Хабарҳо

Мавсими тақдими тӯҳфаҳо аз Бобои барфии бунафшранги Tcell идома дорад!


Бобои барфии бунафшранг



1 декабр, рӯзи нахустини фасли зимистон, Тcell розро ошкор кард: Бобои барфии ҳақиқӣ- бунафшранг аст! Аз ҳамон рӯз ба ин сӯ, Бобоҳои барфии бунафшранг дар шаҳру навоҳии мухталифи Тоҷикистон ба эҳдои тӯҳфаҳои зарурӣ- гуфтугӯи бемаҳдуд дар давоми соли 2019 бо опсияи “Белимити солона” аз Tcell оғоз намуданд! Иқдом (аксия) то 15 декабр давом меёбад, аммо бо ин ҳама “сюрпризҳо” аз Бобои барфии бунафшранг ба анҷом намерасанд! 

Иштирокчиёни аксия, ки аз ҳама пештар Бобои барфиро дида рамзи “махсус”-ро мегӯянд, соҳиби сертификат барои пайваст шудан ба опсияи “Белимити солона-2019” аз Tcell мешаванд. Ин тарофа- иртиботи бемаҳдуд дар дохили шабака ва мегабайтҳои интернет барои тамоми соли 2019-ро дорад. 

Дар ҳама саҳифаҳои Тcell дар шабакаҳои иҷтимоӣ (Facebook, Instagram, VK, OK, Viber) ва эфири радиои “Love Radio” дар вақти муайяншуда ҷои Бобои барфии бунафшранг ва “рамзи махсус” эълон мегардад, ки онро ба ба Бобои барфӣ расондан зарур аст. Бобоҳои барфии ҳақиқӣ ва бунафшрангро аллакай дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Турсунзод ва Хоруғ истиқбол намуданд. Дар саросари кишвар пайдо шудани Бобои барфиро сокинони зиёде интизоранд.

То 15 декабр дар аксия “Бобои барфии ҳақиқӣ- бунафшранг аст”-и Тсell ширкат кардан мумкин аст. Имконияти пайваст шуданро ба хизматрасонии солонаи “Белимити солона барои соли 2019” ва ё тӯҳфа намудани он ба дӯстону пайвандонро аз даст надиҳед!  Эълонҳои Tcell дар шабакаҳои иҷтимоиро пайгирӣ кунед, радиои “Love Radio”-ро гӯш кунед, то аз пайдо шудани Бобои барфии ҳақиқии бунафшранг дар шаҳру ноҳияаатон бехабар намонед ва соҳиби иртиботи белимити солона аз Тсеll гардед!

Баъди анҷоми аксия Бобои барфии бунафшранг барои сокинони пойтахт “сюрприз” дорад!

Ширкати Tcell ва «Олу4а Такси» аз 15 декабр шуморо ба “вохӯрӣ” бо Бобои барфии бунафшранг даъват менамояд, ки дар ин ҳангом Бобои барфи ронандаи боэътимоди шумо хоҳад буд! Ба замми ин ӯ ба шумо тӯҳфа медиҳад! «Олу4а Такси»-ро бо рақами 7000 даъват намуда, дархост кунед, ки ронандаи мошин Бобои барфии ҳақиқии бунафшранг бошад!
Аснои сафар Бобои барфӣ ба шумо табъи хушу болидаро фароҳам меорад, мусофирони хурдсол бошанд соҳиби тӯҳфаҳои хотиравӣ мешаванд: ҳангоми пайваст шудан бо тарофаи даркории “Даркор 59” ва аз он болотар, шумо соҳиби рақами Нуқрагӣ аз меагардед!   Теъдоди ҳадяҳо маҳдуд аст, аз ин рӯ талош кунед, ки бо таксии ронандааш Бобои барфии бунафшранг ба сайругашт бароед!

Ширкати Tcell якояки шуморо бо Соли нави 2019 муборакбод гуфта, бароятон куллияи хушиҳои зиндагӣ, табъи хушу болида ва эҳсосоти наҷибро таманно менамояд.

Facebook: https://www.facebook.com/tcell.tj/
Instagram: https://www.instagram.com/tcell.tj/
VK: https://vk.com/tcell
OK: https://ok.ru/tcell.tj

Tcell –бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Timeline 2.jpg
1582

«Тилло» ва «Нуқра»-и лоиҳаҳои Tcell дар озмунҳои Осиёи Марказии ҷоизаи «Event Awards Central Аsia»!


«Event Awards Central Аsia»!



Натоиҷи озмунҳои мустақили Осиёи Марказӣ дар бахши бозорёбӣ (маркетинг)-и ҷоизаи «Event Awards Central Аsia» эълон гардиданд. Лоиҳаи Tcell  “Иқдоми таблиғотӣ барои роуминги дастрас дар Ӯзбекистон» дар бахши «Беҳтарин рӯйдоди онлайнӣ» соҳиби нишони Тиллоӣ шуд! Тарҳи муштараки Радиои “Азия Плюс” ва Тсеll «Ҳамроҳ мехонем» дар бахши «Беҳтарин лоиҳаи иҷтимоӣ» сазовори ҷоизаи Нуқра гардид.

Event Awards Central Asia – ин ҷоизаи мустақили касбӣ дар Осиёи Марказӣ аст, ки барои дастовардҳои бузурги эҷодӣ аснои баргузории чорабиниҳои марбути бозорёбӣ (маркетинг) тақдим мешавад. Тайи солҳои ахир ин мукофот ба тарҳҳои муваффақе, ки дар Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистону Қирғизистон татбиқ меёбанд, эҳдо мегардад.

Имсол барои ҷоизаи Тилло дар бахши чорабиниҳои бозорёбӣ беш аз 60 лоиҳа аз бузургтарин ширкатҳои минтақа рақобат доштанд. Озмун аз сӯи доварони мустақил, ки коршиносони шинохтаи соҳоти “event”, HR-у PR (таблиғ ва бозорёбӣ)-и ширкатҳои Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Латвия, Словакияву Малдова, инчунин намояндагони ВАО ва ҳунармандони маъруфи ин кишварҳо буданд, ҳакамӣ мешуд.    

 Tcell дар бахши «Беҳтарин рӯйдоди онлайнӣ»-и лоиҳаи “Иқдоми таблиғотӣ барои роуминги дастрас дар Ӯзбекистон» соҳиби нишони “Тилло” гардида, онро ба Тоҷикистон овард. Моҳи феврали соли 2018 барои ду кишвари ҳамсояву ҳамҷавор, ки марзҳои муштарак, урфу одат ва фарҳанги ба ҳам наздик доранд, рӯйдоди муҳими таърихӣ ба вуқӯъ пайваст. Сарҳадоти ин давлат, ки тайи қариб 20 сол барои равуои шаҳрвандон мушкил эҷод менамуданд, боз гардиданд. Мардуми Тоҷикистону Ӯзбекистон ин иқдомро бо хурсандии бузург ва эҳсоси гарму гуворо пазируфтанд.

Ширкати Tcell ба рухдоди фавқ- равуои бештари шаҳрвандон, теъдоди зиёди сайёҳон ва гардишгарони ду кишвар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, роуминги дастрас дар Ӯзбекистонро роҳандозӣ карда, арзиши Интернетро дар шабакаи роуминг 16 маротиба коҳиш дод. Иқдоми тарғиботии ин лоиҳа дар шабакаҳои иҷтимоӣ, расонаҳо ва пешниҳоди матлабу маводҳои ҷолибу кӯтоҳ оғоз гардид.

Яке аз тарҳҳое, ки барои муаррифии бештар ва ташвиқу тарғиби роуминги дастрас ба кор оғоз намуд, ин “Салом, ҳамсояҳо!” («Салом, соседи!») дар ҳамҷоягӣ бо ширкати “Asia Plus Media Group” буд. Лоиҳа дар бораи анъанаҳои миллӣ, фарҳангу санъат, дастовардҳо, ҳаёти одамони ҳар ду кишвар нақл карда, наворҳои ҷолибро дар мавриди пайвандҳои таърихии мардуми ҳамсоякишварҳо омода месозад. 

«Тарҳи роуминги дастрас оддӣ ва хеле содда буда, ҳадафи он нишон додани ин ки роуминг барои истифода қулай аст, аз он мешавад аснои иртибот, гуфтугӯ ва табодули навору аксҳои ҷолиб дар ҳангоми сафар дар Ӯзбекистон бо нархзи арзон истифода кард. Охир, тайи ин қадар солҳои ҷудоӣ ва дурии сунъӣ одамон ташнаи дидори якдигар шуданд. Вақте мо аз “Азии Плюс” пешниҳоди ҳамкорӣ дар татбиқи идеяи мазкурро дарёфт кардем, ба чунин хулоса расидем, ки айнан ва воқеан ин ҳамон лоиҳа ҳаст, ки мо онро мехоҳем. Мо онро ҷонибдорӣ карда, таркиби матоолибро бойтару ғанитар сохтем, барои комил шудани маҳсулоти пешниҳодӣ кӯмак расонидем. Ман итминони комил дорам, ки ин тарҳи ҳассосу хушбинона қалби ҳазорон нафарро тасхир кард, ба дилҳои ҳазорон нафар роҳ ёфт. Ин дар айни замон ҳамон ҳадафи аслӣ аст, тарғиби тамға (бренд), ки мо бояд амалӣ намоем”,- мегӯяд директори Департаменти бозорёбӣ ва равобит (маркетинг ва комуникатсия)-и ширкати Tcell Кети Пиртсхалава.    

Тарҳи муштараки Радиои “Азия Плюс” ва Тсеll «Ҳамроҳ мехонем» дар бахши «Беҳтарин лоиҳаи иҷтимоӣ» бошад, сазовори ҷоизаи Нуқраи озмун гардид. Моҳи июни соли 2018 Азия Плюс ва Tcell аз 4 хонаи бачагони шаҳри Душанбе, ки беш аз 350 кӯдак дар онҳо тарбия мегиранд, дидан карданд. Ба назди ин тифлакони масъум, ки аз навозиши волидайн маҳруманд, шахсони маъруф, ҳунармандон ва чеҳраҳои шинохта рафта, ҳамроҳ бо онҳо китоб хонданд, шеъру таронахонӣ карданд ва нақлҳои ҷолиберо пешниҳод сохтанд.

Лоиҳа ба кӯдакон нишон дод, ки онҳо дар ҷомеъа танҳо нестанд, онҳо низ шахсони даркорӣ дар ин кишваранд. Мақсади аслии ин иқдом на фақат ироаи тӯҳфаву ҳадяҳо дар иду маросимҳо, балки фарогирии кӯдакон бо меҳру муҳаббати инсонӣ буд.    

Тафсилоти бештарро дар бораи ҷоизаи EACA тавассути нишонии: https://www.eaca.pro/  ва саҳифаи расмии он дар шабакаи иҷтимоии Facebook: https://www.facebook.com/EventAwardsCA/      дарёфт карда метавонед.

Соли гузашта низ ширкати Tcell дар озмунҳои EACA чанд ҷоизаро ба худ ихтисос дода буд. Якбора се тарҳи Тселл: лоиҳаи «Digital Camp Tcell» дар бахши «Беҳтарин чорабинии омӯзишӣ», тарҳҳои «Табрикоти 8-март» ва  «Эҳсосоти брендӣ барои Viber» дар самти «Беҳтарин рӯйдоди онлайнӣ» мукофоти баландтаринро соҳиб гаштанд.

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

EACA.jpg



1557

Tcell тавсеа ва тақвияти шабакаро дар саросари Тоҷикистон идома медиҳад.


Ширкати Tcell ҳамчунон ба беҳбуд ва навсозии шабака идома медиҳад. Навовариҳои ахир ба ноҳияҳои тобеъи марказ рост омаданд: дар Рашт, Тоҷикобод ва ноҳияи Лахш 9 пойгоҳи ҷадиди стандарти 3G насб гардид!


Бо шарофати пойгоҳҳои нави мавҷрасон дар 37 деҳаи ин навоҳӣ наздик ба 38.000 нафар дастрасӣ ба шабакаи ҷаҳонии интернетро пайдо карданд. Ба воситаи интернети баландсуръати мобилӣ, сокинони ин манотиқ ба манбаъ ва сарчашмаҳои бузурги иттилотӣ даст ёфта, ҳамеша бо хонаводаву наздиконашон дар тамос боқӣ мемонанд,   аз ҷумла тавассути барномаи «Чӣ Гап» аз Tcell.

«Tcell лоиҳаи бозсозӣ ва таҷдиди шабакаашро дар манотиқи кишвар идома мебахшад. Мо талош мекунем, ки ҳама сокинони Тоҷикистонро, ҳатто дар дурдасттарин нуқтаи аҳолинишину камнуфус ҳам бо иртиботи боэътимод таъмин намоем. Пойгоҳҳои нави стандарти 3G дар ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод ва Лахш ҳудуди бисёр аз рустоҳои водиро бо иртибот таъмин менамоянд. Таври мисол, дар яке аз майдатрин рустоҳои минтақа ҳамагӣ 134 нафар зиндагӣ мекунанд. Пас аз таҷдиду бозсозии шабака онҳо аз дастрасӣ ба иттилоъ камбуд нахоҳанд дошт: ҳамеша бо иртиботи Tcell бо тамоми олам дар тамос хоҳанд буд», - иброз дошт директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.

Ширкати Tcell тавсеа ва тақвияти техникии шабакаро боз ҳам идома мебахашад.    Навгонӣ ва навовариҳо дар куллияи манотиқи Тоҷикистон: дар пойтахт, НТҶ (ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ), Суғд, ВМКБ ва Хатлон сурат мегиранд. Ин иқдом имкон медиҳад, ки қаламрави бештари кишвар бо шабакаи ҷадиди стандарти 3G ва 4G пайваст гардида, алоқа беҳтар шавад.  

Дар чаҳорчӯби тавсеа ва рушди техникии стандарти насли чаҳорум– 4G фақат дар тӯли чанд моҳи ахир шабакаи ширкат дар ҳудуди шаҳрҳои Кӯлоб, Роғун, Данғара ва Хоруғ васеъ гардид. Шабакаи 4G аллакай ба сокинони ин шаҳрҳо имконият дод, ки ба интернети баландсуръати 20 Мбит/с  дар шабакаи ҷаҳонӣ дастрасӣ пайдо намуда, аз навгониҳои илму техника, фарҳанг, маориф ва иқтисод бохабар шаванд.   

Tcell –бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

modern_tj.jpeg
1575

Tcell Бобои барфии ҳақиқиро муаррифӣ мекунад – он бунафшранг аст!


Ширкати Tcell парда аз рӯи асрор мебардорад: ҳамин ҳоло ҳақиқат дар бораи Бобои барфии ҳақиқӣ маълум шуд- вай бунафшранг аст! Ва танҳо ӯ  тӯҳфаҳои ҳақиқиро инъом мекунад.


Дар саросари олам дар арафаи Соли нав ба назди одамони меҳрубону хушбахт Бобои барфӣ меояд. Тибқи анъана, Санта Клаус бо костюми сурх ва риши сафеди дароз ва ё Бобои барфии русӣ бо либосҳои обӣ (кабуд) ҳамроҳи наберааш Барфак (Снегурочка) вориди хонаву кошонаи шумо мешаванд. Дар Ӯзбекистони ҳамсоя Бобои барфи ҷомаи рах-рах мепӯшаду тоқии сурх дорад. Дар Қирғизистон бошад, либоси Бобои барфӣ сафеди нақшдор аст, аммо дар Гурҷистон ӯ ранги сафед ва сиёҳро авлотар медонад.    

Имсол Tcell парда аз рӯи асрор мебардорад: Бобои барфии ҳақиқӣ- бунафшранг аст! Ва фақат ӯ ҳадяи беҳтарину ҳақиқиро пешниҳод мекунад- гуфтугӯи бемаҳдуд дар тамоми соли 2019!

Бобои барфии бунафшранг меҳмони сокинони Душанбе, Хуҷанд, Бохтар (собиқ Қӯргонтеппа), Кӯлоб, Турсунзода ва Хоруғ гардида, ба ҳамагон тӯҳфаҳои арзишманду ҳақиқиро пешниҳод менамояд! Бобои барфӣ дар фурӯшгоҳҳои бузург, раставу бозор, хиёбон ва ҷойҳои серодам пайдо шуда, бо сокинон сайру гашт хоҳад кард.

Ҳангоми вохӯрӣ бо Бобои бунафшранг зарур аст рамзеро ном баред, ки дар ҳама саҳифаҳои Тселл дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва радиои “Love Radio” эълон хоҳад шуд. Барои ироаи рамз (посух)-и дуруст, Бобои барфӣ тӯҳфа- “Солонаи бемаҳдуд”-ро ба сокинон тақдим менамояд

«Солонаи белимит 2019» аз Tcell – ин суҳбати бемаҳдуд дар дохили шабака ва мегабайтҳои интернет давоми соли 2019 аст.

Шонс (имконият)-и пайваст шудан ва ё тӯҳфа кардани хизматрасонии “Солонаи белимит 2019”-ро аз даст надиҳед! Аз эълону навгониҳои Tcell дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Instagram, VK, OK, Viber ва Telegram, инчунин радиои “Love Radio”-ро пайгирӣ намоед, рамзро дар ёд дошта бошед ва ҳангоми рӯбарӯ шудан бо Бобои барфии Бунафшранг онро гуфта, соҳиби ҳадяи арзишманд- иртиботи бемаҳдуд аз Tcell шавед!

Facebook: https://www.facebook.com/tcell.tj/
Instagram: https://www.instagram.com/tcell.tj/
VK: https://vk.com/tcell
OK: https://ok.ru/tcell.tj

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Violet_Santa_tj.jpg

1788

Дар мавриди "Ҷумъаи сиёҳ", ки имкон дорад дар он беҳтарин молҳоро бо тахфифҳои ҳайратовар харид намуд, оё шунидаед?


"Ҷумъаи сиёҳ"




Шуморо хушҳол кардан мехоҳем: Tcell бо иқдоми "Ҷумъаи сиёҳ" ҳамроҳ мешавад!
Танҳо аз 23 то 25 ноябри соли 2018 бастаи Интернети 1000 мегабайт ва 5000 мегабайтро бо тахфифи 50% харидорӣ кардан мумкин аст!

Фармон барои пайвастшавӣ ба 1000 МБ *870*1000#, барои пайвастшавӣ ба 5000 МБ *870*5000#
1643

Эълон

Аз соати 17:00 рӯзи 20.11.2018 то 21.11.2018 баъзе аз муштариёни Тcell бо сабабҳои новобаста аз Ширкат, мушкили дастрасӣ ба интернет ва зангҳои дохилиро доштанд. Мутахассисони ширкат барои дар зудтарин фурсат бартараф намудани мушкилӣ саъю кӯшиш намуданд. Ширкати Tcell аз шумо барои нороҳати маъзарат мепурсад. Ташаккур барои дарки шумо!
Барои тамоми муштариёне, ки дар ин муддат мушкилии дастрасӣ ба хизматрасониҳои шабака ва интернетро доштанд, аз тарафи ширкат ҳамчун ҷуброн бастаи 300 мегабайт интернет ва 50 дақиқаҳои иловагӣ дар дохили ЧТ пешниход карда мешавад.

1903

Эълон

Дар ҳоли ҳозир баъзе аз муштариёни Тcell бо сабабҳои новобаста аз Ширкат, мушкили дастрасӣ ба интернет ва зангҳои дохилиро доранд. Мутахассисони ширкат кӯшиш доранд, дар зудтарин фурсат мушкилро ҳал намоянд. Ширкати Tcell аз шумо барои ин мушкилот маъзарат мепурсад.   
Ташаккур барои дарки шумо!
1651

Муштариёни Tcell тавозуни худро метавонанд тавассути «Корти миллӣ» пурра намоянд!


«Корти миллӣ»



Ширкати Tcell ва Спитамен Бонк дар мавриди хизматрасонии ҷадид, ки тавассути он имкони пурра кардани ҳисоби телефонҳои мобилӣ аз тариқи кортҳои бонкии “Корти миллӣ” имконпазир мешавад, эълон намуданд! Ин кортҳо дар ҳама бонкҳои кишвар дастрас мебошанд.

Муштариёни Tcell имкон доранд тавозуни телефонҳои ҳамроҳи худро бе пардохти иловапулӣ (комиссия) ва дар реҷаи шабонарӯзӣ пур намоянд, барои ин фақат бо худ доштани корти бонкии “Корти миллӣ” аз бонки дилхоҳ зарур аст

Ин амалро мешавад хеле содда анҷом дод: ба бахши «Хизматрасониҳо» -и сомонаи Tcell ворид гардида, шарти «Пурра кардани тавозун тавассути кортҳои “Корти миллӣ”-ро интихоб намоед.  

Дар ин қисмат чунин шартҳоро иҷро кардан зарур аст: рақами кортро нишон медиҳед, ному насаби соҳиби кортро менависед, муҳлати анҷоми эътибори корт CVV2 (CVC2)-ро хонапурӣ мекунед. Баъдан, муштарӣ бояд пардохтро тавассути рамзи SMS-паёмак тасдиқ намояд. Маблағ аз ҳисоби корт ба рақами нишондода гузаронида мешавад. Тавозунро тариқи дилхоҳ рақами Тселл пурра кардан мумкин аст. 

«Мо кӯшиш мекунем, ки барои муштариён беҳтарин ва мақбултарин шароитҳои хизматрасониро роҳандозӣ намоем. Тавозуни телефон метавонад дар вақти барои шумо ноқулай ба охир расад: нисфи шаб, дар роҳ ва ё аснои суҳбати зарурӣ, ки гуфтугӯи мустақим дар ин лаҳза хеле зарур аст. Бо хидматрасонии пурра кардани тавозун тавассути кортҳои “Корти миллӣ” муштариёни мо ба ҷустуҷӯи банкомат намепардозанд. Тариқи ин намуд хизматрасонӣ тавозуни худро метавонед пурра намоед, ба ҳисоби рақами дӯстону пайвандон маблағ гузаронед», - қайд карданд дар ширкат.

Пурра кардани тавозун тавассути кортҳои «Корти миллӣ» бе иловапулӣ, дар пайванди зер дастрас аст: https://pay.spitamen.com/tcell/

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

smi_post2.png

1661

Tcell ба кор даромадани НБО-и Роғунро табрик мегӯяд!


Ба кор даромадани НБО-и Роғун



16 ноябри соли 2018 – барои ҳамаи Тоҷикистон рӯзи таърихист! Дар ин рӯз, ки ҳамасола ҳамчун Рӯзи Президент таҷлил мегардад, чархаи нахустини неругоҳи Роғун ба кор даромад ва ин иқдом бозгӯ аз он аст, ки қадами ҷиддӣ ва устувор дар роҳи даст ёфтан ба истиқлолияти комили энергетикӣ, инчунин иҷро шудани яке аз ҳадафҳои асосии рушди стратегӣ дар ҷумҳурӣ гузошта шуд! Tcell ҳамаи сокинони Роғунро табрик гуфта, ба онҳо мегабайтҳои ройгон (бепул)-и интернет ҳадя кард. Ҳамзамон, барои ҳамаи онҳое, ки дар баҳрабардории чархаи аввалини неругоҳ ширкат доранд, иртиботи боэътимодро пешниҳод намуд.
   

Ба кор даромадани НБО-и Роғун, ки аз бузургтарин тарҳҳои энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд,- қадами устувор барои бунёди низоми энергетикии кишвар аст. Зимни ҳар як суханронӣ ва суҳбатҳои телевизиониаш райисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба мавзӯъи неругоҳи мазкур дахл карда, иброз медорад, ки рушди бонизом ва вусъатноки иқтисоди кишварро бе таъмини истиқлолияти энергетикӣ дар ҳама бахшҳо тасаввур кардан ғайримкон аст.

Ширкати Tcell, ки ширкати тамоюлаш иҷтимоист ва бахши иқтисодро дастгирӣ менамояд, дар маросими баҳрабардорӣ ва ба кор даровардани бузургтарин тарҳи гидроэнергетикии Тоҷикистон кӯмак расонд. Дар қаламрави иншооти мазкур истгоҳи мавҷпарокании Тcell насб гардида, барои ҳамаи иштирокчиёни чорабинӣ: намояндагони кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, корпусҳои дипломатӣ ва хабарнигорон иртиботи боэътимодро фароҳам овард.

Ширкати Tcell ба ин муносибат ва иди ҳақиқӣ куллияи сокинони Роғунро табрик гуфта, ба сифати ҳадя дар рӯзи ба кор даромадани чархаи нахустини НБО ба ҳар як муштарӣ 100 Мб Интернет тӯҳфа кард!  

Чанд моҳ қабл бошад, 15 000 сокини Роғун аз имконияти нави технологӣ аз Tcell баҳраманд гардиданд. Tcell аввалин ширкати телекомуникатсионӣ аст, ки дар шаҳри Хоруғ шабакаи 4G-ро роҳандозӣ кард. Муштариёни ширкат аллакай аз имкониятҳои иртиботи 4G бо суръати то 50Mbit/s истифода мекунанд!

«Рушди бомароми иқтисодии корхонаҳо дар шароити феълӣ бе иртиботи боэътимод ва роҳандозии навгониҳои иноватсионӣ номумкин аст. Интернети босуръат дар вазъияти муосири технологӣ шароит муҳайё мекунад, ки сифати истеҳсолот боло равад ва манфиати иқтисодӣ нигоҳ дошта шавад. Маҳз барои ҳамин ҳам, имрӯз дар шаҳри Роғун 4G аз Tcell фаъол аст. Шабакаи устувори энергетикӣ дар саросари кишвар- яке аз ҳадафҳои асосии тиҷорати мо аст. Мо дар ҳамҷоягӣ бо ҳамаи тоҷикистониён аз ба кор даромадани нахустин чархаи неругоҳи бузургтарини Осиёи Миёна- Роғун изҳори хушҳолӣ карда, ба ин рӯзи таърихӣ ва саҳнаи тақдирсоз ҳамагонро табрику муборакбод мегӯем”,- иброз дошт директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.

Кормандони Tcell ҳамчунин Рӯзи Президентро, ки ҳамасола рӯзи 16 ноябр таҷлил мегардад ва имсол он ба санаи ба кор даромадани чархаи аввалин НБО-и Роғун иттифоқ уфтод, ҷашн гирифтанд. Дар ширкат пахши навори мустақими ба фаъолият шурӯъ кардани чархаи неругоҳ намоиш дода шуд. 

Бар пояи тарҳи асосӣ НБО-и Роғун аз 6 чарха (агрегат)-и тавлиди барқ иборат буда, иқтидори истеҳсолии ҳар кадоме аз онҳо ба 600 МВт баробар аст. Тавоноии умумии неругоҳ муодили 3600 МВт буда, ин нишондиҳанда имкон медиҳад, ки НБО-и Роғун дар минтақаи Осиёи Марказӣ бузургтарин тарҳи гидроэнергетикӣ маҳсуб гардад.   

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

smi_tj.png

1631

Ширкати Tcell шабакаи баландсуръати насли чоруми 4G-ро ба Кӯлоб овард!


Шабакаи 4G Кӯлоб



Ширкати Tcell миёни шабакаҳои мобилии кишвар нахустин шуда барои сокинони шаҳри Кӯлоб иртиботи баландсуръати 4G-ро фароҳам овард! Шабакаи 4G аллакай нисфи зиёди шаҳрро фаро гирифта, беш аз 100 000 нафар сокинон имкони пайваст шудан ва истифода аз интернети балансуръатро пайдо намуданд!

Ширкати Tcell, ки дар пешниҳоди хидматрасониҳо ва тасмимгириҳои иноватсионӣ пешоҳанги бозори кишвар мебошад, шабакаи худро дар қаламрави Тоҷикистон тавсеа дода, бозсохту тақвияти шабакаро идома медиҳад. Навсозии навбатии иноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб ба вуқӯъ пайваст- дар ин ҷо пойгоҳи мавҷрасони 4G, ки алоқаи мобилӣ ва трафики интернетро суръат мебахшад, ба фаъолият оғоз кард. Сокинони Кӯлоб аз ин ба баъд метавонанд аз имкониятҳои бузурги шабакаи ҷаҳонӣ: тамошои наворҳои мустақим, филму видеоҳои гуногун, рухдодҳои варзишӣ, бозиҳои онлайн истифода бурда, табодули маводҳои видеоии ҳаҷмашон калонро бо суръати то 50 Мбит/с ба роҳ монанд!

Дар ҳоли ҳозир ширкати Tcell дар аксари манотиқи Тоҷикистон шабакаи ироаи хизматрасонии насли 4G (интернети баландсуръат ва иртибот)-ро роҳандозӣ кардааст.    Шурӯъ аз соли 2014-ум, ки ширкати Tcell ба васли шабакаи 4G дар ҷумҳурӣ оғоз намуд, қариб дар аксари шаҳру манотиқи Тоҷикистон ин намуди хидматрасонии иноватсионӣ дастрас шудааст. Фақат дар чанд моҳи ахир шабакаи 4G дар 3 шаҳр: Данғараи вилояти Хатлон, Роғун (НТМ) ва Хоруғи ВМКБ ба сокинон дастрас шуд. Ба мушкилоти мухталиф нигоҳ накарда, дар манотиқи кӯҳистони кишвар марҳила ба марҳила насбу васли шабакаи 4G аз сӯи ширкати Tcell идома хоҳад ёфт.   

«Агар дар мавриди тавсеаи шабака ҳарф занем, Tcell дар ҳеч шакле пешсафиро аз даст доданӣ нест. Ҳадафи мо- пешниҳод (ироа)-и иртиботи балансифату балансуръат барои тамоми сокинони Тоҷикистон аст. Чанд моҳи ахир мо дар шаҳрҳои Данғараи вилояти Хатлон, Хоруғи ВМКБ ва Роғун шабакаи насли нав- 4G-ро фаъол кардем. Айни ҳол ин хизматрасонӣ бо имконоти васеъ ва сифати олӣ ба сокинон дастрас аст. Мо барои рушди бонизоми ҷомеъа аз имконоти технология ва хизматрасониҳои ҷадид истифода мебарем ва онро тавсеа хоҳем бахшид”,- мегӯяд директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.

Ширкати Tcell барои истифодаи 4G интернет тарофаи зарурии «Даркор»-ро бо ҷадвали вижа пешниҳоди муштариён мекунад. Шартҳои тарофаи нақшавии «Даркор» бо ба ҳисоб гирифтани талаботи корбарони фаъоли интернет коркард шудааст. Масалан, тарофаи маъмули “Даркор 59”, ба истифодабаранда имконият медиҳад, ки бо пардохти ҳамагӣ 59 сомонӣ соҳиби 3000 МБ трафики Интернет, 30 дақиқа занги баромад ба дигар операторон ва иртиботи бемаҳдуд дар дохили шабакаи Тcell давоми як моҳ шавад.     
Таври мисол, 3000 МБ – барои тамошои бе танафуси шабакаи Youtube тӯли 6 соат, 60 соат бозиҳои онлайнӣ (мустақим) ва 35 соати “сайру саёҳат” дар олами маҷозӣ ва истифодаи шабакоти иҷтимоӣ басанда аст. Интернети баландсуръати шабакаи 4G аз Tcell истифодаи интернету иртиботро барои муштариён бо сифати боло кафолат медиҳад!  

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Kulyab_tj.png

1837


Страницы: Пред. 1 ... 34 35 36 37 38 ... 63 След.