Tcell Собиқадорони варзишро бо иди касбиашон табрик кард!

Ширкати пешсафу навовари Тоҷикистон  –  Tcell, муштаракан бо Кумитаи ҷавонон ва  варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон варзишгарони ҳирфаиро бо Рӯзи варзишгарон, ки ҳамасола 10 август таҷлил мешавад, табрик намуд. 

Директори генераалии Tcell Озодхон Давлатшоев шахсан ба табрики варзишгарон омада, онҳоро таҳният гуфт.  «Рӯзи варзишгар – иди миллӣ аст, ки ҳамаи дӯстдорони варзиш, варзишгарони касбӣ ва ҷонибдорони тарзи ҳаёти солимро муттаҳид месозад, яъне ин ид иди ҳамагон аст. Бояд илова намоям, ки ман ба ғайр аз он ки роҳбарии бузургтарин ширкати мухобиротии ватаниро ба зиммаа дорам, ҳамчунин Раиси Федератсияи велосипедронони ҶТ низ мебошам ва аз мушкилоту пешрафти варзиш дар мамлакат хуб огаҳӣ дорам. Барои ман заҳмати шабонарӯзии варзишгарон, мусоидати ҳамешагии масъулин дар пешрафти бахш, дастовардҳо ва дигар паҳлӯҳои соҳа ошно мебошанд.  Аз ин рӯ Tcell, ҳамчун ширкати навовари кишвар фаълона аз тарзи ҳаёти солими шаҳрвандон пуштибонӣ карда, ба рушду нумӯъи бахши варзиши ҷумҳурӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд”. 

Озодхон Давлатшоев ба варзишгарони хизматнишондода ва собиқадор тӯҳфаи хотиравӣ ва соатҳои ҳушманд  (Smart-соатҳо) тақдим кард, ки ин соатҳо барои варзишгарон ҳамчун ёрдамчӣ дар ростои нишон додани тайёрии ҷисмонии онҳо хизмат хоҳанд кард.

Барои Tcell дастгирии варзиш, сарпарастии мусобиқаҳои мухталифи варзишӣ ва варзишгарон аз ҷумлаи масъулиятҳои иҷтимоии ширкат маҳсуб меёбад. Tcell бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дуҷонибаро ба роҳ монда, Лигаи футболи бачагонаро бо шиори «Tcell – Футбол ба назди шумо меояд» сарпарастӣ мекунад. Tcell ҳамчунин дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистонро пуштибонӣ намуда, яке аз сарпарастони аслии Қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни Лигаи олии футболи мамлакат мебошад.

1.JPG

2.JPG

3.JPG

4.JPG

1349

Бозгашт ба рӯйхат