Ширкати Tcell бо муштариёни корпоративии худ чамъомадҳо доир месозад!

15.01.2018

Ширкати Tcell дар бахши корпоративии бозори алоқаи мобилӣ низ пешсаф аст. Аз замони ташаккулёби, ширкат зиёда аз 17 сол инҷониб ба муштариёни корпоративии худ хизматрасонии босифат ва муфидро пешкаш менамояд. Ширкати Tcell муфовофиқи эҳтиёҷ ва ниёзӣ муштарӣ,  хизматрасонии шахсиро ба роҳ мондааст. Ин гуна фаъолият имкон медиҳад, то муносибати муштариву ширкат қавитар гардад.

Дар доираи сиёсати хеш, ширкати Tcell бо муштариёни корпоративӣ, яъне ширкатҳои алохида ҷамъомадҳои муфид мегузаронад, ки дар он бо таҷрибаи худ ва тарзи бурдани тиҷорат ба муштариён маълумот медиҳад. Дар моҳи охир ширкати Tcell ин гуна ҷамъомадҳоро бо муштариён-монанди «Таджеро», «Таджеро Суғд», «Зерновая компания», «Ассоциацияи Кедр», «Реал Трейдинг», «Суғдпластик», «Қолинҳои Қайроқум», «Аҷам Авиа»,  дар Душанбе ва Хуҷанд гузаронид.

Асосоан мавзуи ин гуна чамъомадҳо “Асосҳои презентасия дар фуруш” буд, ки дар он мутахассисон ва роҳбарони бахшҳои фуруши ширкатҳои гуногун иштирок намуданад. Дар муҳити муштарак, иштирокчиён дар бораи услубҳои гуногуни фуруш, методи СПИН – таҳлили эҳтиёҷи муштарӣ ва муаррифии (презентасия) маҳсулот, иттилооти барои фаъолияти хеш муфид ҷамъ намуданд.

Иштирокчиёни ҷамъомадҳо фаъолона дар мавриди таҷрибаи худ ва ғалатҳои ки бояд дар кор бо муштарӣ бояд даст кашид, ибрози ақида намуданд. Машқҳои амалӣ низ гузаронида шуд ва дар ҳар яки он иштирокчиён марҳилаҳои кор бо муштариён ва техникаҳои психологие, ки ба фуруши мувааффақ оварда мерасонад, дида баромаданд. Диққати хоса , ба шарҳҳои манфие, ки муштариён дар бораи маҳсулот ё хизматрасонӣ медиҳанд, дода шуд.

Мувофиқи ақидаҳои муштариён ин гуна ҷамъомадҳо ба онҳо имконият медитҳад, то дар тули фаъолияти худ ин гуна услуб ва методикаҳоро истифода баранд. Чунончи Бахром Валиев, мутахассиси ширкати “Зероновая компания” мегуяд – «Дар охири чамъомад, ҳамагон ба хулоса омадем, ки маълумоте, ки ҷамъ овардем дар кори ҳаррузаамон истифода ҳохем бурд ва ин танҳо ба фоидаи худамон хоҳад буд».

Дар марҳилаи аввали ин ҷамъомадҳо мутахассисони зиёда аз 100 ширкатҳои гуногуни кишвар иштирок намуданд.

IMG_8867-min.jpg

IMG_9101-min.jpg

Фото00061.jpg

Ба забони русӣ

___________

Tcell - бузургтарин ширкати  мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи  Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди  байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ  ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати  иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои  системаи AKDN аст, ки барои беҳтар  намудани имкониятҳо ва шароити  зиндагии халқҳои кишварҳои рӯ  ба тараққӣ тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи  шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин кор мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба  рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ  дар Тоҷикистон аст.


Возврат к списку