Tcell Чемпионати Осиё оид ба бадминтонро дар Душанбе дастгирӣ кард

Ширкати Tcell Чемпионати Осиё оид ба бадминтонро, ки аз 11 то 15 август дар Душанбе сурат гирифт, дастгирӣ кард. Дар чемпионати бадминтон варзишгарони шаш кишвар, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Муғулистон ва Эронро гирдиҳам овард.Зимни чорабинии варзишӣ беш аз 60 варзишгари беҳтарини минтақа дар он ширкат доштанд.

Бадминтон —ин бозӣ бо тӯбчаи пардор аст. Дар ин бозӣ ду нафар (бозии як ба як) ва чор кас (бозии ҷуфт) иштирок карда метавонанд. Майдони ҳамвори бе шамол ҷои баргузории бадминтон аст. Ба ҳисоб гирифтани ҷараёни ҳаракати рақиб (ҳариф) ва вокуниши саривақт ба партофти тӯб аз ҷузъиёти аслии бадминтон аст. Бадминтон ба сегонаи бозиҳои варзишии аз ҳама босуръат (тезҷараён) ва энергияталаб ворид мешавад.

Дар мамлакат барои оммавӣ гардонидани бадминтон сексияҳои нав ифтитоҳ гардида, дарсҳои маҳорат ва давраҳои омӯзишӣ баргузор мешаванд. Ташкилкунандагон барои гузаронидани чемпионати мазкур, ки барои аввалин бор дар Тоҷикистон доир гашт, аз қабл омодагӣ гирифта, ҳанӯз соли 2019 дархост барои дарёфти мақоми мизбони мусобиқаро пешниҳод карда буданд.

Барои Tcell дастгирии варзиш ва тарзи ҳаёти солим муҳим арзёбӣ мегардад.Тcell ҳамчун оператори масъулияти иҷтимоидошта аксари лоиҳаҳоеро, ки ба варзиш ва ҳифзи саломатии миллат нигаронида мешаванд, дастгирӣ менамояд.

Созмондиҳандагон тавонистанд нишон диҳанд, ки бадминтон новобаста аз синну сол ба ҳамаи одамон дастрас мебошад. Дар мавриди рушди бадминтон бошад, Федератсияи бадминтони Тоҷикистон пеш аз ҳама корро бо муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва кӯдакон ба роҳ мемонад. Ҷалби таваҷҷӯҳи варзишгарони оянда, ки аз онҳо дастовардҳои намоёни варзиширо умедвор шудан мумкин аст, ҳамроҳ бо онон пайвандону наздиконашон низ ба бозии бадминтон меоянд, ки аз шавқу ҳаваси аҳолӣ ба ин навъи варзиш дарак медиҳад.
1463

Бозгашт ба рӯйхат