷҳ бетараф буда наметавонистем. Барои ҳар шахс зодгоҳ азиз асту аҳамияти зиёд дорад: зеро дар ин ҷо мо ба дунё омадаем, таҳсил кардаем, дӯстони аввалинамонро ёфтем ва ба фатҳи қуллаи мақсуд расидаем.
Ана ҳамин тавр, шаҳри Хуҷанд барои ширкати Tcell ҷойгоҳи вижа дорад – маҳз аз ҳамин ҷо таърихи алоқаи мобилӣ оғоз мегардад. Дар аввали солҳои 2000-ум дар ин ҷо фаъолияти Tcell- аввалин оператори алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ шуд! Мо ҳамаи Шумо- сокинони шаҳри Хуҷандро ба ин рӯз, яъне “Рӯзи шаҳр” аз самими қалб табрик мегӯем”,- иброз дошт директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.

Дар таҷлили “Рӯзи шаҳр” дар Хуҷанд беш аз 30 000 нафар ширкат карда, то дергоҳ ин чорабинии фарҳангӣ дар хотири онҳо боқӣ хоҳад монд.

«Конcерт бениҳоят хуш гузашт, ҳар як суруде, ки Далер Назаров мехонд ҳамаашро эҳсос карда, лаззат бурдем. Овози зинда бо дигар хел будаст- дия. Ширкати Tcell кори хубе кард! Раҳмат барои ташкилкунандагони чунин маҳфил, ки барои шаҳри Хуҷанди бостонӣ хизмати худро карданд,”- мегӯяд меҳмони ин ҷашнвора, Бахтиёр Раҷабов.

Гуля Атоева, як корбари шабакаи иҷтимоӣ эҳсосоти худро чунин баён кард: «Ташаккури зиёд барои чунин консерти олӣ! Дарёи эҳсосу хушнудӣ! Сипоси бепоён ба ташкилкунандагони ин чорабинӣ! Мо аз ин ҷашн бо табъи болида берун шудем! Далер Назаровро хеле эҳтиром мекунам, мухлиси ашаддии ҳунари ӯ ҳастам,, хеле хурсандам, , ки дар ин консерт ширкат карда, ҳаловат бурдам!”.

Ширкати Tcell бори дигар ҳамаи сокинони шаҳри Хуҷандро ба “Рӯзи шаҳр” табрик мегӯяд.
Бигузор, ҳар як сокини ин шаҳр дар ин ҷо хурсанд, муваффақ ва комгор бошад!  

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

IMG_1111.jpg
IMG_2222.jpg
IMG_3333.jpg
IMG_4444.jpg
IMG_5555.jpg
IMG_6666.jpg

1822


Страницы: Пред. 1 ... 35 36 37 38 39 ... 62 След.