«Tcell» ва «Рахш такси» дар мавриди ҳамшарикии стратегӣ ба тавофуқ расиданд.

Ширкатҳо ба созиш расиданд, ки имкониятҳои сармоягузории худро муштаракан барои рушди инноватсия, ҳифзи муҳити зист ва татбиқи дигар лоиҳаҳо истифода кунанд.

Аз ҷумла, дар ростои тарҳҳои муҳитзистӣ - вуруди электромобилҳо ва коркарди партовҳои пластикӣ тавофуқоти дуҷониба ҳосил гардид.

«Бо афзоиши талаботи ҷаҳонӣ ба автомобилҳои барқӣ, ширкати «Рахш такси» ин равандро дар Тоҷикистон рушд хоҳад дод. Электромобилҳо ба мо дар ростои ҳифзи муҳити зист ва танзиму сарфаи сӯзишворӣ дар мамлакат кӯмак мерасонанд», иброз дошт Таҳмина Саминова, директори генералии ширкати «Рахш такси».
 – «Дар ҳошияи ин фаъолмандӣ, мо бо қаноатмандӣ бо пешсафи соҳа, ширкати Tcell ҳамкорӣ менамоем. Чунин ҳамкории муштарак ҷиҳати татбиқи роҳҳалҳои навоварона дар пешбурди фаъолияти тиҷоратии ширкати мо мусоидат мекунад. Мо аз он изҳори хушнудӣ менамоем, ки ҳамкори  «Tcell» ҳастем ва ба тавсеаи муносиботи дуҷониба дар оянда эътимод дорем".

Барои «Tcell» муҳим аст, ки роҳҳалҳои навоварона зиндагии сокинони кишварро беҳтар созанд. Дар ҳоли ҳозир, «Рахш такси» аз хизматрасониҳои садоӣ ва интернети ширкати «Tcell» барои фаъолияти лоҷистикӣ ва кори бонизоми хизматрасонӣ барои муштариёни худ васеъ истифода менамояд.

«Тавофуқоти имзошуда аз як тараф ҷанбаи технологӣ дорад ва аз паҳлӯи дигар - инъикосгари шавқмандӣ барои ҳифзи муҳити зист мебошад. Фикр мекунам, талошҳои дуҷонибаи ширкатҳои мо барои чунин ҳамкорӣ дар оянда самараи нек дошта, барои ояндагон зарфияти хуберо бозгӯ аст. Ман итминон дорам, ки лоиҳаҳои муштарак, ки дар асоси созишномаи тасвибшуда роҳандозӣ мегарданд, барои ояндаи кишвар нақши муҳим хоҳанд бозид", қайд кард, Ойбек Турақулов, директори тиҷоратии  ширкати «Tcell».

1355

Бозгашт ба рӯйхат