Tcell Шуморо ба дунёи қаҳрамонони дӯстдоштаи филмҳои тасвирӣ дар «Портали кӯдакон» даъват менамояд!

Хабари хуш барои корбарони навраси интернет! Портали кӯдаконаи Tcell таҷдид карда шуд ва қаҳрамонони маҳбуб аз силсилаи LEGO, Барби, Маша ва Хирс, Angry birds ва ғайра   дар сомонаи http://kids.tcell.tj кӯдаконро интизоранд!

Портал бештар аз 1000 филму наворҳои тасвирӣ барои кӯдакон, сериалҳои маъмулии аниматсионӣ, афсонаҳои садоӣ, бозиҳои таълимӣ, суруду мусиқиҳоро барои атфол пешниҳод менамояд. Ҳамаи ин дар ҳама гуна дастгоҳҳо бо сифати баланд, дар вақти дилхоҳ ва дар ҳама ҷое, ки минтақаи фарогирии 3G ва 4G аз Tcell мавҷуд аст, дастрас мебошад! Зарурати ташвиш кашидани волидайн вуҷуд надорад, ки дар куҷо ва чӣ тавр кӯдак вақтро дар Интернет мегузаронад: ҳама мӯҳтаво (мундариҷа) тафтиш карда шуда, дорои иҷозатнома мебошанд.

Дар портали кӯдакон сабти ном кунед ва филмҳову мултфилмҳоро дар формати Full HD тамошо кунед, аудиокитобҳо ва афсонаҳоро гӯш кунед, ҳамагӣ 1,2 сомонӣ дар як рӯз бидуни трафики интернет! Фармони пайвастшавӣ * 4006 #.

Истироҳати хуш таманно дорем!
1299

Бозгашт ба рӯйхат