Шабакаи марказҳои хизматрасонии Тсеll дар Душанбе меафзоянд!

Тайи як моҳи охир оператори пешсаф ва навовари кишвар- ширкати Tcell дар пойтахт 5 маркази нави технологии хизматрасонии муштариёнро ифтитоҳ кард!

Марказҳои нави хизматрасонӣ дар маҳаллаҳои 102-юм, километри 9-ум, бозори “Саховат”, километри 7-ум ва дар маркази савдои "Садбарг" ҷойгиранд.

Дафтарҳои нав инфрасохтори фарогирии пойтахтро бо шабакаи фурӯши чаканаи ширкат беҳбуд мебахшанд. Пойтахт тавсеа меёбад ва табиист, ки муштариён дар ҳар як минтақа ба хизматрасонии босифат ниёз доранд. Бо шарофати ҷобаҷогузории дурусти марказҳои нави хидматрасонӣ, Tcell барои муштариён боз ҳам қулайтар хоҳад шуд! Ҳоло машваратҳои мутахассисони Tcell, ҳалли ҳама гуна масъалаҳои техникӣ, пайвастшавӣ ё бақайдгирии SIM-кортҳо барои куллияи сокинону меҳмонон дар наздиктарин мавзеъ дастрас мебошанд.

Дар ҳар як дафтари хизматрасонии Tcell муштариён метавонанд ҳама гуна маслиҳатро доир ба алоқаи мобилӣ гирифта, аз тарофаҳои зиёди пешниҳодӣ мақбулро барои худ интихоб намоянд. Дар ин ҷо имкони рафъи кадом як  мушкилоти фаннӣ, пайваст кардани SIM-кортҳои Tcell ва ё аз нав бақайдгирии он, пуркунии тавозун, интихоби хизматрасониҳо вуҷуд дорад.

Ҳамаи оператороне, ки дар дафтарҳои хизматрасонии Тсеll фаъолият доранд, дар ширкат ба муддати тӯлонӣ таҷриба андӯхта, ба муштариён оид ба  масоили марбути иртибот маслиҳат медиҳанд.

Бар пояи дурнамо (стратегия)-и рушди Tcell, ниёз ва талаботҳои ҳар як муштарӣ афзалият доранд. Аз ин рӯ, ширкат шабакаҳои хидматрасонии муштариёнро мунтазам густариш медиҳад. Имрӯз марказҳои наву технологии Tcell дар тамоми шаҳрҳо ва минтақаҳои Тоҷикистон фаъолият дошта, ба муштариён хизматҳои баландро пешниҳод мекунанд ва барои сокинони маҳаллӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам меоранд.

Аз дидани Шумо дар марказҳои хизматрасонии Тсеll хушҳол хоҳем шуд!

1.JPG

2.JPG

3.JPG

1329

Бозгашт ба рӯйхат