Минтақаи фарогирии 4G аз Tcell васеътар мешавад!

24.08.2015 Ширкати Tcell минтақаи фарогирии шабакаи 4G LTE васеътар мегардонад: минбаъд сокинони шаҳри Турсунзода метавонанд ба Интернети баландсуръат дастрас шаванд! 

Шабакаи 4G аз Tcell беш аз як сол кор мекунад ва то ин дам ҳудуди шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Чкаловск, Қайроққум ва Б. Ғафуровро фаро мегирифт. Акнун ба ин шабака боз як шаҳри дигар дохил шуд – Турсунзода. 

Технологияи LTE дар байни истифодабарандагони Интернети мобилӣ дар тамоми ҷаҳон рӯз то рӯз маъмултар мешавад. Истифодабарандагон аз стандартҳои насли дуюм ва сеюм ба 4G мегузаранд ва суръати зиёдтаре мегиранд. 4G-шабакаҳо (ё LTE) – интернети мобилиест, ки суръаташ аз суръати 3G 5 баробар зиёд аст. Ин шабака аз интернети ноқилӣ ва ё  Wi-Fi тафовут надорад: саҳифаҳо, файлҳо, мусиқӣ, видео, бозиҳо ва гузоришҳо дар муддати сонияҳо кушода ва сабт мешаванд. 

Дар айни ҳол ширкат ба муштариён барои интихоб чор амуди дастгоҳҳо, ки дар стандарти 4G кор мекунанд, пешкаш менамояд. Дар мағозаҳои Tоjset муштариён метавонанд смартфонҳо ва планшетҳое, ки дар 4G кор мекунанд, харидорӣ намоянд ва соҳиби бонусҳои иловагӣ да намуди бастаҳои дақиқаҳо ва МБ аз ширати Tcell шаванд. Махсус барои истифодабарандагони шабакаи 4G ду намуди тарофа пешниҳод шудааст: «Интернет 4G» ва «4G Белимит». Аз шабакаи 4G истифода бурда, имконоти худро бемаҳдуд кардан мумкин аст: онлайн муошират намудан, филмҳо тамошо кардан ва мусиқӣ гӯш кардан. Муфассалтар дар бораи пешниҳодҳо ва тарофаҳои 4G дар сомонаи расмии ширкат маълумот ёфтан мумкин аст: www.tcell.tj 

Ширкати Tcell ин шабакаи замонавиро боз ҳам паҳнтар карданист. Дар нақша – фарогирии тамоми кишвар бо шабакаи 4G. Дар рӯзҳои наздик 4G дар дигар шаҳрҳои калони Тоҷикистон пайдо мешавад.

Tursunzade.jpg

Возврат к списку