Мо нахустин ва ягона гурӯҳи роҳбари таҳиягарони GDG дар Тоҷикистон шудем

Тими ширкати Tcell аввалин гурӯҳи роҳбари таҳиягарони Google дар Тоҷикистон гардид. Дар асоси натиҷаҳои дархости пешниҳодшуда, даста аз ҳама имтиҳонҳо гузашт ва ҳоло ният дорад, ки беҳтарин ҷомеаи рақамиро дар кишвари мо эҷод кунад.

Ҳадафи асосии лоиҳа табодули таҷриба бо дигар иштирокчиён, ёрӣ дар оғози умур ва нишон додани самти дуруст дар ростои татбиқу бунёди ҷомеаи рақамӣ мебошад. Tcell ва Googl нақша доранд, ки таҳиягарон(барномасозон)-и Тоҷикистонро дар доираи ҷомеаи воҳиди рақамӣ барои рушди маҳсулоти диҷитол дар кишвар гирд оваранд ва ба ҳар як таҳиягар мураббӣ-роҳнамо  пешниҳод кунанд, ки ҳамеша онҳоро дастгирӣ намояд, иштибоҳҳоро ислоҳ созад ва ҳамроҳ бо таҳиягарон аз дастоварди онҳо шод гардад.

"Барои мо муҳим аст, ки дар фаъолияти худ зеҳни сунъӣ (ҳуши сунъӣ)-ро ворид намоем. Дар оянда мо тасмим дорем, ки нишасту анҷуманҳо ва чорабиниҳоро бо иштироки гурӯҳи таҳиягарон оид ба зеҳни сунъӣ, омӯзишу ёдгирии таҷҳизотҳо, рушди хизматрасониҳои рақамӣ ва инчунин коршиносони Google аз дигар кишварҳоро роҳандозӣ намоем. Ин иқдом сатҳи дониши таҳиягаронро бамаротиб боло бурда, ба тавсеаи хизматрасонии рақамӣ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард», - қайд намуд Озодхон Давлатшоев, директори генералии ширкати Tcell.

Ёдовар мешавем, ки Тсееl моҳи июли соли 2022 ёддошти тафоҳумро дар бораи шомил шудан ба Шӯрои зеҳни сунъӣ дар назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон имзо кард. Марҳилаи рушди фаъоли тарҳи мазкур дастоварди тими таҳиягарони ширкати Tcell дар бахши ҳамкории муштарак бо ширкати Google арзёбӣ мегардад.

Шумо метавонед узви даста бошед. Барои фаҳмидани ин ба нишонии зер ворид шавед: (https://gdg.community.dev/gdg-dushanbe/)
1538

Бозгашт ба рӯйхат