Ҳаҷи Муқаддас бо алоқа аз Tcell!

Барои ҳамаи мусулмонон вақти Зиёрати Муқаддаси ба Ҷойҳои Муқаддас мерасад. Ин сафар барои зиёраткунандагон хеле муҳим ва таъсирбахш аст. Дар чунин сафар алоқа бо хона - бо наздикон ва дустон дар Ватан - ҳатман лозим аст.

Ширкати Tcell чун анъана зиёраткунандагонро, ки ба Ҳачи Муқаддас равонанд, дастгирӣ мекунад. Минбаъд маблағҳои зиёд ё зангҳои гаронро дар роуминг сарф намудан лозим нест! Дар ҳудуди Арабистони Саудӣ зангҳоро ҳамагӣ бо нархи 60 дирам қабул намоед!

Ҳар чизе барои ин зарур аст - сим-корти Tcell-ро бо худ бигиред ва дар он ҷо ба оператори мобилии маҳаллии Mobily пайваст шавед. Агар телефон ба таври автоматикӣ ба шабакаи Mobily пайваст нашавад, дар созишҳои телефон ин шабакаро ба осонӣ ба таври дастӣ интихоб кардан мумкин аст. Вобаста ба модели телефони Шумо оператори мобилии Mobily бо чунин тарз инъикос ёфта метавонад: «KSA 03», «420 – 03», «Etihad Etisalat», «Mobily».

Пешниҳоди махсуси ширкати Tcell аз 29 август дастрас аст.

Ҳамаи зангҳои даромад, дақ. Зангҳои баромад ба Тоҷикистон 
+992 [рамзи оператор] [рақами муштарӣ], дақ.
Зангҳои баромад ба Арабистони Саудӣ 
+966 [рамзи оператор] [рақами муштарӣ], дақ.

Зангҳои баромад ба давлатҳои дигар,      дақ. 

СМС
Интернет, МБ*
0,60 сом. 4,49 сом. 3,36 сом. 4,49 сом. 0,50 сом. 4.50сом.
*фақат барои муштариёне, ки префикси 93, 50, 77 доранд, дастрас аст.

Иловаи муҳим: бо нархи муфиди муошират дар роуминг, назорат намоед, ки дар муддати бошиши Шумо дар АС ҳисоби Шумо кофӣ бошад. Ҳисобро бо чунин тарзҳо пур намудан мумкин аст:

  • Пешпардохт намудан: имкон медиҳад, ки дар муддати бошиши худ дар роуминг дар алоқа бошед. 

  • Бо картаҳои экспресс-пардохт, ки оҳоро пеш аз сафар харидорӣ намуда лозим аст.

  • Бо пардохти нақд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  • Ба воситаи хизматрасонии «Top Up» аз «Агроинвестбонк».

Инчунин дар роуминг Шумо метавонед ройгон аз хизматрасонии «Ба ман занг зан» истифода баред. Ин хизматрасонӣ имкон медиҳад, ки ба муштариёни Tcell хабарро бо хоҳиши ба Шумо занг задан ирсол намоед. Барои ин дар телефони худ *505*992[рамзи оператор][рақами муштарӣ]# - ро гирифтан лоззим аст.

Дар роуминг занг ба хадамоти маълумотдиҳии ширкати Tcell пулакӣ аст ва ҳамчун занги содиротӣ ба Тоҷикистон мувофиқи тарофаи шабакаи интихобшуда ҳисоб карда мешавад.

Ширкати Tcell ба ҳамаи зиёраткунандагон роҳи сафед ва анҷоми хуши Ҳаҷро хоҳон аст!  

hajj3.jpg

3466

Бозгашт ба рӯйхат