Tcell – шарики инноватсионии Анҷумани соҳибкорони Корея «Иннотех Инвест Форум»!

Дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Корея таҳти унвони “Иннотех Инвест Форум: саноатикунонӣ ва сиёсати ҷадиди Шимолӣ” идома дорад. индустриализация и новая Северная политика». Дар ҳошияи ин нишаст баргузории як қатор мулоқоту вохӯриҳои тоҷирони ду кишвар, ҳамчунин намояндагони ҳукумат бо вазороту ниҳодҳои марбута дар назар аст.  

Ширкати Tcell ба ҳайси шарики инноватсионӣ дар баргузории Форум баромад карда, дар ташкили он саҳми фаъол гузошт: ироаи алоқаи боэътимод, таъмини интернети босуръат барои меҳмонону иштирокдорон аз ҷумлаи ин ибтикоротанд. Зимнан, дар ҳамоиш муаррифии хатти маши фаъолияти ояндаи ширкат: татбиқ ва рушди насли нави иртиботи 5G сурат пазируфт!

Директори генералии Tcell Озодхон Давлатшоев аснои муаррифии фаъолияти ширкат ва дурнамои рушди он ба самти технология ва навоварии соҳа ишора кард. «Tcell дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ҳамчун навовари технологияҳои мухталиф ва муосир барои рушди ҷомеаи кишвар маҳсуб ёфта, дар анҷом додани ин лоиҳаҳо муваффақ гаштааст. Tcell яке аз аввалин операторони 3G дар минтақа эътироф гардида, ин намуди алоқа (3G)-ро дар қаламрави ОМ ва Тоҷикистон роҳандозӣ кард. Дар соли 2014 ширкати Tcell яке аз аввалин операторони Тоҷикистон буд, ки пахши тиҷоратии шабакаи 4G LTE – ро амалӣ намуд. Ҷорӣ намудани технологияи 5G ба Tcell дар оянда имкон медиҳад, ки заминаҳои нави технологиро барои ҷомеаи тоҷик фароҳам сохта, ҳамкориҳои танготангро бо дигар таҳиягарон ва барномасозони кишвар ва хориҷӣ роҳандозӣ намояд”, қайд кард Озодхон Давлатшоев.

Ҳангоми суханронии худ, Озодхон Давлатшоев афзуд, ки чунин нишасту ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ муҳим буда, роҳкорҳои навро барои доираҳои технологӣ ва тоҷирон фароҳам меорад: маҳз чунин майдонҳо иртиботу алоқаи навро ба вуҷуд оварда, дар маҷмӯъ барои рушди иқтисоди ҷомеа мусоидат менамоянд.

Рушди бахши диҷитол ва инноватсия яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ширкати Tcell маҳсуб ёфта, ба он аҳамияти вижа дода мешавад. Бо такмил ва тақвияту рушди имконоти технологӣ, ширкат саҳми худро дар пешрафти иқтисоди диҷитол (ададӣ) мегузорад.

Вазоифи асосии Анҷумани Тоҷикистону Корея «Иннотех Инвест Форум” ба тавсеаи боз ҳам бештари ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ нигаронида шуда, дар ҳошияи стратегияи ташаббуси «Сиёсати нави Шимолӣ» ва дар чаҳорчӯби саноатикунонии ҶТ амалӣ мешавад. Яке аз мақсадҳои асосӣ (ҳадафи чаҳорум)-и Стратегияи Рушди миллӣ ва сиёсати дурбинонаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣЮ Пешвои миллат, Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон низ ба ҳамин самт равона шудаанд. Ҷалби сармояи Корея, ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба ва рушди иқтисоди миллӣ аз ҳадафҳои дигари ин ҳамоиш маҳсуб меёбад.

Анҷуман аснои ташрифи расмии Нахуствазири Кореяи Ҷанубӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он иштироки беш аз 50 ширкати сармоягузори кореягӣ ва ҳудуди 100 корхонаву ширкати ватанӣ дар назар аст.

Ин ҳамоиш бо ибтикори Сифат Иннотех Инвест сурат пазируфта, масъулини баргузории Форум Ҳукумати ҶТ, Вазорати умури хориҷӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ ва Сафорати Тоҷикистон дар Корея мебошанд.

319A0878.JPG

___________________

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.
1390

Бозгашт ба рӯйхат