Шабакаи Tcell дар Суғд таҷдид ёфт!

Шабакаи оператори навовар ва пешсафи кишвар – ширкати Tcell, дар вилояти Суғд лоиҳаи бузургмиқёси таҷдиди шабакаашро идома медиҳад. Дар чорчӯби ин тарҳ, дар саросари минтақаи мазкур 48 пойгоҳи базавии стандарти  4G и 3G такмил ёфта, 5  пойгоҳи ҷадид насб шуд.

Шабакаи Tcell дар калонтарин нуқтаҳои аҳолинишини вилояти Суғд ҳамвора таҷдид ва такмил мешавад. Талаботи аҳолӣ ба хизматрасониҳои рақамӣ (диҷитол) меафзояд ва аз ин рӯ Tcell раванди беҳтар кардани сатҳу сифати алоқаро идома медиҳад. Ҳамин тавр, дар Хуҷанд, Б. Ғафуров ва ноҳияи Мастчо 5 пойгоҳи наву муосири стандарти 2G/3G ва 2G/3G/4G ба истифода дода шуданд.

Дар маркази вилояти Суғд - шаҳри Хуҷанд, 14 истгоҳи базавӣ то ба стандарти 4G такмил дода шуданд ва ин ба сокинони шаҳр имкон медиҳад, ки Интернети баландсуръати мобилиро аз Tcell бо фарогирӣ ва кайфияти бештар истифода баранд.

Бо шарофати таҷдиду такмили шабака, дар баъзе маҳаллаҳои аҳолинишин барои нахустин бор алоқаи мобилии стандарти 3G рӯйи кор омад, ки сокинон ба ин васила имкониятҳои нави истифода аз Интернетро пайдо намуданд. Ҳамин тариқ, алоқаи 3G дар 9 нуқтаи аҳолинишини ноҳияи Айнӣ ва дар 17 нуқтаи аҳолинишини Панҷакент, Шаҳристон ва Спитамен ба истифода дода шуд.

Ширкат сиёсати бузургмиқёси таҷдиду такмили техникии шабака ва пешниҳоди тарофаҳои муфиду хизматрасониҳоро барои муштариён идома медиҳад. Масалан, тарофаи нақшавии "Даркори нав" бастаҳои калони трафики Интернет барои корбарони фаъоли шабакаро доро мебошад. Тафсилоти бештар: https://www.tcell.tj/new-tariffs/new-darkor.php

Ширкати Tcell, ки дар ростои пешниҳоди роҳҳалҳои навоварона дар Тоҷикистон мақоми пешоҳангро дорад, дар тамоми қаламрави кишвар шабакаи худро рушд ва такмил медиҳад. Дар ҳоли ҳозир, ширкати Tcell- бузургтарин оператори бозори мухобироти кишвар, яке аз васеътарин манотиқи пӯшиши шабакаи 4G-ро соҳиб аст.
1358

Бозгашт ба рӯйхат