Tcell шабакаихудро дар ВМКБ тавсеа мебахшад!

Ширкати Tcell маблағ гузориро барои рушду тақвияти шабакааш дар саросари Тоҷикистон идома медиҳад. Марҳилаи навбатии таҷдиду навсозии шабака ба бунёди 6 пойгоҳи стандарти 3G дар ВМКБ: дар навоҳии Шуғнон, Роштқалъа, Рӯшон ва Ишкошим рост омад.

Ҳамагӣ тайи чанд рӯзи ба фаъолият оғоз намудани ин пойгоҳҳо беш аз 700 муштарӣ ба онҳо пайвастшуда, ба шабакаи ҷаҳонии Интернет ва имконоти бемаҳдуди он дастрасӣ пайдо карданд.

Бо шарофати дастрасӣ ба интернети мӯътадил аз Tcell, сокинони ноҳияҳо имазкур, ки дар он ҷойҳо пойгоҳҳои нав насб гардидаанд, ба шабака васл шуда, аз имконоти фарогири Интернет ҳангоми муошират, табодули иттилоот ва омӯзиш дар ҷаҳони глобалӣ бархӯрдор мешаванд.

Бо кӯмаки тарофа ва опсияҳои "Паёмрасонҳои бемаҳдуд" ва "Шабакаҳои иҷтимоии бемаҳдуд" онҳо ҳамеша бо пайвандону наздикон дар иртибот қарор хоҳанд дошт. Тафсилот: https://www.tcell.tj/internet/options-and-services/unlimited-options.php

Ба шароити мушкил ва дурдастии кӯҳистон нигоҳнакарда, ширкати Tcell ба тақвияту такмили шабака дар ин манотиқта ва ҷуҳихос зоҳир менамояд ва барои сокинон имкониятҳои тозаи фанновариро муҳайе месозад. Тсеll ҳамвора барои рушду тавсеаи шабакаи инфрасохтори худ сармоягузорӣ мекунад.
1148

Бозгашт ба рӯйхат