Tcell-и ман

Ширкати Tcell гузориши нави мобилии «Tcell-и ман»-ро пешниҳод менамояд. Минбаъд Шумо метавонед мустақилона хизматрасониҳо ва тарофаҳои худро идора намоед.

flyer_mytcell_ru.png

Гузориш имкон медиҳад, ки муштарӣ ба маълумотҳои шахсии худ (тарофаи ҷорӣ, васлнамоии хизматрасонӣ, ҳолати ҳисоб, муфассалоти зангҳо) дастрас шавад ва зуду оддӣ онлайн хизматрасонӣ ва тарофаҳоро идора намояд. Бо ёрии гузориш Шумо метавонед:

1.Тарофа ва хизматрасоиҳои пешинаи худро фаҳмед
2.Муфассалоти зангҳоро гиред
3.Хизматрасониҳоро васл ё қатъ намоед
4.Мавҷудӣ ва вазъияти хизматрасониҳоро санҷед
5.Ҳолати бастаҳои васлшударо фаҳмед
6.Рӯзномаи амалҳои худро бинед
7.Бо шартҳои ҳамаи хизматрасониҳои мавҷудбуда шинос шавед
8.Аз ахбороти тозаи ширкат хабардор бошед
9.Аз иқдому пешниҳодҳои Tcell хабардор бошед

Минбаъд Шумо метавонед ба мутахассисон муроҷиат накарда, ба маълумоти шахсии худ ба зудӣ дастрас шавед ва онҳоро идора намоед. Гузориш метавонад як қатор хизматҳои консултативӣ, ба мисли хадамоти маълумотдиҳӣ (7070 ва 8080) ва машваратҳоро дар марказҳои хизматрасонӣ иваз намояд.

Агар Шумо дар ҳудуди ҷумҳурӣ бошед, маблағ барои интернет ҳангоми истифодабарии гузориши мобилии "Tcell-и ман" пардохт намешавад, агар Шумо дар роуминг бошед трафики интиқоли маълумотҳо мувофиқи тарофаҳои роумингӣ пардохт мешавад.

Аз гузориш дар платформаҳои Android, iOS, Windows истифода бурдан мумки аст. Барои сабтнамоӣ гузориши “Tcell-и ман” дар Google Play, App Store, Windows Store дастрас аст. Инчунин гузоришро дар сомонаи my.tcell.tj ёфтан мумкин аст.
3647

Бозгашт ба рӯйхат