Федератсияи велосипедронҳои Тоҷикистон аккредитатсияи давлатӣ гирифт!

23.11.2020

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода аснои як ҷаласаи расмӣ ба раиси Федератсияи велосипедронии ҶТ Озодхон Давлатшоев ботантана аккредитатсияи давлатиро супорид.

Зимнан, ҷонибҳо дар ин ҳамоиш созишнома дар бораи ҳамкорӣ ва фаъолияти муштарак дар татбиқи сиёсати давлатии бахши тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистонро ба имзо расониданд.

 Озодхон Давлатшоев дар мавриди дастоварду комёбиҳои Федератсияи велосипедронӣ дар соли 2020 ва нақшаҳо барои соли 2021 ибрози назар кард.  Федератсия ба нақша гирифтааст, ки варзишгарони дастаи мунтахаби Тоҷикистонро аз рӯи ин намуди варзиш омода намуда, мураббиён ва доваронро барои такмили ихтисосашон фаро бигирад.

 Озодхон Давлатшоев ва Абдулло Раҳмонова инчунин дурнамои рушди дучархаронӣ: ифтитоҳи сексияҳои велосипедронӣ дар минтақаҳо, дастгирӣ ва рушди дучархасаворӣ дар кӯҳ ва бунёди зерсохторҳои заруриро баррасӣ карданд.

Ба қавли Абдулло Раҳмонзода, варзиш дар Тоҷикистон яке аз бахшҳои авлавиятноки сиёсати иҷтимоӣ мебошад. Дар ҳоли ҳозир, аз ҳарвақта дида бештар рушд додани варзиш муҳим аст, зеро он тобоварии ҷисмониро беҳтар ва системаи иммуниро мустаҳкам мекунад, ки ин ҳангоми бемории ҳамагир (пандемия) хеле муҳим аст.

Сарпарасти асосии Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон оператори пешсаф ва навовари кишвар – ширкати Tcell мебошад. Озодхон Давлатшоев, ки ҳамзамон директори генералии Tcell мебошад, борҳо таъкид кардааст, ки яке аз афзалиятҳои умдаву аслии фаъолияти иҷтимоии Tcell таблиғи арзишҳои тарзи ҳаёти солим ва дастгирии чорабиниҳои варзишӣ мебошад.

1.JPG

2.JPG

3.JPG

Возврат к списку