Хабарҳо

Тоҷикистон Наврӯзро бо Tcell таҷлил менамояд!


Ширкати Tcell сокинони Тоҷикистонро ба фарорасии Наврӯз бо консерт ва шоуи зинда (интерактивӣ) табрик мекунад!


Наврӯз – рамзи шукуфоӣ ва зиндашавии табиат аст, онро сокинони кишвар бесаброна интизор мешаванд. Чун анъана, Tcell ҳар сол дар рӯзҳои иди Наврӯз барои сокинони манотиқи мухталифи ҷумҳурӣ чандин барномаву чорабиниҳои фарҳангӣ созмон медиҳад.

21 марти соли равон мошинҳои махсус, ки бо рангу сабки Tcell ороиш ёфтаанд, ба минтақаҳои кишвар роҳ пеш мегиранд. Онҳо бо худ рамзи баҳор, шодмонӣ ва сурудро мебаранд, зимнан тамошои консерт ва ҳунарнамоии ҳунармандон, инчунин бозиҳои тафреҳӣ низ бо сокинон дар назар аст!

Сокинони Хуҷанд, Турсунзода, Кӯлоб, Бохтар ва Хоруғ Наврӯзро бо Тсеll пешвоз мегиранд! Аснои таҷлили ид Tcell тамошобинонро бо суманак зиёфат дода, дар минтақаҳо ҳунарнамоии овозхонҳо, бозиҳои оилавӣ, шоуи зинда бо тамошобинон, бурди тӯҳфаҳои хотиравӣ баргузор мешавад. Ҳамчунин, дар ин байн пайваст шудани муштариён ба ширкати Tcell имконпазир аст, мутахассисони ширкат омодаи расонидани ҳар гуна кӯмак ва машварат барои сокинон ҳастанд.

Нақлиёти бо рангу сабки Tcell ороишёфтаро пайдо намоед ва Наврӯзро бо мо ҷашн бигиред!

Дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе бошад, дар рӯзҳои истироҳатӣ баргузории шоуи технологии муштараки ширкати Tcell бо «Душанбе Мол» таҳти унвони «T-tech 2019» ба нақша гирифта шудааст. Дар «T-tech 2019» имкони пайдо кардани маълумот дар бораи замимаҳои нави мобилӣ, навгониҳои олами техника ва дастовардҳои ҷадид дар бахши электроникаву мошинсозӣ вуҷуд дорад. Шоуи технологии «T-tech 2019» рӯзҳои 23 ва 24-уми март, соати 15:00 дар таваққуфгоҳи бози маркази тиҷоратии «Душанбе Мол» (Ашан) сурат мепазирад.

Tcell якояки Шуморо бо Наврӯз ва фарорасии баҳори хуҷастапай шодбош мегӯяд! Бигузор, Наврӯз барои Шумо рӯзҳои гарму офтобӣ ва ба ҳамагон комгориву шукуфоиро ба армуғон биёрад!

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Навруз BTL.jpeg

1397

Барномаи “Чӣ Гап”


Муштариёни мӯҳтарам!Ба маълумоти Шумо мерасонем, боргирии барномаи “Чӣ Гап” дар Google Play барои платформаи Android муваққатан дастнораст мебошад.
Шумо метавонед барномаи “Чӣ Гап”-ро тариқи линки зер боргирӣ намоед:

http://www.tcell.tj/tj/internet/barnomahoi-mobili/chi-gap.php
http://chigap.tj/

1436

Шоуи Tcell «T-tech 2019» – кашфиётҳои ҷадид дар олами технология!

Дар рӯзҳои истироҳатии Наврӯз, ширкати Tcell муштаракан бо маркази тиҷоратии «Душанбе Мол» шоуи технологии бузургмиқёси «T-tech 2019»-ро баргузор менамояд! Оё мехоҳед ба технологияҳои навоварона ва муосир робитаи мустақим дошта бошед? Пас, шитобед ба «T-tech 2019» биёед! Ин ҷо шумо бо барномаву замимаҳои мобилӣ, навгониҳои технологӣ ва роҳбурдҳои ҷадид дар бахши электроника ошноӣ пайдо мекунед.

Шоуи технологии «T-tech 2019» рӯзҳои 23 ва 24 март, соати 15:00  дар таваққуфгоҳи бози «Душанбе Мол» (Ашан) оғоз мегардад.

Шоу аз ду қисмат иборат хоҳад буд: технологӣ ва тафреҳӣ (фароғатӣ). Дар бахши технологии чорабинӣ ширкатҳои бузурги Тоҷикистон, ки дар соҳаи фанноварии ҷадид фаъолият менамоянд, дастоварду комёбиҳои худро ба намоиш мегузоранд.   

Ширкати Tcell барои муаррифӣ ва роҳандозии замимаи нави мобилӣ, ки ба ҳар як корбар ёрдамчии ивазнашаванда хоҳад буд, омода аст. Дар шоу Wi-Fi фаъол буда, мушовирон барои боргирӣ, насб ва нишон додани роҳу усули кори замима ба хоҳишмандон кӯмак хоҳанд кард.

Ширкати Samsung муаррифии на фақат телефони ҳушманд, балки смартфони оянда – Galaxy S10 ва телевизори бузурги тамғаи QLED TV-ро дар ин ҷо баргузор менамояд. Намояндагони Самсунг дар бораи функсияҳои фанновариҳои ҷадид нақл мекунанд. Иштирокчиёни шоу имкон доранд, соҳиби бурди навгониҳои технологӣ дар «T-tech 2019» гарданд!

Ширкати Hyundai бошад, якбора ду тамғаи мошини нави тавлидотӣ - Santa Fe ва Tucson 2019-ро ба намоиш мешгузорад.

Olu4a Taxi замимаи фармоиши таксиро муаррифӣ карда, ба онҳое, ки мехоҳанд дар телефонашон ин барномаро насб намоянд, кӯмак мерасонад.

Аввалин Бонки Молиявии Хурд дар мавариди хизматрасонии онлайнии бонк ва “Корти Осон”, шогирдони Dushanbe Makerspace дар бораи ихтирооту дастовардашон ба ҳозирин нақл хоҳанд кард. Кинотеатри «Кайҳон» бо эълонҳо, аммо ширкати PMP Group бо тӯҳфаҳои хотиравӣ табъи иштирокчиёнро болида месозанд. Боз як шарики  «бомазза»-и чорабинӣ – ширкати Coca-Cola Tajikistan аз асрори маъруфияти ин нӯшоба дар саросари олам хоҳад гуфт.

Бо ҳамаи ин шоуи технологӣ ба итмом намерасад: шуморо ғизоҳои болаззат аз тарабхонаву қаҳвахонаҳои маъруф дар қисмати тафреҳӣ интизор аст.

Ширкати «Food Master», ки соҳиби ҳаққи тамғаҳои молии ҷаҳонӣ аст, меҳмононро бо таомҳои болаззат зиёфат медиҳад: ин ҷо бо маззаву тамъи «Southern Fried Chicken Tajikistan», «Лагман Хаус», «Baskin Robbins Tajikistan», «Tea Funny Tajikistan» шинос шудан мумкин аст. Маркази дилхушии бачагонаи «Аладдин» барои атфол барномаи рангоранги фароғатӣ омода ва пешкаш карданист.  

Қисмати мусиқӣ шуморо бо тамомии зебоиҳо ва санъати нотакрор ошно менамояд. Ҳама чиро дар сатҳи олӣ ва муосир пешниҳоди Шумо хоҳем сохт! Технология ва мусиқӣ- фақат ба гунаи олӣ!    Дар  «T-tech 2019» ҳунармандони маъруфу шинохта: Шабнами Сурайё, Нигина Амонқулова, гурӯҳи «Авесто», Мадина Ақназарова, Фирӯз Паллаев, Самандар Пӯлодов, гурӯҳи панҷнафараи «Роҳи Абрешим» ва «Monday Beat» -у гурӯҳи созию овозии «Западний Квартал» ҳунарнамоии хоҳанд кард.

Чиптаҳоро ба  «T-tech 2019» аз ғурфаҳои маркази тиҷоратии «Душанбе Мол» бо нархи 10 сомонӣ барои 1 рӯз дарёфт кардан мумкин аст.

Биёед, аз назари технологӣ хеле ҷолиб хоҳад буд!

Маълумоти муфассал дар бораи ин рӯйдод дар сафҳаҳои расмии ширкат дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷуд аст.

FB: https://www.facebook.com/tcell.tj/
Instagram: https://www.instagram.com/tcell.tj/?hl=ru
OK: https://ok.ru/tcell.tj
VK: https://vk.com/tcell

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

T-tech.png
1463

Тагйиротхо ба арзиши нарххои баъзе самтхои байналмиллали.


Ширкати Tcell ба маълумоти муштариён мерасонад, ки аз 27.03.2019с. ба арзиши нарххои баъзе самтхои байналмиллали тагйиротхо ворид карда мешаванд. Маълумоти муфассалтар оиди тагйротхои нав 27.03.2019с. дар сомонаи ширкат пешниҳод карда мешаванд.
1500

Эълон 17.03.2019

Муштариёни муҳтарам!

Ҷихати иҷрои фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ аз 4 марти соли 2019, № 31 «Дар бораи тарифҳои алоқаи барқӣ», аз 27 марти соли 2019 арзиши хизматрасонии алоқаи мобилӣ, аз ҷумла нархи Интернет тағйир хоҳад ёфт.

Дар мавриди мушаххасоти тағйиротҳо дар тарофаҳои нақшавӣ иловатан маълумот хоҳем дод.

Ҳуҷҷату мушаххасоти бештарро дар пайванди зер пайдо ва тафтиш карда метавонед:

https://cloud.mail.ru/public/HMB8/qoLzDJPHw

Ташаккур барои дарки Шумо

1362

TEDx барои аввалин бор дар Хоруғ бо Tcell!


Дар шаҳри Хоруғ, дар бинои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) барои нахустин бор нишасти сатҳи байналмилалӣ – TEDx, ки аз сӯи донишҷӯёни ин донишгоҳ ташкил шуда буд, баргузор гардид! Ширкати Tcell сарпарасии кулли чорабинии TEDxUCA-ро ба зимма дошт ва барои сухангӯёну ширкатдорони маҳфили мазкур шароити мусоидеро ҷиҳати ибрози андеша пешниҳод сохт.

Мавзӯи баррасишаванда дар TEDxUCA дар шаҳри Хоруғ «Encounters at the Edge» («Бархӯрд дар канор») интихоб шуда буд. Барои рушду пешрафти як шахсияти алоҳида ва ҳам барои комёбии ҷомеъа дар маҷмӯъ зарур аст, ки ҳамвора бо атроф дар набард буд, мубориза бурд ва чизи наверо кашф кард. Панҷ сухангӯ (спикер), ки ҳар кадоме бахши алоҳидаи иноватсияву технологияро намояндагӣ карда, ҳар яке таҷрибаи вижаи худро доштанд, дар ин маҳфил суханронӣ карданд. Онҳо нақл карданд, ки чӣ тавр як одам дар нуқтаи сарнавиштсоз ва марҳилаи ниҳоӣ бояд амал кунад ва дунёро ба чашми дигар бубинад.

Озодхон Давлатшоев, менеҷер бо таҷрибаи ғанӣ дар бахши молия, тиҷорат, мудирияти банақшагирӣ ва идоракунӣ аснои таваккал (риск) дар мавзӯи «Edgy Technology» («Технологияҳои пурранг») суханронӣ кард. Дар баромади худ ӯ қайд кард, ки аудиторияи дунёи фанноварӣ (технология) бо чӣ тарз воқеъияти атрофро дигаргун месозад: дар ояндаи наздик рақобат миёни мардум (одамон) ва ақли сунъӣ ба ҳақиқат табдил хоҳад ёфт. Озодхон ҳамчунин гуфт ва андешаеро исбот кард, ки ҳар як одам ҷузъе аз ҷаҳони бузург аст ва фикри инфиродӣ метавонад андешаи глобалиро шакл бидиҳад. Дар робита ба ин, хеле муҳим аст, ки ҳангоми иртиботот масъулият дошта бошед ва манобеъи интернетро бо дурустӣ истифода кунед.   

Зимнан, дар TEDxUCA дигар сухангӯён аз қабили: Далер Ҷумаев (мудири кулли ширкати «Помир Энерҷи») дар мавзӯи «Қуллаҳои ношинос», Саҳар Иброҳим (мутахассис дар умури равобити Хадамоти Оғохон оид ба маориф– AKES) дар мавзӯи «Орзуҳои барномарезинашуда», Ҳади Хусайнӣ (сарвари Оҷонсии Оғохон Хабитат– АКАН) дар мавзӯи «Аз камбизоатӣ ба шукуфоӣ» ва Фурӯғ Шакармамадова (мутахассис оид ба равобит ва ҷомеъаи Pamir Eco-Cultural Tourism Association – PECTA) дар мавзӯи «Кӯҳҳои имконият» баромад карданд.

Тибқи меъёри расмии TED, ҳар як баромад (суханронӣ) набояд аз 18 дақиқа бештар бошад ва он аз лексия дида ба як саҳнаи монанд ба спектакл шабеҳ аст. Аснои суханронӣ, баромадкунандагон бо эҳсоси ба худ хос дар бораи он ки чӣ онҳоро барои пешрафту дастёбӣ ба комёбиҳо ташвиқ кард, кушоду равшан иброз доштанд. 

TED – бунёди ғайритиҷоратӣ буда, ҳадафи асосии он паҳн кардани идеяҳои мунҳасир ба фард (“Ideas worth spreading”) мебошад. TED — ин Технология (Technology), Саргармӣ (Entertainment) ва Дизайн (Design), се бахши бузургу муҳим мебошанд, ки ба гуфти бунёдгузоронаш, муайян хоҳанд кард, ки оянда чӣ гуна бояд бошад.

Ҳамоиши ҳарсолаи TED беҳтарин спикер (сухангӯён)-ро, ки касбу кори гуногун- адибу сиёсатшинос, навоварон, ҷомеашиносу иқтисодчӣ, бозоршиносу тоҷиронро гирди ҳам оварда, онҳо тавассути пахши ройгон дар шабакаи ҷаҳонии интернет аудиторияи бузургу миллионнафараро аз навгониҳо огаҳ месозанд. Дар баргузории ҳамоишу нишастҳои TED фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ, ширкатҳои мухталиф, шахсиятҳои шинохта нақши муассир доранд.   

Тамошои наворҳои TED тавассути сомонаи расмии https://www.ted.com/ дар Youtube, инчунин Facebook http://www.facebook.com/TED имконпазир аст.

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

1.JPG

2.JPG

3.JPG
1355

Интернети дастрас дар роуминг дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Афғонистон, Кыргызстане и Афғонистон


Tcell дар бораи коҳиши бесобиқаи нархи Интернет дар роуминг барои хизматрасониҳои “Ҳақиқӣ” («Реальный») ва “Сабук” («Легкий») эълон медорад: арзиши 1 Мб ҳамагӣ 50 дирамро ташкил медиҳад!

Барои пайвастшавӣ ба хизматрасонии Ҳақиқӣ” («Реальный») фармони 601*1# ва барои фаъолсозии “Сабук” («Легкий») роуминг 607*1# -ро анҷом диҳед.    

Tcell – боз ҳам муфидтар аз ҳар вақти дигар!

1338

Tcell шабакаи марказҳои хизматрасониро дар Хатлон афзоиш медиҳад


Дар вилояти Хатлон боз ду маркази хизматрасонии муштариёни Tcell дари худро ба рӯи сокинон боз кард. Барои ҳар як муштарӣ иртиботи қавӣ ва боэътимод бо ширкат зарур аст, маҳз ана ҳамин аз маркази хизматрасонӣ оғоз меёбад. Идораҳои нав ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир дар ноҳияҳои Ҳамадонию Фархор ифтитоҳ гардида, муштариёнро аллакай қабул намуданд.

Марказҳои хизматрасонии ширкати Tcell дар маркази ноҳияҳои Фархор ва Ҳамадонӣ ҷойгир шудаанд. Ҳамин тавр, гирифтани машварати мутахассисон, пайваст шудан бо тарофаи дилхоҳи интернет ва соири дигар хизматрасониҳо барои муштариён қулайтару осонтар шуд. Вобаста ба ҷои ҷойгиршавии марказҳои хизматрасонӣ онҳо барои муштариён манфиатоваранд.

Дар марказҳои хизматрасонии Tcell операторони соҳибтаҷриба, ки давраи бозомӯзиро пушти сар намудаанд, фаъолияти муассир доранд. Муштариён дар ин ҷо ҳама гуна машварату хизматрасонӣ: пур кардани тавозуни телефон, пайваст шудан бо интернет, харидани симкорт, насби замимаву барномаҳоро аз қабили Чӣ Гап анҷом дода метавонад.

Марказҳои эксклюзивӣ ва ҷадиди ширкати Tcell-ро дар вилояти Хатлон бо суроғаҳои зерин пайдо кардан мумкин аст:

  • Ноҳияи Ҳамадонӣ, кӯчаи Саъдии Шерозӣ
  • Ноҳияи Фархор, кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ

Мутобиқи стратегияи рушди Tcell талаботи ҳар як муштарӣ дар авлавият қарор дорад. Маҳз аз ин зовия, ширкати Tcell мунтазам шабакаҳои хизматрасониашро тавсеа бахшида, дар ҳоли ҳозир дар ҳама шаҳру навоҳии бузурги кишвар марказҳои замонавӣ дари худро боз кардаанд. Аз дидори якояки Шумо дар марказҳои хизматрасониамон шодем! 

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

IMG_20190216_141839.jpg

IMG_20190216_142606.jpg
1428

Интернети Бемаҳдуд ва Ҳақиқӣ аз Tcell – дар телефонҳои ҳушманди шумо!

Ширкати Tcell дар бораи роҳандозии опсияи нав- “Интернети Бемаҳдуд” эълон менамояд. Ҳамакнун, муштариёни тарофаҳои нақшавии  Даркор 99, 159 ва 199 метавонанд аз ҳамаи имкониятҳои “Интернети Бемаҳдуд” бемаҳдудият истифода баранд! Опсия трафики бемаҳдудеро ҳангоми ҷустуҷӯи иттилои даркорӣ, таҳсилу кор  ва албатта аснои муоширати беохир бароятон пешниҳод месозад!

Барои ширкати  Tcell дар авлавияти фаъолият- ниёзу хоҳишҳои муштариёнаш қарор дорад. Яке аз дархостҳои асосӣ ва талаботи муштариён дар нисбати оператор роҳандозии интернети мобилии бемаҳдуд (бе трафик) мебошад. Вобаста ба майлу хоҳиши муштариён, ширкати Tcell опсияи нав- “Интернети Бемаҳдуд”-ро  роҳандозӣ кард.

Опсия барои истифодабарандагони тарофаҳои Даркор 99, 159 ва 199 дастрас аст. «Интернети Бемаҳдуд»-ро тавассути фармони *290*8# пайваст кардан мумкин аст. Пас аз тамомшавии бастаи асосии трафик, муштариён имкони яти истифода аз Интернети баландсифат бо суръати 256 кб/с-ро доранд!

Бо опсияи «Интернети Бемаҳдуд» шуморо зарур намеояд, ки бақияи трафикатонро санҷед ва ё онро доимо таҳти назорат дошта бошед. Трафики бемаҳдуд ба шумо имкон медиҳад, ки 24 соат дар шабонарӯз (ба таври доимӣ) дар иртибот бошед ва аз ҳамаи зарфиятҳои шабакаи ҷаҳонии Интернет истифода баред.

Арзиши пайвастшавӣ- 20 сомонӣ аст. Опсияро ҳангоми фаъол будани тарофаҳои нақшавии Даркор 99, 159 ва 199 пайваст кардан мумкин аст.

Маълумоти муфассалро дар мавриди “Интернети Бемаҳдуд”, мутобиқати он бо тарофаҳои истифодабаранда ва опсияҳои муштарӣ бо воситаи тамос ба рақами кӯтоҳи 290, ё аз сомонаи расмии ширкат: www.tcell.tj дарёфт карда метавонед.    

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Darkor.png

1619

Бо Tcell дар IT Мактаби Бозаргонӣ ширкат намуда ғолиб шавед ва сармоя бигиред!

Tcell ҳамчун ширкати телекомуникатсионӣ дар баргузории нахустин ҳамоиши омодасозии бонувони тоҷир (бизнес-инкубатор) шарик шуда, ин чорабиниро дастгирӣ менамояд. BITS (Business IT School) – ин IT Мактаби Бозаргонӣ буда, иштирокчиён аз беҳтарин мураббиён дарси маҳорат мегиранд, тарҳҳои тиҷории худро пешниҳод менамоянд ва беҳтарини онҳо имкони дарёфти маблағгузориро ба лоиҳаҳои аввалияашон дарёфт менамоянд.

Қабули дархостҳо барои ширкат дар Мактаби BITS то 8 март идома хоҳад ёфт. Муаллифони 20 тарҳи беҳтарин барои таълим дар Мактаб пазируфта мешаванд. Шитобед, то дер намонед! Қабули дархостҳо бо нишонии: https://bit.ly/2IDHr49 давом дорад.

Ҳадафи асосии IT Мактаб (BITS) – баланд бардоштани зарфияти бонувону духтарон дар рушди соҳибкорӣ аст. Барнома-ҳамоиши  таълимӣ дар Мактаб 10 рӯзро фаро гирифта, тайи ин муддат иштирокчиён аз дарсҳои беҳтарин мураббиёну мушовирон баҳравар мегарданд, ҳамзамон питчинг (муаррифии тарҳу андешаҳо)-и онҳо сурат мепазирад. Дар Мактаб устодоне амсоли Шералӣ Ҷӯрабоев, Баҳриддин Наҷмудинов, Заррина Бобоева, Фаррух Султонов, Фирӯза Мирзоева, Мирзоиброҳим Умаров, Эзел Агаоғлу ба иштирокчиён дарс хоҳанд гуфт. Зимнан, Кети Пиртсхалава, директори бахши маркетинг ва коммуникатсияи Tcell низ дар ҳамоиш ширкат карда, аз таҷрибааш дар ин росто нақл мекунад.

Муаррифии ниҳоӣ дар назди 10 сармоягузор (сарпараст) имконияти дарёфти сармояро барои татбиқи лоиҳаи Шумо фароҳам меорад!   

Меъёри интихоби дархост барои ширкат дар ҳамоиш:

1.      Лоиҳа бояд мундариҷаи навоварона, роҳҳали муосири технологӣ ва IT-ро доро бошад.
2.      Ба тарҳҳое, ки аз ҷониби духтарону бонувон ирсол мегарданд, афзалият дода мешавад (иштироки мардон низ маҳдуд намегардад, натиҷа аз сатҳу сифати дархостҳо вобаста аст).
3.      Лоиҳаҳое, ки муҳтавояшон Smart house, Smart City, Smart Environment (Хонаи ҳушманд, Шаҳри ҳушманд ва Муҳити ҳушманд) мебошанд, бартарият доранд.

Мавзӯи нахустин Мактаби BITS дар Тоҷикистон – «Smart City – Smart Environment» («Шаҳри ҳушманд – Муҳити ҳушманд) мебошад. 

«Шаҳри ҳушманд» - Ин консепсияи ҳамгироии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (ТИК) ва Интернет-ашёҳо (роҳҳалҳои IoT) барои идоракунии моликияти шаҳр мебошад. Мақсади бунёд (ташаккул)-и  "Шаҳри ҳушманд" ин содда кардани идоракунии равандҳои дохилии шаҳр ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ тавассути технология мебошад. "Шаҳри ҳушманд" бояд дастрасӣ ба муҳити тоза, амнияти комили шаҳрвандон, имкони истифода аз манобеи энергетикиро фароҳам оварда, ҳаёти осоиштаву ҳамарӯзаи сокинонро таъмин намояд.   

«Дар ҳоли ҳозир, рушди ҷомеа бевосита бо роҳҳалҳои технологияи инноватсионӣ вобаста мебошад. Фанновариҳои ҷадид, ба монанди M2M, Интернет-ашёҳо (ёдрасӣ: Интернет-ашёҳо - эҷоди шабакаи объектҳои физикӣ ("предметҳо"), ки бо технологияи муҷаҳҳаз бо якдигар ё бо муҳити беруна) ба осонӣ, ё ба таври худкор бисёр равандҳо ва суръати баланди Интернет дар ин технологияҳо сифати истеҳсолотро баланд мебардоранд. Tcell ҳамчун ширкати технологӣ ҳамеша тарҳҳоеро, ки метавонанд ба рушди соҳибкории технологӣ таъсири мусбат расонида, зиндагии мардуми оддиро беҳтар созанд, дастгирӣ менамояд»,- мегӯяд Директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.

Лоиҳа бо кӯмаки ширкатҳои Tcell, ҶММ «Сифат Иннотех Инвест», Сафорати ИМА дар ҶТ, “Гӯшаҳои амрикоӣ дар Душанбе”, БРСМ, СҒҲ "Маркази рушди сайёҳӣ", Coca Cola, SITI ва ENT амалӣ мешавад.

Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

banner_BITS.png
1473


Страницы: Пред. 1 ... 30 31 32 33 34 ... 62 След.