Тибқи "Қоидаҳои нав" -и Tcell мегабайтҳоро тақсим кунед!

Оператори пешсаф ва навовари кишвар – ширкати Tcell татбиқи Қоидаҳои навро идома медиҳад! Акнун Шумо метавонед мегабайтҳои Интернети мобилиро бо наздикони худ ба иштирок гузоред!

«Қоидаҳои нав» - ин лоиҳаи ширкат аст, ки имкониятҳои навро фароҳам меоранд, тавассути ин имкониятҳо Шумо ба наздикону пайвандонатон бештар ғамхорӣ ва таваҷҷӯҳ зоҳир карда, хурсандиву хушҳолиятонро тақсим намоед!

Тавассути фармони *172*1*рақам*трафик# мегабайтҳоро тақсим кардан мумкин аст.

Ҳадди ақали интиқол (гузаронидан) 500 Мб буда, муддати 7 рӯз эътибор дорад. Фармони тафтиши натиҷаи интиқол: *172*2#

Қаблан Tcell "Қоидаҳои нав" -ро муаррифӣ кард, ки дар асоси қоидаҳои он ва дар сурати пардохти саривақтии пардохти муштарӣ, дар нақшаҳои тарофавии маъмул ва серталабот, мегабайтҳои масрафнашудаи интернети мобилӣ дар тӯли як моҳ намесӯзанд - онҳо ба моҳи оянда интиқол дода мешаванд.



2248

Бозгашт ба рӯйхат