Ҳамватанони муҳтарам,

Ҳамватанони муҳтарам,

Тавре ки шумо хабар доред, сар задани касалии COVID-19 дар кишвар тасдиқ гардид. Бинобар ин, аз шумо қатъиян хоҳиш менамоем, ки аз чораҳои бехатарии иҷтимоӣ пайравӣ намоед. Аз ҷумла:

Макони ҳозираи истиқомати худро тарк накунед. Дар хотир дошта бошед, ки COVID-19 ба таври хеле босуръат паҳн мегардад ва бисёре аз одамон метавонанд интиқолдиҳандаи ин вирус бошанд. Агар шумо дар давоми паҳншавии шадиди беморӣ аз як минтақа ба минтақаи дигар сафар кунед, шумо на танҳо хавфи сироят шудан аз дигаронро хоҳед дошт, балки ба интиқолдиҳандаи он дар минтақа низ табдил мешавед.

Малакати мо тамоми чораҳои пешгирии паҳн шудани ин вирусро андешида истодааст, вале пешгирии пурраи он танҳо вақте мумкин хоҳад шуд, агар тамоми чораҳои зарурӣ ба таври қатъӣ риоя шаванд. Риоя накардани қоидаҳо метавонад на танҳо дар муассисаҳои тиббӣ мушкилотро ба вуҷуд орад, балки ба иқтисодиёт низ зарари ҷиддӣ расонад.

Мо, инчунин, аз Шумо хоҳиш менамоем, ки барои пешгирии паҳншавии ин маризӣ, муваққатан аз даъват кардани дӯстон ва хешовандон аз минтақаҳо ва ноҳияҳои дигар, худдорӣ намоед.

Агар зарурати ба сафар баромадан пеш ояд, пас масъалаи худинзивоъ (самоизолятсия) дар ҷои нави истиқомат ба муҳлати на камтар аз ду ҳафта бояд ҳатман риоя шавад, то худ ва дигаронро муҳофизт карда тавонед.

1.05.2020.jpg


27131

Бозгашт ба рӯйхат