Хабарҳо



Tcell барои муштариён боз ҳам роҳаттар мешавад


Ширкати Tcell шабакаи фурӯши чаканаро тавсеа мебахшад. Маркази нави хизматрасонии мушатриёни Tcell дар шаҳри Душанбе бо нишонии кӯчаи Беҳзод 14 (рӯ ба рӯи боғи А.Навоӣ) дари худро боз кард.

Маросими ифтитоҳи марказ бо иштироки Озодхон Давлатшоев, директори генералии Tcell баргузор шуд.

Тарроҳии дафтари ҷадиди ширкат бо усули наву муосир ва роҳкорҳои замонавӣ анҷом ёфта, сабки тозаи тамғаи молӣ, ки инъикосгари хусусияти пешрафтаи Tcell мебошад, ба ҳусну қубҳи марказ афзудааст. Дар ин ҷо барои ҳар як муштарӣ фазои ором, роҳат ва хизматрасонии босифат муҳайё гардидааст.

Дар ин ҷо ва умуман дар марказҳои хизматрасонии ширкати Tcell кормандони ҳирфаии баландихтисос, ки давраи бозомӯзиро гузаштаанд, фаъолият менамоянд. Муштариён метавонанд дар марказҳои мазкур ба ҳама пурсиши худ посух бигиранд, мушкилоти техникии иртиботашонро рафъ созанд, симкорти Тсеll-ро фаъол намоянд ва ё ба тавозунашон маблағ гузаронанд, ба тарофаи писандидаашон пайваст шаванд, барномаи “Тезсум”-ро боргирӣ ва насб намоянд. Ин замима имкон медиҳад, ки дар кӯтоҳтарин фурсат маблағ интиқол бидиҳед ва ё пардохтҳои мухталифро анҷом диҳед.

Ба ғайр аз машварату хизматрасонӣ, дар маркази нави ширкат имкони харидани телефонҳои ҳушманд, роутер, таҷҳизоти гуногуни мобилӣ, армуғону маҳсулоти Tcell вуҷуд дорад.

«Бо ҷорӣ намудани сабк (тамға)-и нав, ширкати Tcell дар назди худ ҳадафҳои бузург мегузорад: татбиқи фанновариҳои ҷадиди технологӣ дар ҳаёти кишвар, ки он Тоҷикистонро ба шабакаи глобалии ҷаҳонӣ пайваста, ҷумҳуриро ба пешрафт ва тараққӣ мебарад. Ва дафтари нав дар Душанбе мутобиқ ба меъёр (стандарт)-ҳои ҷаҳонӣ аст. Дар маркази технологӣ муштариён имкон доранд хизматрасонии босифат, зуд ва қулайро дарёфт намоянд, таҷҳизотҳои наву муосир бихаранд. Таъмини хидматрасонии бароҳат, муносиб ва оҷил барои ширкат муҳимтарин самти фаъолият маҳсуб мегардад»,- мегӯяд директори генералии Tcell Озодхон Давлатшоев.

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

1.JPG

2.JPG

3.JPG

4.JPG

1645

Tcell ва Тайрон барои маркетологҳои тоҷик «Digital Marketing Day» баргузор намуданд


Бо ибтикори ширкати Tcell ва оҷонсии таблиғотии Тайрон дар пойтахти Тоҷикистон «Digital Marketing Day» сурат пазируфт. Мураббиёни ин анҷуман коршиносон дар бахши бозорёбӣ ва диҷитолу тарғибот аз Русия – Роман Пивоваров ва Денис Баталин буданд.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти ширкати Tcell – тавсеаи муҳити рақамӣ (диҷитол) ва татбиқи он дар шабакаи ҷаҳонӣ барои муаррифии гуногунии муҳтавои Тоҷикистон мебошад. Фазо ё худ муҳити Digital дар дунё ҳар як сония рушд мекунад, тағйир меёбад ва бо ин васила барои корбарони рақамӣ (диҷитол) истифодаи навгониҳоро осонтару роҳаттар месозад. Бо тавсеаи муҳити диҷитол Тсеll дар ҳоли анҷоми вазифаи худ аст: татбиқи роҳкору роҳбурдҳои технологиву коммуникатсионӣ дар кишвар, пайвастани Тоҷикистон бо шабакаи ҷаҳонӣ, дастгирии рушди фанновариҳои ҷадид, ки боис ба даст ёфтан ба рушди технологӣ хоҳанд шуд.

Tcell ҳамоиши «Digital Marketing Day»-ро дастгирӣ карда, барои иштирокчиён шароит фароҳам овард, ки аз мураббиёни варзидаву шинохтаи Русия дар бахши бозорёбӣ (маркетинг) ва тарғиб дарс гиранд.

Зарурат ва муҳимияти «Digital Marketing Day» дар он аст, ки дар шароити кунунӣ фазои тиҷорат ва шеваи пешбурди бозори молу маҳсулот зуду босуръат иваз мешавад. Имрӯз бештари муштариён ба сурати мустақим (онлайн) маълумоти заруриро пайгирӣ мекунанд ва шарикони ҳамкори худро ба ин тарз пайдо кардан мехоҳанд. Ва агар ба ин роҳ онҳо маълумоти заруриро дастрас нанамоянд, ба суолҳои худ ҷавоб нагиранд, роҳи дигар, яъне ширкатҳои рақибро интихоб мекунанд, ки барояшон шароиту маълумоти даркориро таъмин менамоянд.

Рӯзи бозорёбии рақамӣ (диҷитол-маркетинг) беш аз 300 иштирокчӣ, шурӯъ аз роҳбарону бунёнгузорони ширкатҳои бузург то кормандони идорӣ, менеҷерҳо, маркетологҳо ва ҷавонони навроҳро, ки дар ин ҷода қадамҳои аввалинро мегузоранд, гирди ҳам овард. Онҳо бо тарзу усул, шева ва равиши фаъолияти муассир дар бахши реклама, диҷитолу бозорёбӣ, тарғибот ва роҳкорҳои навин ошно шуданд.  

Роман Пивоваров ва Денис Баталин, мураббиёни «Digital Marketing Day» – сухангӯёни маъруф аз ширкати ADCONSULT аз шаҳри Маскав буданд. Дар ҳамоиши омехта коршиносони рус иштирокчиёнро бо навгониҳо ва роҳкорҳои навин дар муҳити digital-технология шинос карданд, ки онҳо минбаъд ин дониши худро дар Тоҷикистон татбиқ хоҳанд кард.

Tcell иштирокчиёни ҳамоиш ва коршиносонро бо иртиботи боэътимоду интернети босифат таъмин намуда, барои баргузории анҷуман кӯмак расонд. Қисми бештари форум ба кори амалии иштирокчиён бо интернет бахшида шуда буд, ки зимни он иштирокчиён бо намунаҳои мушаххаси фаъолият дар фазои диҷитол ошноӣ пайдо карданд.

Tcell ҳамчун ширкати инноватсионӣ дар фаъолияти худ фанноварию технологияҳои ҷадидро ворид сохта, мунтазам чорабиниҳоеро, ки марбут ба беҳсозии муҳити технологияи рақамӣ ва тавсеаи он мебошанд, баргузор ва дастгирӣ менамояд.  

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

https://www.tcell.tj/
https://www.facebook.com/tcell.tj/

1.JPG

2.JPG

3.JPG

4.JPG

5.JPG

6.JPG

1362

Мусикихоро биёбед ва чоизахоро бурд намоед - Викторина Меломания!


Дар Викторина Меломания иштирок кунед, холхоро чамъ намоед ва бурд кунед.

  • Чоизаи харруза - 100 сомони
  • Чоизаи хармоха - смартфони махсус

Барои иштирок дар Викторина Меломания зарур аст, ки обунаро ба хизматрасони фаъол намуд.

1. Ба раками кутохи 303 занг зада ( Мусобикаи стандарти) ва аз дастурамали меню истифода бурда, пайваст намудан.
2. USSD-коди *303#-ро барои пайвастшави пахш намудан.

Дар холати бори аввал пайваст намудан, хизматрасони 1 руз РОЙГОН пешниход карда мешавад,  бааъдан 80 дирам дар як руз.

Шумо барои хар як чавоби дуруст сохиби 5 хол мегардед.

Лимити харрузаи бози дар раками 303 Мусобикаи стандарти - 120 дакика дар як руз.

ДИККАТ! Агар шумо хохед, ки пеш аз ракиб бошед ва ракибони худро бигузаред дар Мусобикаи Бонуси иштирок биварзед! Ба раками кутохи 0303 занг занед ва барои хар як чавоби дуруст шумо сохиби 50 хол мегардед! Арзиши занг ба раками 0303 дар як дакика 3 сомониро ташкил медихад.

Барои хомуш кардани обунаи Викторина Меломания зарур аст:

1. Ба раками кутохи 303 занг зада, аз дастурамали меню истифода бурда хизматрасониро хомуш намудан.
2. USSD-коди *303*0#-ро барои хомушкуни, ракамчини намудан.

Муфассал дар сомонаи: https://tcell.unifun.com/
1911

Бо Tcell ба сайру саёҳат, бе фикр кардан дар бораи роуминг!


Ширкати Tcell арзиши хизматрасонии «Роуминги ҳақиқӣ»-ро барои муштариёне, ки ба кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Афғонистону Чин ба сафар мебароянд, коҳиш медиҳад! Нархи ягона ва коҳишёфта барои 1 Мб Интернет дар роуминг барои давлатҳои номбурда ҳамагӣ 50 дирамро ташкил медиҳад!

Ҳар кадоме аз мо, қабл аз ба сафар баромадан дар мавриди иртибот (алоқа) фикр мекунем. Табиист, ки рӯз аз рӯз иртиботи мустақим бо дунёи муосир миёни одамон тавсеа меёбад ва он аз бахшҳои муҳими рушди ҷомеа маҳсуб мешавад. Барои ҳар як одам алоқаи доимӣ бо пайвандону наздикон зарур буда, он ҳангоми сафар боз ҳам бештар аз ҳар вақти дигар эҳсос мегардад.

Мафҳуми «роуминг» дар тафаккур ва дарки бештари муштариён сарфу харҷи зиёдро мефаҳмонад, аммо Tcell қолабҳои кӯҳнаро мешиканад!

Ширкати Tcell дар кишварҳои ҳамсоя – Қазоқистон, Қирғизистон ва Афғонистону Чин арзиши роумингро коҳиш медиҳад! Ҳамакнун, нархи 1 Мб Интернет дар роуминг барои ин кишварҳо ҳамагӣ 50 дирамро ташкил мекунад! Ҳамеша дар иртибот бошед, эҳсосоти худро пинҳон надоред, аз фаъолияти корӣ ва комуникатсия дар канор набошед! “Роуминги ҳақиқӣ” аз Tcell манфиатовар аз ҳар вақти дигар аст!

Бо кӯмаки утоқи инфиродии “Тcell-и ман” («Мой Tcell» (My Tcell) бошад, имкони тафтишу санҷиши масрафот дар реҷаи онлайн вуҷуд дорад.

Пайваст шудан бо хизматрасонии “Роуминги ҳақиқӣ” бо нархҳои коҳишёфта барои кишварҳои Авғонистон, Қирғизистон ва Қазоқистону Чин тавассути фармони *601*1# имконпазир аст.

Арзиши хизматрасонии роуминг аз Tcell барои кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Авғонистону Чин:

  • Зангҳои воридотӣ – 3 сомонӣ/1 дақиқа
  • Зангҳои содиротӣ ба Тоҷикистон – 5 сомонӣ/1 дақиқа
  • Зангҳои содиротӣ аз кишвари иқомат – 4,5 сомонӣ/1 дақиқа
  • SMS (паёмак) – 70 дирам

Барои тафтиш кардани он ки оё хизматрасонии мазкур, яъне роуминг пайваст шудааст, ё не, фармони *601#-ро иҷро кунед. Пас аз ин ба Шумо паёмак бо муҳтавои хизматрасоние, ки пайваст шудааст, ирсол мегардад.

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Roaming_TJ.jpg

1385

Зангҳои байналмилалӣ

Ширкати Тселл ба маълумоти муштариёни худ мерасонад, ки аз 29 марти соли 2019 зангҳои байналмилалӣ тавассути префикси #8 номумкин аст.
Барои зангҳои байналмилалӣ метавонед аз префиксҳои: "+", "810", ва "00" истифода баред.
1356

Tcell ва AKF барои хонандагони ВМКБ дарича ба дунёи технологияҳои иттилоотиро боз менамоянд!

Ширкати Tcell муштаракан бо Бунёди Оғохон (Aga Khan Foundation – AKF) ба татбиқи барномаи мудернсозии макотиби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз намуданд.


Тарҳи мазкур мукаммалсозии барномаҳои таълимӣ дар мактабҳо ва таъмини мадорис бо Интернетро ҳадафи худ қарор дода, ҳамзамон ба ин васила дастрасии хонандагонро бо дастовардҳои муосир дар бахши иттилооту коммуникатсияи омӯзиш таъмин  хоҳад кард. 

Лоиҳаи мудернсозии мактабҳои ВМКБ бо мақсади пайваст кардани даҳҳо таълимгоҳ бо Интернет ва бо ин роҳ беҳтар сохтани ҷараёни таълим, инчунин рушди касбияти омӯзгорон роҳандозӣ мегардад. Ин роҳкор имконият медиҳад, ки муаллимон дараҷаи тахассуси худро мутобиқ бо барномаҳои байналмилалии таълимӣ боло баранд. 

 Ширкати Tcell дар марҳилаи аввали лоиҳа таҷҳизонидани ду синфхонаи компютерӣ дар шаҳри Хоруғ: мактабҳои №2 ва №9 –ро ба анҷом расонда, ҳар ду мактаб бо Интернети баландсуръат пайваст гардиданд. Ҳамакнун, 600 толибилми ин даргоҳҳо имконият доранд, ки бо истифода аз фанновариҳои ҷадид дониши худро мукаммал сохта, савияи омӯзишашонро тақвият бахшанд. Инчунин, 77 омӯзгор аз ин макотиб роҳу усулҳои нави таълимро мувофиқ ба меъёрҳои пазируфтаи байналмилалӣ аз худ менамоянд.  

Дастгирии бахши маориф (омӯзиш ва парвариш) – яке аз ҳадафҳои стратегии ширкати Тcell маҳсуб мегардад. Tcell маъракаҳои марбут ба омӯзишро зиёд баргузор намуда, ҳамчунин чорабинӣ ва тарҳҳои маорифу парваришро дастгирӣ менамояд. Ширкат кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки саводу донишҳои Интернетиро миёни насли наврасу ҷавонон баланд бардорад, тарзи дурусти истифода аз ин шабакаи ҷаҳонӣ, имкониятҳои рушду худшиносиро бо воситаи зарфиятҳои ҷадиди технологӣ боло бардорад.

«Мо дар Tcell бо камоли майл ташаббуси мудернсозии техникии макотиби ВМКБ-ро дастгирӣ намудем. Азбаски минтақаи Бадахшон аз дидгоҳи ҷуғрофӣ дар минтақаи мураккаб қарор дорад, на ҳама вақт талабагон ба Интернету навгониҳои илму техника дастрасӣ пайдо мекунанд. Ногуфта намонад, ки барои омӯзиши хубу ҳаматарафа таъмини макотиб бо Интернет аз масоили меҳварӣ маҳсуб мегардад. Бо дастрас шудани шабакаи ҷаҳонӣ ва шиносоӣ навовариҳои иттилоотӣ омӯзгорону хонандагон ба ҷаҳони наву муосир ворид мешаванд»,- иброз дошт директори генералии Tcell Озодхон Давлатшоев.

«Лоиҳаи мудернсозии макотиби ВМКБ-ро дастгирӣ кардани Tcell аз он дарак медиҳад, ки ин ширкат ба усулҳои роҳбурдӣ ва фаъолияти хеш дар амри татбиқи барномаҳои иҷтимоии кишвар содиқ аст. Кӯмак ба мактабу маориф, аз ҷумла ба мактабҳои миёна барои муаллимон ва хонандагон рӯҳияи наву эҷодкориро ба вуҷуд меорад»,- илова кард роҳбари барномаҳои маорифи Фонди Оғохон Нафиса Гулшаева.  

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

1.JPG

3.JPG
1433

«ТезСум» аз Tcell – ҳамёни шахсии шумо барои пардохтҳои фаврӣ!


Ширкати Tcell дар бораи роҳандозии замимаи «ТезСум» барои пардохтҳои ғайринақдӣ ва интиқоли маблағҳо эълон дошт!


ТезСум- роҳҳали технологӣ аз Тсеll, дорои муҷаввизи Аввалин Бонки Молиявии Хурд.

«ТезСум» - барномаи ройгони мобилӣ буда, мушкилоти ҷустуҷӯи терминалҳои пардохтро ҳал, вақти шуморо аснои пардохтани ҳисобҳо, аз ҷумла, пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ, интернети хонагӣ ва ТВ, ҷаримаҳои ҳаракат дар роҳ ва ғайра сарфа менамояд!

Ба ғайр аз ин, Шумо метавонед корти бонкиатонро ба барнома пайваст карда, тавассути системаи пардохтҳои бонкии “Корти Миллӣ” ҳама гуна пардохтҳоро мустақиман аз кортатон анҷом диҳед. Ҳамчунин, Шумо имкон доред тариқи як корти бонкӣ ба дигар корт маблағҳоро интиқол диҳед.

«Вақте мо ба коркард ва таҳияи барномаи «ТезСум» оғоз кардем, қабл аз ҳама дар бораи роҳатӣ ва осонии кори истифодабарандагон фикр кардем. Дунё аллакай ба давраи диҷитол (рақамӣ) ворид гардида, тиҷорати клоссикии “дар коғаз” дигар муассир нест, барои ҳар як одам вақту дақиқа ғанимат аст, суръат ва самара дар ҷои аввал қарор мегирад: чӣ дар вақти иртибот бо наздикону пайвандон ва чӣ дар ҷараёни кор, инчунин ҳангоми пардохти ҳама гуна маблағҳои пардохтӣ. Tcell тарҳҳои зиёди гузариш ба “диҷитол”-ро амалӣ менамояд. Барои мо муҳим аст, ки муштариёнамон дар Тоҷикистон аз дастовардҳои навтарини технология истифода бурда тавонанд”,- мегӯяд директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.

Замимаи «ТезСум»-ро дар App Store ва Google Play боргирӣ карда метавонд. Барои кор бо барнома фақат пайваст будан бо Интернет басанда аст. Сабти ном (бақайдгирӣ) дар замима тавассути рақами телефон анҷом мепазирад.

Пур кардани ҳамён бо се тарз мумкин аст:

1. Агар Шумо муштарии Tcel бошедl, тавозуни мобилиатон мустақиман (бевосита) ба «ТезСум» пайваст аст. Аз тавозуни телефон бо осонӣ ба тавозуни ҳамёнатон пул гузаронида метавонед.
2. Бо дилхоҳ корти бонкии “Корти Миллӣ” тавозуни ҳамёнро пурра кардан мумкин аст.
3. Ҳамчунин, пур кардани тавозуни барнома тавассути терминалҳо имконпазир аст. Барои осонии кори Шумо дар барнома харитаи ҷойгиршавии марказҳои хизматрасонии Tcell ва терминалҳо нишон дода шудааст, ки дар он ҷойҳо метавонед ҳамёнатонро пурра намоед.

Тариқи барномаи «ТезСум» дар ҳар вақту соат ҳисобҳоро пардохт кардан мумкин аст. Замимаи мазкур хеле содда, осон ва қулай аст, аз ҳама муҳимаш он ҳангоми истифода бехатар аст. «ТезСум» бо рамзи инфиродӣ ҳимоя шуда, онро фақат худи истифодабаранда медонад. Инчунин, тавассути изи ангушт низ ҳимоя шудааст.

Ба ғайр функсияи пардохт корбарон метавонанд ба воситаи ин барнома хароҷоти худро ҳангоми амалиётҳо таҳлил намоянд!

Бо замимаи «ТезСум» аз Tcell барои пардохти ҳисобҳо вақту соати Шумо беҳуда намегузарад!

Маълумоти муфассалро аз ин нишонӣ дарёфт карда метавонед: http://tezsum.tj/

Барномаи нармафзори замимаи мобилии «ТезСум» аз тарафи ширкати аврупоии Wallet Factory таҳия ва сохта шудааст. Wallet Factory ироадиҳандаи хизматрасониҳои мобилии молӣ (Mobile Financial Services Enabler) буда, ба сифати миёнарав байни операторон ва ширкатҳои молӣ (банкҳо, ироадиҳандагони хадамот ва хизматрасониҳои пардохт, инчунин ширкатҳои суғурта) мебошад. Wallet Factory банақшагирӣ, татбиқ ва идораву иҷрои хидматрасониҳои молиявии мобилиро таъмин менамояд.

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

TezSum_Smi_tj.png

1472

Пешоҳанги бозори мухобирот-Tcell бо энержӣ ва сабки тоза вориди бозор гардид.

Tcell, бузургтарин ширкати телекомуникатсионӣ дар Тоҷикистон, сабки наву динамикии худро, ки хусусияти навоварона ва рӯҳияи иноватсионӣ дорад, муаррифӣ кард.

Пештози телекоммуникатсия бо пешниҳоди намо ва ё худ чеҳраи нави зоҳирӣ барои нахустин бор дар тӯли даҳсолаи ахир бузургтарин тағйирот- ивази тамғаи молӣ (ребрендинг)-ро анҷом дод. Тсеll бо ранги шинохташаванда ва бунафши равшан, рамз (логотип)-аш монанд ба “кураи замин”-ро ҳамчун тамғаи наву босифат, мутобиқ ба талаботи муосир дар ҳалли роҳбурдҳои мобилию интернетӣ пешниҳод месозад. Тарроҳии олии логотип аз боз будан ва дастрас будани номи тиҷҷорӣ, инчунин содиқ будан ба мавқеи худ дар айёми таҳаввулоти ҷаҳонии бахши телекоммуникатсия дарак медиҳад.

Сабки аккосии тоза ва графикаи ранга ба ҷавонтарин муштариёни Tcell, ки интизориву суръат ва дарку эътимодашон ба трендҳои байналмилалӣ аст, барои ширкати Tcell ҷиҳати рушди оянда бетаъсир намонд.

Намуди зоҳирии ҷадиди тамғаи молӣ бо дарки майлу рағбатҳои на фақат муштариёни тоҷикистонӣ, балки корбарони алоқаи мобилӣ дар саросари ҷаҳон рӯйи кор омадааст. Шиори «Алоқа барои ҳаёт» аз Tcell, инъикосгари муҳимияти арзишҳои ҳамешагии инсоният буда, нақши зарурии онро бозгӯ мекунад. Муҳим барои ҳар як одам ин аст, ки ӯ хонаводаву пайвандон, дӯстони худро новобаста аз масофа дар паҳлӯи худ эҳсос намояд, дар лаҳзаҳои душвор аз волидайн суханони хуб шунида, худро танҳо эҳсос нанамояд. “Алоқа барои ҳаёт”- ин усули аслии фаъолияти Tcell аст. Ин маҳз ҳамон намуди иртибот аст, ки одамро аз рӯзи таваллуд ҳамроҳӣ карда, тӯли умр бо ӯ аст, ваҳдату якпорчагии дунёро тавассути алоқа ба роҳ мемонад. 

Ширкати Tcell дар саргаҳи алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон қарор дорад. Tcell нахустин ширкати мобилӣ аст, ки дар слолҳои 2000-ум иртиботро бо стандарти GSM ба роҳ монда, тағйироти бузургро дар бозори алоқа ба вуҷуд овард. Шурӯъ аз он давра, яъне 19 сол боз Tcell ба муштариён маҳсулоти гуногунро пешниҳод сохта, хизматрасониҳои беҳтару хубтарро роҳандозӣ менамояд, ба корбарон роҳҳои қулайи истифода аз навгониҳои технологиро ироа менамояд. Ширкат ҳамеша ба ҷамъоварӣ, коркард ва татбиқи анъанаҳои ҷадиди технологӣ, мутобиқгардонии роҳбурдҳо дар бозори мухобироти Тоҷикистон машғул аст. Tcell ба унвони як ширкати ватанӣ ба таъриху фарҳанги миллат арҷ гузошта, муаррифгари арзишҳои маънавӣ аст. Ҳамзамон, бо ин Tcell ҳамқадами вақту замон буда, бо динамикаи замони муосир мутобиқ мегардад. Танзими тамоюлҳои ҷаҳонӣ дар сатҳи маҳаллӣ аз хусусиятҳои хоси инъикоси фаъолияти муосиру замонавӣ, инчунин навоваронаи ширкат дарак медиҳад.   

Ҳамвора ва ба таври ҳамешагӣ сатҳи хизматрасониро боло бурда, Tcell рушди бозори мухобиротиро дар Тоҷикистон тақвият мебахшад, инчунин равобити дӯстонаро ба роҳ мемонад.   Мутобиқ бо арзишҳои саҳҳомдори худ- Фонди Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED), Tcel ҳамеша барои беҳбуд бахшидан ба зиндагии ҳамватанон мусоидат менамояд. Ҳар сол ширкати Tcell тарҳҳои зиёди иҷтимоӣ роҳандозӣ менамояд, инчунин лоиҳаҳои дигарро дар ин самт дастгирӣ ва маблағгузорӣ мекунад. Ин иқдомҳо боиси рушди иқтисодиёт, беҳтар шудани вазъи зиндагии мардум, пешрафти маорифу дигар бахшҳо мусоидат мекунанд.

Бо хизматрасонии зуду муосир ҳар як муштарӣ худро арзишманду шахси боэҳтиром эҳсос менамояд. Tcell ҳамчун пештози бахши корпоративӣ барои муштариён ҳамеша хизматрасониҳои қулай ва муфидро пешниҳод мекунад. Ширкат ба таври густарда роҳкорҳои иноватсиониро омӯхта ба корбарони худ арза медорад, ба таври “оқилона” тиҷорат карданро ба муштариён меомӯзонад.   

Ба қавли Директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев, марҳилаи ҷадиди навгониҳо фаро расидааст. «Мо ба гунаи олӣ аз арзишу анъанаҳо қадрдонӣ мекунем, аммо ин ягона омиле нест, ки муштариён ба мо содиқ мемонанд”,- мегӯяд Давлатшоев.
 «Муштариён барои он Tcell –ро интихоб менамоянду меписанданд, ки мо ҳама корро мекунем, то як қадам дар пеш қарор дошта бошем. Мо ҳамеша аз таҷрибаи ҷаҳонӣ меомӯзем. Ифтихор аз он дорам, ки мо соҳиби сабки наву замонавӣ ҳастем ва он ҳамаи хостаҳои моро мунъакис мекунад».

«Мо аз тағйирот наметарсем», илова кард Давлатшоев. «Тағйир, рушд ва тавсеа- чизҳое ҳастанд, ки мо ҳама рӯза анҷом медиҳем».

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.


TCELL LOGO.png

1395


Страницы: Пред. 1 ... 29 30 31 32 33 ... 62 След.