Tcell ба тарбиятгарони 8 хонаҳои кудакон, хурсандиву суруру нишот тақдим намуд!

Дар доираи масъулияти иҷтимоӣ, ширкати Tcell оиди қабатӽои осебпазири аҳолии Тоҷикистон ғамхорӣ зоӽир менамояд. Дар соли 2018 ширкати Tcell ба 8 муассисаи кӯдакона дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон бо туӽфаӽои хотиравӣ ташриф овард: хонаи кӯдакон, интернатҳо, марказҳои барои кӯдакони имконияташон маҳдуд.

Ӽар як муассиса маҳз бо он чизӽое, ки дар айни замон тарбиятгирандагонаш эӽтиёҷот доштанд, таъмин карда шуд, Дар мактаб - интернати барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои 300 нафар тарбиятгирандагон – дафтар, асбобу ҷиӽози хаттӣ, ҷиӽози варзишӣ туӽфа карда шуд. Кӯдакони хонаи кудаконаи шаҳраки Шуроби ноҳияи Исфара бо сарулибоси зимистона таъмин карда шуданд. 

Аз ӽама кӯдакони хурдсолтаринро Tcell дар Душанбе хабар гирифт, дар Муассисаи махсусгардонидашудаи давлатии хонаи кӯдакони №1.  200 нафар хурдсолони ин макон бо сарулибоси нав ва воситаҳои гигиенӣ таъмин карда шуданд. Барои таълимгирандагони маркази кудакони имконияташон маҳдуди Ховалинг, Tcell гармкункунакӽо туӽфа намуд, то ин ки дар фасли сармои зимистон дар шароити гармӣ зиндагӣ ва таълим намоянд.    

Барои мактаби №1 дар ноҳияи Темурмалик, ки дар он беш аз 1000 кӯдакони ятим ва кӯдакон аз оилиӽои камбизоату оилаҳои нопурра таӽсил мекунанд, Tcell асбобу ҷиӽози мактабӣ аз он ҷумла дафтар, дафтари рассомӣ, қаламӽои ранга, асбобу ҷиӽози хаттӣ харидорӣ намуд. Зиёда аз 200 нафар мактаббачагони мактаби махсуси барои кӯдакони имконияташон маҳдуд, ҳамчунин соҳиби тӯҳфаҳо – молҳои канселярӣ аз Tcell гардиданд. 

Дар Хоруғ, Маркази инкишофи кӯдакони синни томактабӣ, ки аз ҷониби сокинони маӽаллӣ сармоягузорӣ мешавад, ширкат телевизори плазмавии нав барои рушд ва таълими кӯдакони аз руи барномаи томактабӣ туӽфа карда шуд. Барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати ноҳия Рушони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ молҳои канселярӣ туӽфа карда шуд. 

Дар рафти иқдомӽои эҳсонкорӣ, ширкати Tcell ба тамоми манотиқи Тоҷикистон, аз ҷумла, пойтахти кишвар, ноҳияӽои тобеи марказ, Хатлон, Суғд, ВМКБ ташриф овард. Ба зиёда аз 2000 нафар кӯдакон аз муассисаҳои гуногун ширкат кӯмак ва тӯҳфаӽо расонида шуд.

Tcell, ҳамчун ширкати иҷтимоии масъул, мунтазам лоиҳаҳои хайриявӣ мегузаронад. Бо расонидани кӯмак ба қабатӽои осебпазири аҳолӣ, Tcell ғамхории худро нисбати ҷамъияте, ки дар он амал мекунад, зоҳир менамояд. 

2.jpg

3.jpg

4.jpg

1.jpg

5.jpg

6.jpg

Ба забони русӣ

___________________
Tcell – бузургтарин ширкати телекоммуникатсионии Тоҷикистон, ки саҳмдори ягонаи он Фонди Оғохон оид ба рушди иқтисодии (AKFED) мебошад. AKFED – агентии байналмилалӣ оид ба рушд мебошад, ки дар соӽаи сарфарозгардонии соӽибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои устувор фаъолят мекунад.  AKFED яке аз агентиӽои системаи AKDN – шабакаи агентиӽои хусусӣ оид ба рушд, ки ӽадафи беӽгардонии имконият ва шароитӽои зисти мардуми ҷаӽони ру ба тараққӣ мебошад. Агентиӽои AKDN ба хотири манфиатӽои ҷамъиятии ҳамаи шаҳрвандон, новобаста аз миллати онҳо, ҷинс ва дин кор мекунанд. AKDN мақсад дорад, ки дар рушди Тоҷикистони аз ҷиӽати иқтисодӣ фаъол, аз ҷиӽати сиёсӣ устувор, аз ҷиӽати зеҳнӣ гунногунҷабӽа ва аз ҷиӽати фарҳангӣ шинохта саӽмгузор бошад. 


2234

Бозгашт ба рӯйхат