Кабули дархостхо ба «Чоизаи музикавии Боб».

12.01.2017

Маркази фархангии «Бактрия» кабули дархостхоро ба иштирок дар «Чоизаи мусикавии Боб»-идома дода истодааст. Дар доираи лоихаи мазкур, мусикачиени чавони аз синни 16 то 25 сола имконият доранд, ки эчодиети мусикавии худро, дар равияхои гуногуни он (дар формати видео), ба сомонаи www.bobsmusicaward.tj чойгир кунанд.

Боб Леверингтон вазифаи сардори бахши рушди байналмиллалии Бритониеи Кабирро дар Осиеи Миена ба ухда дошт, ки аз соли гузашта узви чудонашавандаи чомеаи донорхои байналмиллали аст. Аммо афсус, ки Боб дар байни мо нест. Дар тули фаъолияти худ, Боб мухлиси калони мусикии точики гашт ва ба эчодкорони чавон то хадди имкон ери медод, то истеъдоди худро дарк намоянд ва нишон диханд.

Ба хотираи фаъолияти Боб Леверингтон, дустон ва хамкорони у карор доданд, то лоихаи мазкурро ба рох монанд ва хадафи онхо дастгирии эчодкорони чавони Точикистон аст, ки равияхои гуногуни мусикиро муаррифи мекунанд. Хадафи дигари лоиха, тарики эчодкорони чавони Точикистон, оламиенро бо фарханги точик шинос намудан аст. Ба фикри ташкилотчиени ин чорабини, лоиха имкони рушди мусикиро дар бар мегирад.

Кабули дархостхо ба озмуни «Чоизаи мусикавии Боб» аз 1 декабри соли 2016 шуруъ гардида до охири мохи феврали соли 2017 давом хохад ефт. Чавонони аз синни 16 то 25 сола, ки икомати доимии Точикистонро доранд, навори худро, ки на зиеда аз 5 дакика аст, дар сомони озмун метавонанд чойгир кунанд. Матни сурудхо, бояд аз тарафи иштирокчиени озмун эчод карда шуда ба ягон эчодкори дигар тааллук надошта ва е аз тарафи санъаткори дигар ичро нашуда бошанд. Баъдан ин эчодиети иштирокчиени озмунро мутахассисони соха барраси намуда ва ба табъи чомеа хоханд расонид.

Мохи марти соли 2017, иштирокчиени интихобшуда ба Душанбе даъват мегарданд ва ба полуфинали озмун ройхат хоханд гирифт. Иштирокчиени дар полуфинал интихобшуда дар финали озмун эчодиети худро нишон хоханд дод. Голибони озмун бо тухфахои пули мукофотонида мешаванд. Аз тарафи дигар, голибони озмун метавонанд эчодкории худро тарики дастгирии продюсерхо, ки дар озмун иштирок хоханд кард, давом диханд.

Ширкати Tcell, дастгирии техникии ин озмунро ба ухда дорад. Тамоми маълумотро дар бораи озмун шумо метавонед бо як занг ба шумораи 1414 гиред. Зиеда аз ин ба муштариени Tcell чойгир намудани навори худ дар сомонаи дар боло зикршуда тамоман ройгон аст. Дар тамоми марказхои хизматрасонии Чумхури, кормандони Tcell  оиди иштирок дар озмун ба хохишмандон маълумоти мушаххас хоханд дод.

Мо тамоми хохишмандон ва эчодкоронро дар Точикистон даъват менамоем, ки дар озмун иштирок карда ва ба сабти наворхои худ шуруъ намоянд.

Poster_Tcell_tj.jpg


Возврат к списку