Tcell дастгирии қаҳрамонони ҷавони кишварро идома медиҳад!

Директори генералии оператори пешсаф ва навовари мамлакат, ширкати Tcell - Озодхон Давлатшоев бо Қаҳрамони навраси бадминтон дар Тоҷикистон Омина Охонқадамова вохӯрд ва ӯро бо пирӯзиаш дар сабқат табрик гуфт.

Омина Охонқадамова дар Чемпионати бадминтони Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни варзишгарони то 13-сола (U13), ки аз 12 то 15 ноябр баргузор шуд, ширкат карда, ғолиб омад.

Бадминтон дар Тоҷикистон - намуди варзиши маъмул аст. Федератсияи бадминтони Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш мунтазам чемпионату мусобиқаҳоро баргузор менамоянд.

Tcell варзишгарро дар марҳилаҳои мусобиқа дастгирӣ мекард. Директори генералии ширкат, Озодхон Давлатшоев шахсан Оминаро табрик намуда, ба ӯ дар сабқатҳои минбаъда пирӯзиҳои варзиширо таманно карда, ба қаҳрамони наврас тӯҳфаҳои хотиравии Tcell-ро тақдим дошт.

«Мо дар Tcell аз чунин варзишгарони ҷавону умедбахш ифтихор мекунем. Мо хуб дарк менамоем, ки машқу тамрин, мусобиқа, мағлубияту дастовардҳо барои варзишгарон осон ба даст намеоянд. Варзишгарони муваффақу ғолиб боиси ифтихори Тоҷикистонанд. Tcell истеъдодҳои ҷавону варзишгарони бомаҳоратро ҳамеша пуштибонӣ хоҳад кард», - изҳор дошт, Озодхон Давлатшоев.

Дар ҳоли ҳозир, ширкати Tcell ба таври фаъол дар бахшҳои иҷтимоӣ, амсоли тарзи ҳаёти солим ва муҳити солим нақши муассир дорад. Tcell мунтазам чорабиниҳои гуногуни варзишӣ: велосипедронӣ, футбол, бадминтон ва ғайраро дастгирӣ карда, ҳамзамон дар татбиқи лоиҳаҳои беҳсозии вазъи муҳити зист фаъолона ширкат меварзад.   

Барои Tcell дастгирии чорабиниҳои варзишӣ дар стратегияи масъулияти иҷтимоӣ мавқеи муҳимро ишғол мекунад: Tcell саъй менамояд, ки арзишҳои дурусту ҳақиқиро дар ниҳоди насли наврас ҷойгузин намуда, тарзи ҳаёти солимро тарғиб созад.

1234.jpg

12345.jpg

1206

Бозгашт ба рӯйхат