Нашр
Хабарҳо

FAQ

25.04.2019
Оё рост аст, ки қарори тағйири нархҳо бекор гардид?



Муштарии муҳтарам! Дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати милли - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарори афзоиши нархи интернет бекор гардид. Мувофиқи фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз 23 апрели соли 2019  № 54, фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ №31 аз 4 марти соли 2019 “Дар бораи тарифҳои алоқаи барқӣ” аз эътибор соқит дониста шуд.


Оё тарофаи қаблии маро бармегардонанд (ҳатто тарофаҳои куҳнашударо) ва кай?
Бале, муштарии муҳтарам! Ба тарофаи қаблӣ, ки то 18.04.2019 аз он истифода мебурдед, бо шарту шароити пешина баргардонида мешавед. Ҳамаи муштариён бо тартиб ва навбат дар муддати 3-4 рӯз ба тарофаҳои қаблӣ гузаронида мешаванд.


Оё пардохти муштарӣ, ки барои тарофаи нақшавии “Салом 1” буд, баргардонида мешавад ва кай?
Ҳа, муштарии муҳтарам! Баргардонидани пардохти муштарӣ (25 сомонӣ) ба тавозуни Шумо дар давоми 10 рӯз дар назар дошта шудааст.


Ба бастаҳои солона, ки дар давоми моҳи апрели соли 2019 пайваст карда буданд, чӣ мешавад?
Мо ба Шумо тавсия медиҳем, ки истифодаи “Бастаи солона”-ро идома диҳед.
Агар Шумо намехоҳед, ки дигар Бастаи солонаро истифода баред, пас зарур аст, ки барои бозпас гирифтани маблағ муроҷиат намоед. Маблағ ба тавозуни телефони Шумо бо назардошти масрафоти трафики интернет гузаронида мешавад (агар аз 10% бештар трафики интернетро истифода бурда бошед, маблағ баргардонида намешавад).


Акнун тарофаи ман дар “Бастаи солона” чӣ мешавад?
Шумо ба тарофаи қаблӣ, ки то 18.04.2019 истифода мебурдед, бо шартҳои пешинаи хизматрасонӣ баргардонида мешавед.


Ба тарофаи “Салом 1” чӣ мешавад?
Тарофаи “Салом 1” баста мешавад.


Оё ман метавонам бастаи интернетӣ ва хизматрасониҳоро пайваст намоям?
Ҳамаи опсияҳои интернетӣ/баста ва хизматрасониҳо барои фаъолсозӣ дастрас мебошанд.


Ба ТН “Next» чӣ мешавад?
Тарофаи нақшавии “Next» мисли пештара фаъол хоҳад буд.


Оё нархи зангҳо тавассути замимаи “Чӣ Гап” тағйир меёбанд, ё мисли пештара боқӣ мемонанд?
Ҳамаи нархҳо барои истифодаи зангҳои “Чӣ гап” мисли пешина мешаванд. Аз “Чӣ гап” ба “Чӣ гап”- ройгон, дар дохили шабака – 0,10 сомонӣ, ба дигар операторони мобилии ҶТ- 0,20 сомонӣ.


Арзиши зангҳо ба самти байналмилалӣ чӣ хел мешаванд?
Ҳамаи нархҳо ба самти байналмилалӣ чун пештара, мутобиқи тарифҳои стандартӣ  боқӣ хоҳанд монд.


Возврат к списку