Иқдоми "Стипендияи бунафши 2015"

Донишҷӯёни мӯҳтарам!
Бо каломи майл оиди оғози мавсими нави иқдоми «Стипендияи бунафшранг 2015», ки ба миқдори зиёди донишҷӯён маъқул шудааст, хабар медиҳем! 

Иқдоми «Стипендияи бунафшранг» аллакай дар муддати 4 сол гузаронида шуда истодааст ва дар байни донишҷӯёни мактабҳои олӣ шӯҳрат пайдо кардааст. Дар ин муддат дар иқдом бештар аз 14 ҳазор донишҷӯён иштирок намуданд!

Иқдоми «Стипендияи бунафшранг» - барномаи ҳавасмандкунандаи ширкати Tcell барои донишҷӯёни болаёқат аст. «Ояндаи ту барои мо аҳамият дорад!» - шиори лоиҳаи «Стипендияи бунафшранг» аст, ки таввасути он ширкат ба ташаккули мутахассисони болаёқати ояндаи ҷумҳурӣ саҳми худро мегузорад!

Дар соли 2015 ширкати Tcell қарор дод, ки барои иштирокчиёни лоиҳа ҳаҷми бастаи тӯҳфаро зиёд мегардонад! Акнун дар муддати гузаронидани иқдом ҳар як донишҷӯ бо 1800 дақиқа дар дохили шабака, 1800 СМС ба ҳамаи самтҳо ва 900 Мб Интернети мобилӣ мукофотонида мешавад!

Дар доираи лоиҳа, дар натиҷаи бомуваффақият супоридани имтиҳонҳо, ба донишҷӯ ду бастаи тӯҳфавӣ бо 900 дақиқа дар дохили шабака, 900 СМС ба ҳамаи самтҳо ва 450 Мб Интернети мобилӣ дода мешавад. Ҳамагӣ, дар муддати гузаронидани иқдом «Стипендияи бунафшранги 2015» ба донишҷӯи бодаёқат 1800 дақиқа дар дохили шабака, 1800 СМС ба ҳамаи самтҳо ва 900 Мб дода мешавад.

Гирифтани бастаҳои тӯҳфавӣ, мувофиқи сессияҳои зимистона ва тобистона, ба ду давр тақсим карда мешавад:
  • Давраи якум, бо ҷамъбасти сессияи зимистона, аз моҳи апрели с.2015 то охири моҳи маи с 2015.
  • Давраи дуюм, бо ҷамъбасти сессияи тобистона, аз моҳи июни с. 2015 то охири моҳи декабри с. 2015.

  • Донишҷӯе, ки сессияро бо баҳои «4» ва «5» анҷом медиҳад, бо дафтарчаи имтиҳоноти худ ҳангоми гузаронидани давраҳои 1 ва 2 ба Марказҳои хизматрасонии муштариён дар шаҳри Душанбе ва намояндагиҳои минтақавии ширкат дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМБК бояд муроҷиат намояд. Баъд аз пур кардани бланки бақайдгирии иштирокчӣ, дар доираи иқдом бастаи мукофоти аввал дода мешавад:

Агар донишҷӯ муштарии Тселл набошад, ӯ баста тӯҳфавиро дар чунин намуд мегирад: 
Пайвастшавии ройгон бо пешпардохти минималии 1 сомонӣ. 900 дақиқа трафики овозӣ дар дохили шабака, 900 СМС ба ҳамаи самтҳо ва 450 Мб, ки онҳо дар муддати 3 моҳ бо ҳаҷми 300 дақиқа дар дохили шабака, 300 СМС ба ҳамаи самтҳо ва 150 Мб ҳармоҳа дода мешаванд.

Агар донишҷӯ муштарии Тселл бошад, ӯ чунин бастаро мегирад:
900 дақиқаи трафики овозӣ дар дохили шабака, 900 СМС ба ҳамаи самтҳо  ва 450 Мб, ки онҳо дар муддати 3 моҳ чун 300 дақиқа дар дохили шабака, 300 СМС ба ҳамаи самтҳо ва 150 Мб ҳармоҳо дода мешаванд.  

Шарти ҷудонашавадаи истифодабарии бастаи мукофотӣ дар он аст, ки муштариён набояд ягон дақиқаҳои бонусӣ дошта бошад. Ин иқдом фақат ба Prepaid тарофаҳо паҳн мешавад.
3337

Бозгашт ба рӯйхат