"Tcell – Футбол ба назди Шумо меояд" расман омода аст!

Дар арафаи оғози бозиҳои футбол, Лигаи футболи кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон   «Футбол ба назди шумо меояд» ҷаласа баргузор намуд, ки дар он санаи шурӯъи Лига муайян карда шуд. Имсол Лига таҳти ҳимоят ва сарпарастии расмии Tcell дар тамоми минтақаҳои кишвар рӯзи 7 феврал, соати 10:00 оғоз меёбад.

Ин аллакай ҳаштумин лоиҳаи мавсими бозиҳо аст ва тибқи анъана, оператори пешсафу навовари кишвар - ширкати Tcell сарпарасти асосӣ ва шарики лоиҳа мегардад. Дар мавсими гузашта дар бозиҳои Лига 18600 кӯдакон аз саросари Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Дар мулоқоте, ки таҳти роҳбарии директори Лигаи футболи кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон Увайдо Давлатбеков баргузор гардид, намояндагони Лигаи вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру навоҳии тобеъи марказ ва Душанбе иштирок карданд. Иштирокдорони маҷлис муқаррарот ва навовариҳои лоиҳаи ин мавсимро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар мавсими ҷорӣ, бозиҳои лига аз рӯи се категорияи синну сол дар байни кӯдакони на калонтар аз 7, 9 ва 11-сола сурат пазируфта, иваз кардани бозигарон ҳатмӣ аст, то ҳамаи кӯдакон имконияти якхелаи вақти бозӣ дошта бошанд.

Пас аз нишаст ба масъулини федератсияҳои минтақавии футбол, калтачаҳо, тӯб, тӯри дарвоза ва либос барои ризокорон (ихтиёриён) тақдим карда шуд.

Tcell бо дастгирии Лигаи футболи кӯдакон «Футбол ба назди шумо меояд», ба насли ҷавон ғамхорӣ зоҳир мекунад, зеро маҳз дар айёми хурдсолӣ асос ва заминаҳои ҳаёти солим гузошта мешаванд.

1.JPG

2.JPG

3.JPG

4.JPG

1302

Бозгашт ба рӯйхат