Tcell барои баргузории конфронси байналмилалии тиббӣ иртиботи боэътимод пешниҳод кард!

Аз 23 то 25 апрел Анҷумани XI-уми пизишкони саратоншинос ва радиологҳои кишварҳои ИДМ ва Авру Осиё– чорабиние, ки дар он мутахассисони тиб аз 30 мамлакат иштирок доштанд, баргузор шуд. Имсол, бо сабаби хатароти эпидемияи фарогир (пандемия)-и ҷаҳонӣ баргузории Анҷуман ба сурати оддӣ ва ҳузурии коршиносон номумкин гардида, нахустин бор ҳамоиши табибони соҳа ба таври онлайн боистифода аз фанновари ҳоиҷадид тавассути Интернет ҷараёнгирифт.

Ширкати Tcell ба коршиносони аршади "Маркази саратоншиносӣ"-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ долони иртиботи маҷозӣ (канали алоқа) ҷудо кард, китариқи он табибон, ҷарроҳон ва мутахассисони тибби тоҷик бо 3000 ҳамтоёни худ аз Русия ва гӯшаву канори олам мулоқот анҷомдоданд.

Таҷрибаи баргузории Анҷумани онлайнии табибон дар кишваримо бори нахуства дар платформаи камназири технологӣ сурат гирифт.  Бо дастгирии Tcell, табибони тоҷик боҳамкорони худ аз давлатҳои мухталиф иртибот барқарор карда, суханронӣ намуданд ва табодули таҷриба карданд.

Ба пахши онлайнии Анҷуман мутахассисон аз дилхоҳ гӯшаи олам пайваст шуда метавонистанд. Иштирокчиён байни ҳамдигар саволуҷавоб карда, маслиҳату машваратҳоро дар паёмрасонҳо низ матраҳнамуданд. Дар шароити феълӣ баргузорнамудани чунин чорабиниҳо бо имконоти наву ҳаматарафаайн имуддаост, зеро ин гуна ҳа моишҳои илмӣ теъдоди зиёди коршиносонро фарогирифта, зимни он, роҳҳалибархе аз мушкилот ҷустуҷӯ ва пайдомешавад.

Tcell ҳамчун бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар назди худ ҳадаф гузоштааст, ки бо мақсади пешниҳоди ҷадидтарин дастовардҳои фанноварӣ ва иноватсионӣ ба сокинониТоҷикистон саҳмгузошта, дар таъмини рушди ҷомеъ нақши муассир хоҳад гузошт.

1.JPG

2.JPG

3.JPG

4.JPG

1238

Бозгашт ба рӯйхат