Tcell барои иртибот бо наздикон тарофаи нақшавии «Чӣ Гап 30»- ро пешниҳод менамояд!

Оператори навовар ва пешсафи кишвар – ширкати Tcell аз роҳандозии тарофаи нақшавии "Чӣ Гап 30" барои муошират бо онҳое, ки азиз ҳастанд, эълон медорад. Бартарии асосии тарофаи мазкур – дар хориҷи Тоҷикистон низ фаъол боқӣ мондани бастаи дақиқаҳо мебошад!

Тарофаи нақшавии «Чӣ Гап 30» дорои 100 мегабайт бастаи интернет ва бастаи 300 дақиқа мебошад, ки онҳоро тавассути замимаи мобилии "Чӣ Гап" низ истифода бурдан мумкин аст.  Зангҳо аз барномаи «Чӣ Гап» ба «Чӣ Гап» дар ин ҳол комилан ройгон мебошанд.

Пардохти муштарӣ барои тарофа– 30 сомонӣ дар як моҳ.

Пайвастшавӣ бо фармони *500*7#.

Тcell ҳамеша аз талабот ва хостаҳои муштариён огоҳ буда, аз онҳо истиқбол менамояд. Ширкат муҳимияти иртибот бо наздикону пайвандонро дарк мекунад, алалхусус вақте ки онҳо дар хориҷа қарор дошта бошанд. Маҳз барои ҳамин ширкат тарофаву опсияҳоеро коркарду роҳандозӣ менамояд, ки новобаста аз дурии масофа одамонро боз ҳам ба ҳамдигар наздиктар месозанд.

Тафсилоти бештар дар бораи тарофаи нақшавии «Чи Гап»: https://www.tcell.tj/new-tariffs/chigap-30.php
1210

Бозгашт ба рӯйхат