Tcell ба маъмултарин опсияҳои Интернетӣ тахфиф эълон менамояд!

26.09.2020

Оператори  пешсаф ва навовари кишвар –ширкати Tcell ба муштариён тавсия мекунад, ки аз пешниҳодоти муфиду қулай истифода баранд: опсияҳои G3000, G5000 ва G10000-ро бо тахфифи 50% пайваст намоянд!

Нархҳо барои опсияҳои мазкур 2 маротиба арзон шудаанд, яъне муштариён метавонанд 2 маротиба бештар трафики Интернет дарёфт кунанд. Масалан, опсияи G5000, ки 5000 Мб Интернет дорад, ба ҷои 100,92 сомонӣ акнун ҳамагӣ 50,46 сомонӣ барои як моҳ арзиш хоҳад дошт!

Рӯз аз рӯз талаботи муштариён меафзояд: зарур аст, ки онҳо ҳамеша бо пайвандону наздикон ва ҳамкорон иртибот дошта бошанд, аз навигариҳо огаҳӣ пайдо кунанд,  ба таври онлайн дарс хонанду кор кунанд, маводро боргирӣ намоянд, филму наворҳои калонҳаҷмро тамошо кунанд. Тахфифи 50% ба Интернет опсияҳои G –беҳтарин василаи идеалӣ барои истифодаи Интернет ва ду баробар бештар муошират кардан бо онҳоест, ки бароятон азиз мебошанд.

Оператори пешсаф ва навовари кишвар – Tcell дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ дар мадди аввал ба хоставу ниёзҳо ва талаботи муштариён таваҷҷӯҳ мекунад. Маҳз барои ҳамин, ҷадвали тарофаҳо ва опсияҳои Интернетӣ коркард шуда, ба талаботи муосир мутобиқ мешаванд ва муштариён аз ин пешниҳоду тахфифҳо метавонанд роҳат истифода баранд.

Возврат к списку