Тақдими ҷоизаҳо аз Tcell ба ғолибони қуръакашии ниҳоии иқдоми бузургмиқёси «Бурд намо-2020»

15.01.2021

Имрӯз дар дафтарҳои ширкати Tcell дар Душанбе ва Хуҷанд маросимҳои ботантанаи эҳдои ҷоизаҳо ба ғолибони иқдом баргузор шуд.

Ғолибоне, ки дар бозии ниҳоӣ ва асосии аксия "бахти худро ба даст оварданд" муштариён аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар мебошанд. Ҳамин тавр, мошинҳои Hyundai Accent-ро Ҷалолов Ахмадҷон аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Қодиров Алишер аз шаҳри Истаравшан, Шарофов Истам аз Панҷакент, Исманова Нигора аз Бобоҷон Ғафуров ва автомобилҳои Hyundai Tucson-ро Салоҳиддин Комилов аз Деваштич ва Муҳаммад Ғозиев аз шаҳри Бохтар бурд карданд.

Сарвари кулли ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев аснои тақдими ҷоизаҳои асосӣ дар Душанбе шахсан иштирок карда, калиди мошинҳоро ба ғолибон тақдим кард. «Ширкати Tcell 20-солагии худро таҷлил менамояд: 20 сол боз ширкат ба тоҷикистониён технологияҳои муосирро пешниҳод карда, рушди бахши телекоммуникатсионии кишварро метезонад. Ба ифтихори ин ҷашн мо наметавонистем, ки муштариёни худро қадрдонӣ накунем, зеро маҳз инҳо моро интихоб кардаанд, бо мо ҳастанд ва дар рушду нумӯъи ширкат кӯмак менамоянд. Иқдоми «Бурд намо 2020» воқеан ҳам миқёси бузург- саросари кишварро фаро гирифт: мо чун анъана ба муштариёни ғолиб тӯҳфаҳаи арзишманд ва албатта мошинҳоро  тақдим доштем. Ташаккур, аз Шумо, ки бо мо ҳастед, моро интихоб намудаед ва ба мо бовар доред”,- иброз кард,  Озодхон Давлатшоев.

Иқдом аз 1 октябри соли 2020 то 1 январи соли 2021 идома ёфта, қуръакашии ниҳоии ҷоизаҳо рӯзи 3 январи соли  2021 баргузор шуд. Ғолибон тавассути генератори рақамҳои тасодуфӣ муайян гардида, қуръакашии ниҳоӣ мустақиман дар телевизионҳои “Сафина” ва ТВ “Суғд” намоиш дода шуданд. Дар қуръакашии ҳарҳафтаина тӯҳфаҳо аз қабили ноутбукҳо, гӯшиҳои ҳушманд (iPhone), Smart TV ва ғайра тақдим гардиданд.

Барои иштирок дар иқдом муштариро зарур буд, ки ба рақами кӯтоҳи 707 занг занад ва ё фармони *707# -ро иҷро намояд.  Пас аз ин, ба муштарӣ ID- рақами вижа (уникалӣ) ирсол мешуд, ки баъдан дар қуръакашӣ иштирок менамуд. Навгонии «Бурд намо» дар соли 2020 – ҳангоми гирифтани ҳар як ID-рақам, муштарӣ 20 Мб Интернет трафики ройгон дарёфт менамуд!

Тайи муддати идомаи иқдом 12 маротиба қуръакашии миёнадаврӣ (ҳар ҳафта) баргузор шуда, зимнан ба муштариён смартфону ноутбукҳо, тевлевизору бастаҳои интернетӣ тақдим гардид. Ҳамаи ин қуръакашиҳо тавассути ТВ “Суғд” ва “Сафина” намоиш дода шуданд.

1.jpg

3.jpg

4.jpg

5.jpg

Возврат к списку