Тафсилоти хароҷотро дар "Tcell-и Ман" дархост ва боргирӣ намоед!

"Tcell-и Ман"- ин маркази хизматрасонии шахсии Шумост, ки яке аз бартариҳои он фармоиш додани тафсилот ва ё худ ҷузъиёти хароҷот мебошад. Ҳамин тавр, Шумо метавонед, шаффофияти ҳисоб (масрафот)-и маблағро аз суратҳисобатон пурра назорат намоед! Хизматрасонии дархости тафсилоти хароҷот комилан ройгон аст. 

Тафсилот - ин рӯйхати пурраи амалҳоест, ки муштарӣ аз рақами мушаххас дар вақти муайян иҷро мекунад, инчунин арзиши онҳо.

Дар "Tcell-и Ман" имконияти дархости тафсилоти хароҷот барои 7 рӯзи гузашта дар шакли    PDF мавҷуд аст.

Ин барнома барои боргирӣ дар Google Play тариқи суроғаи (https://play.google.com/store/apps/details?id=tj.tcell.odp) ва дар App Store (https://apple.co/2u4nrl1) дастрас буда, ҳамчунин дар утоқи инфиродӣ тавассути пайванди    http://my.tcell.tj ба он ворид шудан мумкин аст.

Барои муштариёни Tcell истифодаи замимаи “Tcell-и Ман”-ройгон!  

Дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ, оператори навовар ва пешсафи бозори мухобироти кишвар- Tcell бо хостаҳо ва ниёзҳои муштариён амал менамояд. Шаффофият ва боз будан - аз аслҳои воқеии фаъолияти Tcell мебошад. Бо кӯмаки хизматрасонии тафсилот ҳар як муштарӣ метавонад мустақилона хароҷоти худро барои алоқаи мобилӣ тафтиш ва назорат кунад.
1380

Бозгашт ба рӯйхат