Нашр
Хабарҳо

TezNet аз Tcell – Интернети баландсуръат дар хонаи Шумо!

21.10.2020 Оператори пешсаф ва навовари кишвар, ширкати Tcell бренди нав– TezNet-ро дар бозори иртибототи Тоҷикистон муаррифӣ мекунад.

TezNet аз Tcell – ин Интернети баландсуръати хонагӣ бо истифода аз технологияи GPON мебошад.Бо пайравӣ аз принсипҳои навоварӣ ва фанноварии ҷадид, Тcell бренди TezNet -ро дар Тоҷикистон муаррифӣ кард. TezNet иртиботро тавассути технологияи GPON, муосиртарин технологияи дастрасии симӣ ба Интернет, ки дар Тоҷикистон фақат Tcell аз он истифода мебарад, таъмин менамояд.

GPON (Gigabit Passive Optic Network) –фанноварии дар ҳоли тавсеа буда, хадамоти дастрасӣ ба Интернетро бо сифати баланди кафолатнок тавассути нах (сим)-и ягонаи оптикӣ ироа менамояд. Ин фанноварӣ (технология) кашидани ноқил ба манзил ё хонаи муштарӣ, ба истиснои ҳама гуна таҷҳизоти фаъол дар роҳро дар бар мегирад. Тафовути аслии он аз дигар намуди технологияи пайвасти хадамоти иртиботӣ- суръати баланди интиқоли маълумот аст.

Афзалиятҳои асосии технологияи GPON:

  • Суръат

GPON ҳатто дар шабакае, ки дар як вақт якчанд дастгоҳ (таҷҳизот) пайваст карда мешавад, суръати баландро таъмин мекунад. GPON канали симметриро фароҳам меорад: пайвастшавии вурудӣ ва хурӯҷӣ дар ин технология баробаранд. Ин маънои онро дорад, ки Шумо метавонед додаҳо (маълумот)-ро якхела қабул ва интиқол диҳед

  • Эътимоднокӣ

Шабака аз дахолат ҳифз карда шудааст: роутерҳои Wi-Fi-и ҳамсояҳо, мавҷҳои радио, халалрасонҳои электромагнитӣ, телефонҳо ва омилҳои дигар ба суръат ва самаранокии технология таъсир намерасонанд. Дар технологияи мазкур “меъмории ғайрифаъол”-ро истифода мебаранд: дар масир (бахш)-и АТС то муштарӣ ягон таҷҳизоти фаъол мавҷуд нест, ки вайрон шавад. Иртиботи бидуни дахолат ва бе коҳиш ёфтани суръат ҳатто дар лаҳзаҳои вазнину шулуғи боргирӣ кафолат дода мешавад.

  • Роҳатӣ

Ба утоқ танҳо як сим оварда мешавад. Ҳангоми васли GPON модеми Wi-Fi пешниҳод мегардад. Ба он ҳама намуди таҷҳизот: смартфонҳо, ноутбукҳо, компютерҳо ва планшетҳоро пайваст кардан мумкин аст. Шумо дар дохили хона аз шабакаи Wi-Fi истифода бурда метавонед. Ғайр аз ин, технологияи GPON барои бунёди "хонаи ҳушманд" заминаҳоро фароҳам меорад: тавассути модем имкони пайваст кардани дигар хизматрасониҳо— Интернет, телевизион, телефон, занги ҳимоя ва назорати видеоӣ мавҷуд мебошад.   

  • Сарфакорӣ

Технологияи GPON аз ҷиҳати истифодаи энергия муфид аст. Ғайр аз он, TezNet якчанд тарифҳо барои пайвастшавиро пешниҳод мекунад, ки бо суръати пайвастшавӣ аз дигарон фарқ менамоянд. Нархҳоро аз нишонии зер дарёфт карда метавонед: http://www.teznet.tj

  • Бехатарӣ

Ҳамаи додаҳо (маълумот) таҳти ҳифозат қарор доранд, пайваст кардани дастгоҳҳои бегона ба сигнале, ки тавассути нахи оптикӣ интиқол дода мешавад, душвор аст.

Дар шароити муосир барои ҳар яки мо эътимоднокӣ, устуворӣ ва имконияти ҳамеша пайваст будан бо Интернети баландсуръат дар хона яке аз ҷанбаҳои асосии ҳаёти маҳсуб меёбад. Интернети хонагӣ воситаи муошират, манбаъи вақтхушӣ, ёрдамчӣ дар раванди таҳсилу омӯзиш, кор, алоқа ва рушд барои ҳар як аъзои оила мебошад.

TezNet ба ҳар як хона Интернети баландсуръат ва бонизомро меорад! Дар ҳоли ҳозир ин тарҳ дар Хуҷанд ва Душанбе амалӣ мешавад. Шабака аллакай дар қисмати ғарбии шаҳри Душанбе- дар  маҳаллаҳои 82 ва 91 ва дар шаҳри Хуҷанд- дар кӯчаи Раҳим Ҷалил, инчунин маҳаллаҳои 18 ва 19. Шумо низ ба Интернети баландсуръати TezNet пайваст шавед! Барои шиносоӣ бо тарифҳо, ироаи дархост ва пайвастшавӣ ба TezNet ба суроғаи мазкур муроҷиат намоед:  http://www.teznet.tj

Возврат к списку